Чаро Шумо бояд довталаб ба Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бошед?

Date: 11 April 2016
Мақолаи  мазкур, як қисми силсиламақолаҳои  бахши «Интихоби Донишгоҳ» мебошад,  ки  он пурсишҳо  ва имконотҳои донишҷӯёнро ҳангоми дохил шудан ба Донишгоҳ  рӯ ба рӯ мешаванд, меомӯзад. Ин силсиламақолаҳо,  аз ҷониби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ таҳия шудаанд, ки имсол аз сентябри соли  2016, қабули  як гурӯҳи донишҷӯёнро  оғоз мекунад. Муҳлати қабули аризаи довтвлабон то15 апрели соли 2016.
 
 
Интихоби  дурусти Донишгоҳ, яке аз қарорҳои  хело муҳимест, ки Шумо бояд дар ҳаётатон қабул кунед. Ҳар як курс ва ҳар як донишгоҳ  ба ҳар тарзе фарқият  доранд ва ҳар донишҷӯ чизҳои гуногунро мехоҳад. Имконоти  дарёфти донишгоҳи мувофиқ ва мукаммал мушкилоти зиёде ба бор меорад.  Шумо бояд ба қарое оед, ки барои Шумо, чӣ аз ҳама муҳимтар аст.  Донистани он ки ин донишгоҳ чиро пешкаш  мекунанд ва пурсиши   саволҳои  барҷо албатта, самараи худро хоҳанд дод.
 
Кӯшишҳои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, барои  таъмини   имконотҳо, барои  ноил шудан ба рушди ҳадафҳои  шахсӣ, касбӣ ва омӯзишии Шумо равона карда шудаанд. Мо стандарти  байналмилалии маълумотро пешниҳод мекунем,  ки он барои  донишомӯзии ҳаматарафа ва дар амал татбиқ намудани он вобаста ба  мушкилотҳои аввалиндараҷаи минтақа, тавассути даровардани  навоварӣ ва ҳалли проблемаҳои Осиёи Марказӣ имконият медиҳад.Вале, барои интихоб шумо Донишгоҳҳое зиёде мавҷуданд. Пас, ДОМ аз дигарҳо чӣ фарқ дорад?
 
ДОМ пешниҳод мекунад:
 
 Усули донишҷӯ дар маркази диққати  омӯзиш.  Диққати асосии ДОМ ба донишҷӯ равона шудааст ва муҳити омӯзишӣ ва барномаи таълимиро пешкаш мекунад, ки  вобаста бо эҳтиёҷоти толибилмон таҳия шудаанд.  Кормандони  Факулта ва омӯзишии ДОМ, барои таъмин намудани толибилмон бо  дониши  сатҳи ҷаҳонӣ буда, барои рушди малакаҳои амалӣ диққати асосӣ медиҳад.
Донишгоҳи ягона бо таъмини пурраи  истиқоматгоҳ, воқеъ дар мавзеи кӯҳии  Осиёи Марказӣ мебошад. Тадқиқоти корҳои баъдидипломӣ нишон  медиҳанд, ки донишҷӯёне ки дар хобгоҳ  истиқомат мекунанд,  лаёқати  тезтари худтаъминкунӣ  ва имконоти беҳтар барои дарёфти ҷойи кор доранд.  ДОМ дар мавзеи кӯҳсор бо захираҳои устувор  ва дарозмуддати Осиёи Марказӣ  ҷойгир шудааст ва  ба кор даровардани иқтидори иқтисодии он, яке аз рукнҳои асосии омӯзиши ДОМ мебошад.
 
Унвонҳои  пешниҳодшуда, як қатор роҳҳои  конкретии касбинтихобкуниро пешкаш  мекунад.  Барномаҳои унвони  ДОМ, дар мувофиқа бо  воқеияти иқтисодӣ  минтақа таҳия шудаанд.  Барномаи  таълимии  гуманитарӣ,  дар ҳамкорӣ бо коршиносон аз донишгоҳҳои саросари ҷаҳон, аз ҷумла Коллеҷи Сенека дар Конадо ва  саҳмгузории  факултаи Донишгоҳи Ғарб дар Конадо ва инчунин Донишгоҳи  Корнели  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Донишгоҳи Берн дар Швейсария, Донишгоҳи Фрейи  Берлин дар Олмон, ва Академияи илмҳои Русия,  ва  дигар муассисаҳои   сатҳи ҷаҳонӣ таҳия карда шудаанд.
 
