Кадоме аз унвонҳои илмии Донишгоҳ ба донишҷӯёни Осиёи Марказӣ, имконоти ба кор омода шуданро медиҳанд?

Date: 17 March 2016
Мақолаи  мазкур, як қисми силсиламақолаҳои  бахши «Интихоби Донишгоҳ» мебошад,  ки  он пурсишҳо  ва имконотҳои донишҷӯёнро,ки ҳангоми дохил шудан ба Донишгоҳ  рӯ ба рӯ мешаванд, баррасӣ мекунад. Ин силсиламақолаҳо,  аз ҷониби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ таҳия шудаанд, ки аз сентябри соли  2016 ҷорӣ, қабули  як гурӯҳи донишҷӯёнро  оғоз мекунад. Бо дархости хонандагон, ДОМ мӯҳлати қабули аризаи довтвлабонро то15 апрели соли 2016 давом медиҳад.
 
 
Осиёи Марказӣ, бе истисно минтақае бо  як қатор имкониятҳои гуногуни иқтисодӣ ва ҷомеаҳои  нодири кӯҳистон мебошад. Унвони илмӣ, аз як муассисаи сатҳи  ҷаҳонӣ, дар соҳаи таҳқиқот вобаста ба эҳтиёҷоти саноат,  ва истифодаи ин имкониятҳо барои  ҷалби сармоя  хеле муҳим аст.
 
Донишҷӯён бояд ҳангоми интихоби  касб, ба оянда тавҷҷӯҳ намоянд.  Иқтисодиёти минтақа дар  соҳаҳои гуногун рушд мекунад. Соҳаҳои анъанавӣ ба монанди  саноати кӯҳӣ, нафту газ, гидроэнергетика, туризм ва кишоварзӣ  фаъолият мекунанд. Соҳаҳои  камтар рушдёфта, вале ояндадор ба монанди  Коммуникатсия ва ВАО, Иқтисодиёти соҳибкорӣ, Хизматрасонӣ экологӣ, Телекоммуникатсия ва Технологияҳои иттилоотиро дар бар мегирад. Донишҷӯён  бояд ин самтҳоро ба инобат гирифта фикр кунанд,  ки кадоме аз барномаҳо   онҳоро  дар тӯли  чор- панҷ соли таҳсил ба бозори меҳнат омода месозад.
 
Маълумоти олӣ, заминаи  асосӣ барои баланд  бардоштани иқтидори иқтисодии  Осиёи Марказӣ мебошад. Барномаи бакалаврии Донишгоҳи  Осиёи Марказӣ, барои тайёр намудани  довталабони баландихтисоси  касбӣ  ва соҳибкорони лаёқатманд, ки қодиранд, дар оянда ҷойҳои нави корӣ дар соҳаҳои  рушдёбандаи минтақа эҷод кунанд.
 
Тадқиқоти бозори меҳнати ДОМ, маълум намуд, ки аксар вақт  донишҷӯён он касбҳоро интихоб мекунанд, ки пас аз хатми таҳсил  барои дарёфти ҷойи кор ба мушкилот  рӯ ба рӯ мешаванд. Донишгоҳҳои  минтақа, касбҳоеро пешниҳод мекунанд,  ки ба талаботӣ соҳаҳои муайяни бозори меҳнат  мусоидат намекунад,  ва норасоии хатмкунандагон дар дигар соҳаҳо, ки ширкатҳо ба онҳо ниёз доранд, ба назар мерасад. Бидуни нақшаи дарёфти ҷойи кор дар оянда, бисёре аз хатмкунандагон  Осиёи Марказиро тарк намуда, дар ҷустуҷӯи ҷойи кор  ба дигар ҷойҳо, ё дар дигар соҳаҳо кор мекунанд.
 
Барномаҳои  асосӣ ва ғайриасосии Донишгоҳ,  вобаста бо талаботи захираҳои инсонии  минтақа  тарҳрезӣ шудаанд. Донишҷӯён метавонанд аз барномаҳои асосӣ, Илм оид ба Замин ва муҳити атроф  (BSc), Улуми компютерӣ (BSc), Илмҳои мӯҳандисӣ (BSc), Коммуникатсия ва ВАО (ВА), Иқтисодиёт (ВА) ва Соҳибкорӣ ва Менеҷмент (ВА)-ро интихоб кунанд.
 
Барномаҳои ДОМ,  дар заминаи таҷрибаи амалии реша  мегирад,  ки он бо барномаҳои  омӯзиш дар асоси  воқеа, корҳои таҷрибавӣ- лабораторӣ, лоиҳаҳои  гуруҳӣ,  ва имконоти таҷрибаомӯзии ҳаматарафаи тобистона мебошад, ки он собиқаи яксолаи кориро ташкил медиҳад. Таваҷҷӯҳ ба соҳаи  илм ва технология дар ҳамаи компусҳои ДОМ зиёд аст ва он кормандони  техникиро тайёр мекунад, ки барои фаъолияти ояндаи хатмкунандагон  дар як қатор  соҳаҳои Осиёи Маркази зарур аст.
 
Барномаҳои таълимӣ ДОМ, тарзе таҳия шудаанд, ки ба имконотҳои ҷойдошта дар ҷомеаҳои кӯҳӣ диққати махсус дода, ҳамгироии маълумот оид ба фанҳои гуногунро ташвиқ мекунанд. Ин аввалин донишгоҳест, ки ба тарзи ҳамгиро барномаҳои асосӣ ва ғайриасосиро пешниҳод мекунад, ки он хатмкунандагони ихтисоснокро бо  як қатор имконоти дарёфти ҷойи кор, бо малака ва таҷрибаи зарурӣ, таъмин  мекунад.
 
Барои маълумоти бештар дар бораи чӣ гуна барномаҳои таълимии ДОМ бо стипендияи олиҳимматона, шуморо барои касби оянда омода месозад,  ба почтаи электронӣ admissions@ucentralasia.org,  ё занг задан ба  +996 770 822 901 (Ҷумҳурии Қирғизистон) +992 93 999  99 64 (Тоҷикистон) +7 777 822 3948 (Қазоқистон) муроҷиат намоед.