Маъракаи Дохилшавӣ ба Донишгоҳи Осиёи Марказӣ: Донишгоҳи Байналмилалӣ бо дарназардошти Донишҷӯёни Осиёи Марказӣ

Date: 25 March 2016
Мақолаи  мазкур, як қисми силсиламақолаҳои  бахши «Интихоби Донишгоҳ» мебошад ва он пурсишҳо  ва имконотҳои донишҷӯёнро, ки ҳангоми дохил шудан ба Донишгоҳ  рӯ ба рӯ мешаванд,меомӯзад. Ин силсиламақолаҳо, аз ҷониби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ таҳия шудаанд, ки аз моҳи сентябри соли 2016, қабули як гурӯҳи донишҷӯёнро оғоз мекунад.Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 15 апрели соли 2016 давом мекунад.
 
 
Барои  хонандагони мактабҳои миёна дар саросари ҷаҳон, довталабӣ ба донишгоҳ як давраи  серташвиш ва пуртарадуд мебошад. Дар Осиёи Марказӣ,  ҳамаи маъракаи қабул,  ва имтҳонсупорӣ,  дар як вақти сурат мегирад. Дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва Қазоқистон, донишҷӯён,  имтиҳонот дар сатҳи  ҷумҳурӣ қарор мегирад. Дар Тоҷикистон, донишҷӯён  имтиҳони дохилшавиро,барои ҳар як донишгоҳ хос месупоранд.ӣ Дар ҳар се кишвар, қабул  ба Донишгоҳ, танҳо  дар асоси натиҷаи тести донишҷӯ ба роҳ монда шудааст.
 
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ равишҳои гуногунро ба роҳ мондааст.ДОМ маълумоти стандарти байналмилалиро пешниҳод мекунад, ва дар навбати худ раванди нисбатан  дақиқи  ҳуҷҷатсупориро талаб мекунад.  Ҳуҷҷатҳое ки донишҷӯёни ояндаи ДОМ пешниҳод мекунанд, монанди талаботҳои  донишгоҳҳои  меъёри аввали ҷаҳонӣ  мебошанд.
 
Аризаи ДОМ, донишҷӯро ба пуррагӣ баррасӣ менамояд. Донишҷӯён маълумоти муфассал оид  фаъолиятҳои барномаҳои беруна, аз ҷумла кор фаъолиятҳо дар ҷомеа, таҷрибаи роҳбарӣ бо тасвири замина ва комёбиҳои беназири худро нишон медиҳад. ДОМ ба ҷалби довталабони баландихтисос, аз марказҳои  шаҳру деҳот аз саросари минтақа, сарфи назар аз вазъи иҷтимоию иқтисодии қабул мекунад.
 
Имтиҳоноти қабули махсус, мутобқи стандарти арзёбии байналмилалӣ ва бахусус бо   дарназардошти донишҷӯёни Осиёи Марказӣ,  пешбинӣ  ва таҳия шудааст. Бахшҳои забони англисӣ, математика ва  асосноккунии мантиқӣ, омодагӣ ба Донишгоҳ дар доираи меъёрҳои  байналмилалӣ ва бо назардошти дараҷаи дониши кунунии хонандагони мактабҳои миёна, дар Осиёи Марказӣ  таҳия шудааст.
 
Ғайр аз ин, раванди қабули ДОМ, дар заминаи  росткорӣ ва дастовардҳо реша мегирад. Донишгоҳ сиёсати таҳаммулнопазирии комил, нисбати хатокорӣ ва ҳуқуқвайронунӣ дорад. Аъзоёни комиссияи қабул  аз намояндагӣ ҳар ду ҷинс, аз ҳар се кишвари таъсисдиҳанда буда, аз байни  кормандони академӣ, олимон, мутахассисон, рассомон ва соҳибкорон иборат мебошанд.
 
«Раванди қабул дар ДОМ, одилона ва шаффоф аст. Қарор дар бораи қабули  донишҷӯ танҳо дар ихтиёри як шахс набуда - қабул  дар асоси қарори комиссияи сурат мегирад. Ҳар як хонанда, ки имтиҳон қабулро дар ДОМ месупорад, натиҷаҳои худро дар нисбати дигар имтиҳонгирандагон медонад, ва дигар роҳи махсуси қабул вуҷуд надорад» , гуфт: доктор Ариф Качра, Декани  бахши Санъат ва  Улум. «ДОМ ба донишҷӯён манзалати маълумоти байналмилалиро пешниҳод мекунад ва қадами аввал  ин шинос намудани донишҷӯён бо раванди қабули сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.»
 
Санаҳои асосии қабули аризаҳо
  • 15 апрели соли 2016 : Аризаи довталаб, Ҳуҷҷатҳои ёрирасони талабшуда ва  супоридани маблағӣ пардохтшавандаи   аризаи довталаб
  • 22 Апрели соли  2016: Огоҳ  намудани рақами аризаи довталаб,вақти гузароидани имтиҳон, макони гузаронидани имтиҳони қабули  ДОМ.
  • 1 майи соли 2016:  Гузаронидани тести дохилшавӣ дар Тоҷикистон,Ҷумҳурии Қирғизистон ва Қазоқистон.
  • 27 майи соли 2016: Интихоби номзадҳо ва супоридани ҳуҷҷатҳои ёрирасон.
  • Июли 2016: Саёҳат барои довталабони эҳтимолан қабулшаванда дар компуси Норинs.
Санаҳои асосӣ барои довталабони дохилшуда
  • Июни 2016: довталабони қабулшуда бо қарори кумитаи кумаки молиявӣ шинос мешавнд.
  • Июли 2016: Донишҷӯён бояд ҷои худро дар ДОМ тасдиқ кунанд.
  • 29 августи  2016: Оғози шиносоии донишҷӯ.
  • 5 сентябри  2016: Оғози соли хониши ar 2016-2017.
Барои маълумот бештар оид ба дохил шудан ба ДОМ ба сомонаи: www.ucentralasia.org/admissions,  ё почтаи электронӣ admissions@ucentralasia.org, ё занг задан ба: +996 770 822 901 ( Ҷумҳурии Қирғизистон) +992 93 999 99 64 (Tоҷикистон)     +7 777 822 3948 (Қазоқистон) тамос гиред.