Идома босуръати сохтмони шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ навгониҳоро ворид месозад

Date: 03 December 2015
Тибқи иттилои Грант Робертсон, директори иншооти сохтмонии ДОМ,  сохтмони шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон тибқи нақша моҳи сентябри соли 2017 кушода мешавад.
 
“Мо аз аввал анҷоми марҳилаи аввали сохтмонро дар соли 2018 ба  нақша гирифта будем, вале ҳоло мо мақсад дорем, ки шаҳраки донишҷӯёнро як сол пештар, яъне дар соли 2017 ба истифода диҳем",  гуфт Робертсон дар майдони сохтмон ҳангоми табрики гурӯҳи коргарон барои иҷрои кори  пеш аз мӯҳлат ва  дорои сифати баланд.
 
Намуди Компуси Хоруғ аз боло, ки дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.
 
Шаҳраки донишҷӯёни Хоруғ яке аз се шаҳраки ДОМ мебошад, ки дар минтақа сохта мешаванд. Пас аз пурра ба кор даровардан, ДОМ шаҳракҳои худро дар  шаҳрҳои Хоруғи Тоҷикистон, Норини Ҷумҳурии Қирғизистон ва  Текелии Қазоқистон хоҳад дошт. Қарор аст, ки шаҳраки донишҷӯёни  Норин моҳи сентябри соли 2016  кушода мешавад. Дар шаҳраки Текелӣ айни замон марҳилаи тарҳрезӣ муфассал идома дорад ва дар назар аст, ки он соли 2019 кушода хоҳад шуд.
 
Блоки таълимӣ  компуси Хоруғ, дорои  китобхона, синфхонаҳо,  лабораторияи компютерӣ, ҷойҳои умумӣ донишҷӯён,  ошхона, нуқтаҳои маъмурӣ, нуқтаи қабули факулта, утоқҳои корӣ  ва истиқоматгоҳоро дар бар мегирад.
  
«Мо аз пешравии корҳои сохтмонӣ дар шаҳри Хоруғ хело қаноатмандем. Бо вуҷуди ин хело муҳим аст, ки  Донишгоҳи Осиёи Марказӣ пеш аз кушодани дарҳои худ дар Хоруғ ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва некӯаҳволии ҷамоаҳои ин  минтақа таъсири хеле назаррас мерасонад. Сиёсати таъмин намудани манфиати зиёд ба ҷомеаи маҳаллӣ низ дар рафти сохтмони шаҳраки донишҷӯён дар Норин бомуваффақият  амалӣ гардид, "қайд намуд Шамс Кассим Лакха, Раиси Кумитаи иҷрояи мудирияти  ДОМ.
 
Директори иншооти сохтмонӣ  Грант Робертсон, гурӯҳи коргаронро барои иҷрои кори  пеш аз мӯҳлат ва  сифати баланд табрик менамояд.
 
Кассим Лакха ба навоварии дохилӣ ва стратегияи идоракунии сохтмони ДОМ ишора намуда афзуд, ки ДОМ ҳамаҷониба  кӯшиш менамояд то ҷамоаҳои маҳалӣ аз сармоягузории умумӣ ба маблағи 285 миллион доллар ва таъсиси таҷрибаи беҳтарин марбут ба самаранокӣ ва устувории сохтмон бархурдори манфиат бошанд. Мувофиқи стратегия ДОМ  якчанд пудратчиёнро ҷалб ва идора мекунад, ки ҳар яки онҳо кори  муайянеро ба иҷро мерасонанд. Ин ба ҳар ду ҷониб имкони назорати бештари фаъолиятҳо ва мутаҳаррикӣ  дар таъин намудани пудратчиён имконият фароҳам меорад ва ҳамзамон барои баланд бардоштани рушди иқтисодии маҳал тавассути ҷалби пудратчиён ва таъминкунандагони маҳалӣ мусоидат мекунад. 
 
Тасодуфӣ нест,  ки  ҳайати идоракунии доимии сохтмони Донишгоҳ иборат аз муҳандисон ва роҳбарон пурра аз ҳисоби сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки Хоруғ маркази он аст, мебошад. Қариб 95 фоизи коргарони сохтмон аз ин минтақа мебошанд. Ҳамаи зиёда аз 20 пудратчиён низ аз ин минтақа мебошанд. Ҳатто пудратчиёни берун аз минтақа ҷалбшуда низ ӯҳдадориҳои иқтисодӣ доранд. Барои мисол, пудратчии сохтмони асосӣ Турас (Turas), ки корхонаи муштараки Туркия ва Тоҷикистон мебошад, дар идораи андози Хоруғ ба қайд гирифта шудааст ва ин ба як ё ду пудратчии дигари хориҷӣ, ки дар раванди сохтмон иштирок мекунанд, дахл дорад.
 
