Кӯмаки молиявӣ дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ: Имконот барои донишҷӯёни боистеъдод

Date: 30 March 2016
Мақолаи  мазкур, як қисми силсиламақолаҳои  бахши «Интихоби Донишгоҳ» мебошад ва он пурсишҳо  ва имконотҳои донишҷӯёнро, ки ҳангоми дохил шудан ба Донишгоҳ  рӯ ба рӯ мешаванд,меомӯзад. Ин силсиламақолаҳо, аз ҷониби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ таҳия шудаанд, ки аз моҳи сентябри соли 2016, қабули як гурӯҳи донишҷӯёнро оғоз мекунад. Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 15 апрели соли 2016, давом мекунад.
 
 
Таҳсилоти донишгоҳ, яке аз муҳимтарин  намуди сармоягузорист, ки донишҷӯ метавонад, ҷалб шавад. Аммо барномаҳои нисбатан баландсифат, аксар  вақт арзиши гарон доранд. Бе кӯмаки саховатмандонаи молиявӣ, аксарияти сокинони  Осиёи Марказӣ, дастрасӣ ба маълумоти  сатҳи ҷаҳониро надоранд.
 
ДОМ стандарти байналмилалии  таҳсилотро  бо забони англисӣ, дар компусҳои истиқомати манотиқи кӯҳи пешниҳод менамояд. Компуси аввалин, аз байни  се компус дар шаҳраки Норини  Ҷумҳурии Қирғизистон бо иншоотҳои зебои таълимӣ, манзилгоҳҳо,  ошхона ва иншооти варзишӣ, китобхонаҳо, озмоишгоҳҳо, ҷойҳои  истироҳатӣ,  бунгоҳҳои тандурустӣ, таъминоти 100%-и  алоқаи интернетӣ ва бо таносуби камтарин  (9 бар 1), донишҷӯ ва устодони  факулта, дар соли 2016 дарҳои худро барои толибилмон боз мекунад. 
 
Ҳамин тариқ, донишҷӯёни боистеъдод, мумкин аст, ки аз худ суол кунанд: чӣ тавр ман  метавонам, дар ДОМ маълумот гирам?
 
ДОМ ба монанди аксари  донишгоҳҳои байналмилалӣ, бо теъдоди  ками донишҷӯёни дохилшуда ва барои фаҳмидани эҳтиёҷоти молиявии онҳо кор мекунад. ДОМ бо таъмини стипендияи арзанда, грантҳо ва қарзҳои озоди бефоиз, барои ташкили додани донишгоҳи аз ҷиҳати молиявӣ имконпазир, барои толибилмон ва оилаҳои онҳо  кӯмак  мерасонад. ДОМ ба ҳавасманд намудани донишҷӯёне, ки самаранок таҳсил мекунанд, ва ба дастовардҳои баланди илмӣ ноил мешаванд, маҳоратҳои лидерӣ дар ҷомеаро нишон медиҳанд, имконияти дастрасӣ  ба маълумоти баландсифат, сарфи назар аз вазъи иҷтимоиву иқтисодии онҳо, кафолат медиҳад.
 
 "Ҳар як донишҷӯи боистеъдод, хоҳ аз шаҳри калон ва ё деҳоти кӯчак бошад, имконияти гирифтани маълумоти ДОМ-ро дорад. Ин роҳест, ки метавонем донишгоҳи  худ, ҷомеаи шаҳраки худ, ва дар маҷмӯъ минтақаи худро қавӣ гардонем,”гуфт: Раҳим Соманӣ, Директори  бахши молия ва маъмурияти ДОМ .
 
Донишҷӯёни бештар эҳтиёҷдошта, метавонад ба гирифтани кӯмаки то 90%  тавассути стипендия, грантҳо ва қарзҳои озоди бефоиз ва инчунин донишҷӯёне, ки дастовардҳои баланд таълимӣ доранд, барои гирифтани кӯмаки молиявӣ дар давоми  сол, метавонанд,  муроҷиат кунанд.
 
Арзиши ҳаққи таҳсил барои ҳар як хонанда, ба андозаи хеле калон пардохт карда мешавад, ҳаққи таҳсили солона, тақрибан 20 фоизи хароҷоти воқеиро ташкил медиҳад. Пардохти ҳаққи таҳсил  бо пули миллӣ сурат гирифта, арзиши  хобгоҳ, хурока, ҳифзи  тандурустӣ ва компютерҳои сафариро дар бар мегирад.
 
Ваколати ДОМ, ин таъмин намудани дастрасӣ ба таҳсилот сатҳи  байналмилалии, барои донишҷӯёни беҳтарин ва боистеъдоди минтақа мебошад. Рад кардани қабули ҳеҷ як донишҷӯ ба ДОМ, бо сабаби мушкилоти молиявӣ роҳ дода намешавад. 
 
Барои маълумот бештар оид ба дохил шудан ба ДОМ, ба сомонаи: www.ucentralasia.org/admissions, ё почтаи электронӣ admissions@ucentralasia.org, ё занг задан ба: +996 770 822 901 ( Ҷумҳурии Қирғизистон), +992 93 999 99 64 (Tоҷикистон),   +7 777 822 3948 (Қазоқистон), тамос гиред.