Коллеҷи Сенекаи Канада, ба донишҷӯёни Осиёи Марказӣ идрорпулӣ (стипендия) тақдим мекунад

Date: 05 April 2016
Коллеҷи Сенекаи Канада, лоиҳаи тақдим намудани се ҷоизаи гуногуни идрорпулӣ (стипендия), ҷамъ ба 12 нафар донишҷӯёни Осиёи Марказӣ барои гирифтани маълумоти бакалавриӣ дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) эълон намуд.  Идрорапулӣ (стипендия) аз тарафи ҳамкорон оид ба таҳияи барномаи таълимӣ ДОМ,  ҳамкории муштарак барои  таъмини дастрасӣ донишҷӯёни боистеъдод, сарфи назар аз вазъи иқтисодии онҳоро нишон медиҳад.
 
 
Барномаи таълимии омодагӣ Коллеҷи Канада, (муассиса ки кормандонаш дар тарҳрезии  Барномаи Омодагии ДОМ иштирок карданд), се намуди стипендияро барои қисман пардохт намудани ҳаққи таҳсилот  дар ДОМ ба доишҷӯён тақдим мекунад. Донишгоҳ  кӯшиш мекунад, ки то 90 фоизи арзиши таҳсилотро, вобаста ба эҳтиёҷоти донишҷӯён пардохт намояд.
 
“Мо боварӣ дорем, ки ғояҳо ва ҳадафҳои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, оид ба  пешниҳод намудани барномаҳои баландсифат ба ҷавонони Осиёи Марказӣ, бо ҳадафҳои Коллеҷи Сенека хело шабоҳат доранд,гуфт:" Ҷос Нолле, Декани Сенека, оид ба ҳамкории байналмилалӣ.
 
«Чашмдошти мо ин аст, ки он ҷавонон ва духтароне,ки  аз  кӯмаки молиявӣ бархурдор мешаванд,дар вақти муайяншуда, ба рушди ҷомеаҳои Осиёи Марказӣ, саҳми худро хоҳанд гузошт, дониш ва таҷрибаи дар давоми таҳсил дар ДОМ андӯхтаро паҳн менамоянд ва рукнҳои асосии ҷомеаи худ мегарданд».
 
Стипендияи дохилшавӣ  ба чор  нафар донишҷёни қабулшуда тақдим карда мешаванд. Стипендияи сазовор, ҳар сол баъди соли аввали таҳсил, ба донишҷӯ дар асоси Натиҷаҳои миёнаи холҳо (НМХ) ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ дода мешавад;  ду Стипендияи таҳсили баъдидипломӣ, ба хатмкунандагони ДОМ барои таҳсили барномаи Сертификатсионии  Коллеҷи Сенекаи Конадо тақдим карда мешаванд.
 
“ДОМ  аз ҳамкории мо оид ба тарҳрезии барномаҳо ва кӯмак барои қабули нахустин дастаи довталабон ба барномаҳои бакалаврӣ, аз Коллеҷи Сенека миннатдор аст.Ин стипендияҳо боварии моро, ки донишҷӯёни боистеъдод ҳуқуқи ба даст овардани маълумоти баландсифатро, новобаста аз вазъи иқтисодии худ доранд, дучанд зиёд мекунад” гуфт Декани Бахши Гуманитарӣ ва Илмии ДОМ.
 
Эълон дар ҳоле омода гардид, ки маъракаи муҳлати қабул ба Донишгоҳ, бо хоҳишу дархости шумораи беҳад зиёди довталабон  ва бахусус кӯмак барои довталабони боистеъдод аз ҷомеаҳои деҳот, дароз карда шуд. Барои таъмин намудани  доираи васеи дархости довталабон, ДОМ  муҳлати қабули ҳуҷҷатҳоро то15 апрели соли 2016 дароз кард.
 
7 июли соли 2015, ЁддоштиТафоҳум  байни ДОМ  ва Сенека ба имзо расид, ки ҳадафи он рушди омӯзиши забони англисӣ, математика ва  тарҳрезии барномаи таълимӣ, барои соли аввали Барномаи  Омодагии ДОМ мебошад. Барномаи омодагӣ, барномаи ғанигардонӣ буда, барои дастгирии донишҷӯёне, ки ниёз ба кӯмаки иловагӣ ва ҷавобгӯ будан ба талаботҳои сатҳи байналмилалӣ ва рушди малакаҳои асосии зарурӣ, барои дар Донишгоҳ муваффақ шудани донишҷӯён, тарҳрезӣ карда шудааст. Тирамоҳи имсол, аввалин дастаи донишҷӯёни барномаҳои  бакалаврӣ дар шаҳраки Норин, таҳсилоти худро бо Барномаи Омодагӣ оғоз мекунанд.
 
Донишгоҳи чунин мешуморад, ки истеъдод ва гуногунрангӣ, ҷомеаи ДОМ-ро тақвият мебахшад. Сармоягузории маблағи калон ва бардавоми ДОМ дар минтақа, кафолат медиҳад, қабули донишҷӯёни дар заминаи истеъдоди арзанда ва ниёзҳои дақиқ сурат гирад.
 
Ҳамкорӣ миёни ДОМ ва Сенека, бо дастгирии молиявии Ҳукумати Канада, тавассути  Вазорати корҳои хориҷии Конадо ва Хазинаи Оғохони Канада ба роҳ монда шудааст.   
Ҳукумати Конадо,  тавассути Вазорати  Корҳои Хориҷии Конадо(ВКХ)  ва Маркази тадқиқоти рушди байналмилалӣ, якчанд корҳои илми тадқиқотӣ ва ташаббусҳои таълимии ДОМ-ро дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистондастгирӣ мекунад, инчунин дар таъсис додани Донишкадаи сиёсати давлатӣ ва идоракунии (ДСДИ)  ба Донишгоҳ низ кӯмак расонид, инчунин ҳамкории ДОМ-ро  бо Донишгоҳи  Колумбияи Бритониё, Донишгоҳи Карлетон ва Донишгоҳи Алберта дастгирӣ мекунад.
 
Формаи  Аризаҳои кабул, тавассути интернет дастрас буда , бояд  ба  суроғаи apply@ucentralasia.org то муҳлати дарозшуда 15-уми апрел пешниҳод карда шаванд.  Имтиҳони қабул дар Донишгоҳ, 1-ӯми май ва эълони қарори комиссияи интихобӣ дар охири моҳи июн баргузор мегардад.
 
To learn more about UCA’s degree programmes, visit: www.ucentralasia.org/admissions. Contact us by email: admissions@ucentralasia.org, or call: +996 312 663 822 (Kyrgyz Republic) +992 93 999 99 64 (Tajikistan)  +7 777 822 3948 (Kazakhstan) with your questions.