Саволҳо барои ҳар Донишгоҳе, ки шумо мехоҳед таҳсил кунед

Date: 24 February 2016
Мақолаи  мазкур, як қисми силсиламақолаҳои  бахши «Интихоби Донишгоҳ» мебошад, ва он пурсишҳо  ва имконотҳои донишҷӯёнро, ки ҳангоми дохил шудан ба Донишгоҳ  рӯ ба рӯ мешаванд, меомӯзад. Ин силсиламақолаҳо,  аз ҷониби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ таҳия шудаанд, ки аз моҳи сентябри соли  2016, қабули  як гурӯҳи довталабонро оғоз мекунад.
 
 
Интихоби Донишгоҳ марҳилаи  шавқовар дар ҳаёти ҳар як донишҷӯ мебошад. Интихоби дурусти Донишгоҳ  метавонад, интихоби касб ва таҳсилоти шуморо  ба пеш, ба қуллаҳои баландтарин бирасонад ва шумо  боварӣ ҳосил мекунед, ки интихоби беҳтар барои худ ва ояндаи худ кардаед.  Шумо  албатта бояд   ба қароре оед, ки  барои шумо чӣ  аз ҳама муҳим аст. Иҷрои  кардани вазифаҳои  хонагӣ, албатта пардохт хоҳад шуд. 
 
Аз ин рӯ,  якчанд саволҳое ҳастанд, ки ҳангоми интихоби ҳар донишгоҳ  хоҳед пурсид:
 
Оё  пас аз хатми таҳсил ман бо ҷои кор таъмин мешавам?
Одатан, донишгоҳҳо пас аз хатм  донишҷӯёнро барои таъмин бо ҷои кор тайёр намекунад. Шумо мехоҳед мактаберо интихоб намоед, ки ба шумо ҳангоми таҳсил имконияти  ба даст овардани таҷрибаи корӣ, тавассути созмонҳои гуногуни донишҷӯён,  коромӯзии  донишҷӯён ва ё таҷрибаомӯзии  тобистона шароит фаро меоварад. Дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ), шумо  таҷрибаомӯзии  расмиро дар давоми  се фасли тобистон, ҳангоми  дарёфти унвон  ба итмом мерасонед. Ин  қариб баробар ба як соли таҷрибаи пурраи кории пеш аз хатми шумо буда, ҳангоми рақобот бо дигар хатмкунандагон шуморо дар навбати аввал мегузорад.
 
Оё барномаҳои таълимӣ аз тарафи донишгоҳҳои дараҷаи ҷаҳонӣ аз саросари дунё таҳия шудаанд?       
Шумо мехоҳед Донишгоҳеро интихоб намоед, ки барномаҳои таълимии он ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ  бошанд, вале онҳо  низ марбут ба талаботи кишвар  ё ҷомеаи  шумо мебошанд. Барномаҳои ДОМ,  дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои шинохтаи  байналмилалӣ, барои манотиқи  Осиёи Миёна тарҳрезӣ шудаанд.
 
Ман чиро хоҳам омӯхт?
Шумо мехоҳед, боварӣ ҳосил кунед, ки он чизе  ки  шумо интихоб кардед, дуруст аст. Фикр кунед,  оё барномае, ки шумо интихоб кардаед,  дорои як қатор имкониятҳои роҳҳои дарёфти ҷои кор дар алоқа бо  тахассуси  шумо аст. Аксари  соҳаҳои пешниҳодшуди ДОМ, ба мисоли  барномаҳои Улуми компютерӣ ва ё  Фан оид ба  Замин ва  муҳити зист, интихоби стратегӣ мебошанд..
 