“Ман одатан барои кор ба Русия рафта  кӯшиш мекардам, ки аҳли  оилаамро таъмин намоям, вале кори ман бобарор набуд. Тобистони имсола ман ҳамон кореро, ки дар Маскав иҷро мекардам, дар сохтмони ДОМ бо Турас дарёфт кардам. Ман дарк намудам, ки имкон дорам зиндагии худро  дар ин ҷо, дар наздикии хонаам ба роҳ монам. Бори нахустин аст, ки ман оиламро таъмин мекунам ва ҳамарӯза оилаи худро мебинам. Кор дар ДОМ  ҳаёти маро куллан тайғир дод”, мегӯяд Фаридун Худобахшов, устои арматурсоз ва васлгари техникӣ. 
 
Ба ғайр аз пешниҳоди ҷои  кори доимӣ дар раванди сохтмон, ДОМ ба сохтмончиён дастрасӣ ба иншоотҳои ҳифзи иҷтимоии стандарти байналмилалӣ  ва кӯмаки хӯрока мерасонад. Бо як ширкати маҳалии Хоруғ шартнома оид ба таъмин намудани хӯроки ҳаррӯза барои тақрибан 600 нафар  сохтмончиён баста шудааст.
 
« ДОМ бо шароити хуб ва таҷҳизоти муосир ва сифати баланд, ғизои дастрасу бо сифат ва тарҳи худ беҳамто аст. Ман пештар ҳамчун ошпаз дар дигар ошхонаҳо барои ширкатҳои сохтмонии хориҷӣ кор кардаам, вале бояд бигӯям, ки хӯроке, ки дар ошхонаи ДОМ пешкаш карда мешавад, дар сатҳи баланд аст», бармеояд аз мушоҳидаи сардор ва оператори ошхонаи ДОМ Умед Ғуломасейнов.
 
Корҳои омодагӣ дар макони сохтмон ба маблағи 7 миллион доллар бо ширкатҳои Хоруғ  ба имзо расидаанд. Бисёре аз кормандони дар макони сохтмон буда хатмкунандагони Маркази касбӣ-техникии (МТКТ) Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори ДОМ мебошанд. Бинои МТКТ бо таҷҳизоти муосир барои касбомӯзон сохта шудааст ва то  имрӯз 590 шунавандагонро ба таҳсил фаро гирифтааст. Кормандон низ аз омӯзиш дар ҷои кор, бо ба даст овардани малакаи зарурӣ манфиат мегиранд.
 
ДОМ инчунин таҷҳизоти сохтмониро дар ҷои кор васл намудааст, аз ҷумла дастгоҳи бетонрезӣ  аз макони сохтмонии шаҳраки донишҷӯёни ДОМ дар Норин оварда шудааст. Донишгоҳ инчунин аз маводҳои маҳаллӣ,  ба монанди санг ва рег барои бетон, ки аз ҳисоби сангҳои резашуда барои корҳои бетонрезӣ тайёр шудаанд, истифода  мебарад. 
 
"Бо таъмин намудани омӯзиш ва имкониятҳо, васл намудани таҷҳизоти корӣ ва  истифодаи маводи маҳаллӣ,  ДОМ барои рушди захираҳо мусоидат намуда, аз истихроҷи маводи карбон, тавассути нақлиёт овардани маводҳои сохтмонӣ ба майдонҳои сохтмони ҷойҳои дурдаст худдорӣ мекунад. Ҳамаи ин захираҳо ва таҷрибаҳо мумкин аст, ки барои иҷрои лоиҳаҳои оянда дар минтақа истифода бурда шаванд", гуфт Музаффар Ҷорубов, Сардори бахши оперативии ДОМ, зодаи ноҳияи Рӯшони ВМКБ.
 
Кор оид ба қабули аввалин гурӯҳи донишҷӯёни ДОМ аллакай идома дорад. Ду барномаи аввалини таълимии унвони бакалаврӣ  - Омӯзиши замину муҳит ва Иқтисодиёт дар шаҳраки донишҷӯёни Хоруғ ва барномаҳои Технологияи иттилоотӣ ва Васоити ахбори омма дар шаҳраки донишҷӯёни Норин хоҳанд буд. Пажӯҳишгоҳи таҳқиқотии ҷомеаҳои кӯҳии Донишгоҳ, ки он пурра  ба ҳалли мушкилот ва имкониятҳо дар ҷомеаҳои кӯҳистони Осиёи Марказӣ сару кор дорад, аз шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон  ба шаҳри Хоруғ  кўчонида мешавад. 
 
Сармояи умумии  ба маблағи 94.4 миллион доллар барои сохтмони марҳилаи аввали шаҳраки донишҷӯёни Хоруғ ҷудо карда мешавад, ки аз он 64,4 миллион доллар аз тарафи Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд,  аз ҷумла 7,5 миллион доллар  аз тарафи Бунёди Оғохон ва қарзи дарозмуддати имтиёзнок бо маблағи 30 миллион доллар аз тарафи Корпоратсияи Сармоягузории хусусии хориҷӣ, (КСХХ), муассисаи  рушди молиявии Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сармоягузорӣ карда мешавад.
 
 
Фотогалерея:

Новости по теме: