Донишкадаи тадқиқотии ҷомеаҳои кўҳии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, маҳфили Мизи мудаввар оид ба эҳтиёҷоти идоракунии захираҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон ташкил намуд

Date: 30 March 2016
Other languages: English | Русский язык |
Донишкадаи  тадқиқотии  ҷомеаҳои кўҳии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДТҶК ДОМ),  11 феврали соли 2016, маҳфили Мизи мудаввар оид ба истифодабарии якҷояи захираҳои муҳими табии дар Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор намуд.
 
Идоракунии захираҳои табиӣ, ҳадафи ибтидоии ДТҶК дар Осиёи Марказӣ мебошад ва баҳсҳо оиди истифодаи якҷояи  замин, об ва  дигар захираҳои табиӣ, аксаран  сабаби  камбизоатӣ, таназзули муҳити зист ва низоъ мегарданд.
 
Суханронии Диловар Маҷидов, оид ба кӯшишҳои ислоҳот оид ба чарогоҳ ва таъсиси муассисаҳои идоракунӣ дар доираи  ҷомеа.
 
Мизи мудаввар баҳсу мубоҳисаҳои таҳқиқотиро аз вилоятҳои Боткен ва Суғд дар бар гирифта, дар доираи Лоиҳаи кам кардани низоъ барои об ва чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки аз тарафи Фонди Бритонияи Кабир оид ба бехатарӣ, устуворӣ ва кам кардани низоъ дастгирӣ мешавад, ташкил шуд. Панҷоҳу шаш нафар иштироккунадагон аз мақомотҳои давлатӣ, ҷомеаи илмӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва сохторҳои ғайридавлатӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон табодули афкор намуда, хулосаи таҳқиқоти пешакӣ ва тавсияҳо дар доираи баҳсҳо оид ба обёрӣ ва истифодаи чарогоҳҳо дар кишварҳои ҳамсояро баррасӣ намуданд.
 
Зиёда аз 40 фоизи аҳолии Баткен ва 23 фоиз сокинони Суғд, дар сатҳи  пасти камбизоатӣ қарор доранд. Сокинон ба чорводорӣ ҳамчун манбаи рӯзгузаронӣ машғуланд, ки чунин фаъолият ба истифодаи якҷояи захираҳои умумӣ  ва инфрасохтор  вобастагӣ дорад.  Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, ислоҳотҳо оид ба идора кардани  захираҳо якбора дигаргун шуданд ва ин  табиист, ки ҳамкорӣ байни кишварҳои ҳамсоя сусттар шуда, барои   сар задани низоъ оид ба  истифодабарии якҷояи замин ва об замина гузошт.
 
Маҳфили Мизи мудаввар, зарурати ҳар чи зудтар  беҳтар намудани ҳамкорӣ байни ташкилотҳо ва мақомотҳои давлатӣ, ки кўмак ва барномаҳои рушдро татбиқ менамоянд.  Ҳукуматҳои  ҳар ду кишвар,барои пурқувват намудани иттиҳодияҳои истифодабарандагони об ва чарогоҳ бо роҳбарии худи шаҳрвандон, аз паси ташкил намудани субъектҳои  ҳуқуқӣ сайу кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, то ки знорозигиҳо доир ба истифодабарии захираҳои табиӣ бартараф карда шаванд. 
 
Ҷами Брокбанк,  мушовири  минтақавии   муноқишаҳои  кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Сафорати Британияи Кабир ба Ҷумҳурии Қирғизистон, зарурати ҳамоҳангсозии дарозмуддат дар соҳаи идоракунии захираҳои табиӣ қайд намуда, ва ба фаъолияти ин маҳфили Мизи  мудаввар, ки барои таҳкими ҳамкории байни  тадқиқотчиён ва  сиёсатгузорон мусоидат мекунад, баҳои баланд дод. 
 
 «Гузаронидани тадқиқот дар алоҳидагӣ осон аст, вале  донистани  муҳити маҳал ва тарҳрезии барномаҳо, ки тайғироти ҷиддиро ба миён меоваранд, душвортар аст. Аз нигоҳи ман, ин ҳамкорӣ  тайғироти куллиеро ба бор хоҳад овард,  ва аз номи Сафоратхонаи Британияи Кабир, мо хурсанд ҳастем, то кӯмаки худро  пешниҳод намоем» гуфт: Оқои Брокбанк.
 
Вакилони ҳарду кишвар, пешрафти ислоҳоти  қунуниро оиди идоракунии захираҳои табиӣ дар минтақа  қайд намуданд. Диловар Маҷидов, корманди ноҳиявии  Лоиҳаи  рушди чорвдорӣ  ва чарогоҳҳо, ки аз тарафи Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) дар шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон таъсис ёфтааст, оид ба ислоҳоти чарогоҳҳо ва ҳалли идоракунӣ дар заминаи  ҷомеа сухан ронд.
 
Пешниҳодоти  корманди  Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Қирғизистон, Екатерина Саҳаева, оид ба ҳавзаҳои байнисарҳадии обӣ ва идоракунии ҳавзаи нисбатан  хурди фаромарзӣ обӣ..
 
Екатерина  Саҳваева, коршиноси  Идораи захираҳои обӣ, Обёрикунӣ  ва Тақсимоти  Байналмилалӣ Оби  Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Қирғизистон ва мутахассис  оид ба ҳавзаи  байнисарҳадӣ, мушкилоти идоракунии  ҳавзаи хурди обтақсимкунии фаромарзӣ, ки сокинони  сарҳадии ҳар ду ҷониб аз он вобастагӣ доранд, қайд намуд.
 
Лоиҳа аз тарафи Сафоратхонаи Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва Сафоратхонаи  Британияи Кабир дар Тоҷикистон, ташкил карда шуд  ва дар якҷоягӣ бо ДТҶК ДОМ, Барномаи Рушди Ҷомеаҳои Кўҳистони  (БҶРМК) Қирғизистон, БҶРМК-и Тоҷикистон,  ва барномаи САМР  Алатоо  ва  Хазинаи Роза Отунбоева  ва  ҳамоҳангӣ бо Хазинаи Оғохон амалӣ шудааст.
 
Ин нашрия бо дастгирии техникии Сафоратҳои Британия дар Қирғизистон ва Тоҷикистон  омода шудааст. Маводҳои чопшуда лиҳози расмии Сафоратро инъикос намекунанд.