Ба ман чӣ тавр таълим медиҳанд?
Баъзе аз донишгоҳҳо аз амалия дида бештар ба назария  диққат медиҳанд.  Барномаи таълимӣ дар заминаи таҷриба таҳия шуда хело муҳим аст, зеро он ба донишҷӯён имконоти ба даст овардани малакаҳои гузаронидашавандаро медиҳад. Шумо хостори  ҷустуҷӯи  ташаббусҳо, ба монанди лоиҳаҳои таҳқиқотӣ, таълими усули таҳқиқотӣ  ва корҳои лабораториявӣ мешавед. Ин усулҳо дар маркази диққати таълимоти   ДОМ мебошанд. 
 
Ба ман кӣ  таълим медиҳад?
Профессорон  фасалитаторони асосӣ дар раванди таҳсили  шумо ҳастанд.   Ба фаъолиятҳои  тахассусӣ ва таҳқиқотии онҳо нигаред: оё онҳо ба шумо  мувофиқанд? Профессорон бо унвони докторӣ  ва  бо дониши мушаххаси  зарурӣ, барои таъмини таълими самаранок ва ҳавасманд кардани донишҷӯён  барои расидан ба ҳадафҳои ниҳои худ,  кӯмак мерасонанд. 90 фоизи устодони  ДОМ, дорои унвони докторӣ буда, фаъолияти худро барои омӯзиши  шумо мебахшанд.
 
То кадом андоза ман  бо профессорҳо шиносам?
Таносуби пасти донишҷӯён ва кормандони факулта хело муҳим аст. Дар донишгоҳҳои хеле калон, профессорон ба донишҷӯён лексия  мехонанад  ва  танҳо баъзан имкон доранд, ки  ҳар як донишҷӯро шахсан донанд.  Таҳқиқотҳо  собит намуданд, ки дастовардҳои беҳтарини  таълимӣ дар  синфхонаҳои нисбатан  хурд бо профессори соҳибихтисос  ба даст оварда мешаванд, ки профессорон   ба донишҷӯён метавонанд ба тарзи инфиродӣ  диққат диҳанд. Ҳамзамон,  алоқаи зич  бо профессорон оид ба ҳидояти касбинтихобкунӣ, роҳбарӣ,   кӯмак дар омӯзиш, тартиб додани тавсиянома тайғироти куллиеро ба бор хоҳад овард.  ДОМ бо таносуби хурди  ( 1:9)-и   байни  устодони факулта  ва  донишҷӯёнро  ба роҳ мондааст.
 
Оё забони таълимӣ забони англисӣ ҳаст?
Дар  раванди  торафт ҷаҳонишавиӣ,  донистани  забони англисӣ ба шумо имкони рақобатпазир будан дар сатҳи байналмилалиро  медиҳад. Вале  дар ин ҷо фарқи  байни курсҳои муқаррарии забони англисӣ ва  омӯзиши бисёрҷабҳаи  забони англисӣ ҳаст. Дар ҳоле ки  курсҳои забони англисӣ, ба рушди  омӯзиши луғот ва грамматикаи кӯмак мерасонанд, вале доимо  дар иҳотаи истифодабарандагони забони англисӣ будан, ба шумо роҳҳои навро мекушояд. Ин фарқиятҳо пеш аз дохил шудан   ба донишгоҳ хело муҳим аст. Ҳаёти кампуси ДОМ бо таъмини пурра истиқоматгоҳ  ва истифодаи  бисёрҷабҳаи забони англисӣ ба талаботҳои баландтарини забономӯзӣ, ҷавобгӯ аст.
 
Дигар маълумоти зарурӣ  оид ба иншоот, хароҷот, макон, ҳаёти донишҷӯён ва манзилгоҳ хело  муҳиманд.
 
Оид ба  имконотҳои  бештари  Донишгоҳи Осиёи Марказӣ  ва дигар саволҳо ба сомонаи  зер: www.ucentralasia.org/admissions, ва ё admissions@ucentralasia.org ва ё бо телефонҳои  +996 312 663 822 (Ҷумҳурии Қирғизистон); +992 93 999 99 64 (Тоҷикистон); +7 777 822 3948 (Қазоқистон) тамос гиред.