Таносуби хурдтарини байни донишҷӯ ва устодони факулта дар минтақа.  Таносуби хурди  9:1 дар синфхонаҳои хурди байни донишҷӯ ва кормандони факулта  кафолат медиҳад, ки донишҷӯён ба таври инфиродӣ дар маркази диққат  бошанд.  Устодони факултаи ДОМ  дорои тахассуси ҷаҳонӣ ва хоҳони тадрис  буда,  дар компуси  донишҷӯён зиндагӣ мекунанад ва тавассути  кӯмаки менторӣ ва имкониятҳои таҳқиқотӣ, метавонанд барои омӯзиши ҳаматарафаи толибилмон,  кӯмак расонанд. Ин  ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки аз шабакаи таълимӣ ва касбӣ, пас аз хатми таҳсил, дар оянда низ манфиат бардоранд.
 
Усули беҳамтои омӯзиш. Таҷрибаомӯзӣ, таҳқиқоти сотсиологӣ, тадқиқоти якҷоя ва лоиҳаҳои алоқаманд бо ҳаёт,  ба Шумо имконият медиҳад, ки идеяҳо ва нақшаҳои худро дар ҳолатҳои аслии ҷаҳонӣ, амалӣ созед. Донишҷӯён, баробар  бо собиқаи  пурраи яксолаи кориӣ  ДОМ-ро хатм  мекунанд, ки  ин як афзалият барои рақобат дар бозори кори мебошад.
 
Муттаҳидкунандаи ягонаи барномаҳои асосӣ ва дувуминдараҷа дар Осиёи Марказӣ мебошад. Донишҷӯён барои таҳсили босамар,  вобаста ба шавқу завқи  онҳо бо  дониш ва таҷрибаи мукаммал,  ҷавобгӯ ба талаботҳои ҷойҳои корӣ дар бахшҳои  давлатӣ ва  хусусӣ, имконият  пайдо мекунанд.
 
Ҳавасмандии бемислу монанд ба муваффақияти донишҷӯён. ДОМ итминони  комил дорад,  ки хатмкунандагони  мо роҳбарони оянда  дар  Осиёи Марказӣ ва хориҷи кишвар хоҳанд буд ва мо мехоҳем тавассути сармоягузорӣ ба   донишҷӯёни  худ кӯмак расонем. Мо таҳқиқоти муштараки  устодон ва донишҷӯён, барномаҳои менторӣ, машваратҳои касбинтихобкунӣ, таҷрибаомӯзии пардохтшавандаро пешниҳод менамоем.
 
Дохилшавӣ дар асоси қобилият  ва талаботи шаффоф.  ДОМ  боварӣ том дорад, ки истеъдод  ва гуногунрангӣ ҷомеа, ДОМ-ро  тақвият мебахшад. Мо хоҳони  таъсис додани шӯрои донишҷӯён, ки он  донишҷӯёни беҳтарин ва боистеъдоди Осиёи Марказиро сарфи назар аз вазъи иқтисодии онҳо фаро  мегирад. Дар воқеъ, донишҷӯён  аз табақаҳои нисбатан  камбизоати   аҳолӣ, метавонад ба андозаи то 90% кўмакпулӣ барои  ҳаққи таҳсил,  тавассути  идрор ва  қарзҳои кредитӣ таъмин карда шаванд.
 
Сохти  нав,  иншоот ва таҷҳизоти  дараҷаи ҷаҳонӣ.  Компусҳои ДОМ,  истиқоматгоҳи пурраи таҷрибаи донишгоҳ,  ҷомеаи омӯзишии озод аз ташвишҳои зиндагии шаҳрӣ, бе истифода аз нақлиёти рафтуоиро  пешниҳод мекунанд. Ҳар як компуси бехавф бо биноҳои бениҳоят зебои таълимӣ, истиқоматгоҳҳо,  ошхона ва иншоотҳои варзишии дохилӣ ва  берунӣ, китобхонаҳо, лабораторияҳои илмӣ ва компютерӣ, утоқҳои  истироҳатӣ умумӣ, хизматрасонии тандурустӣ ва маишӣ, алоқаи 100%  интернетӣ ва дигар лавозимоти заруриро пешниҳод мекунад.
 
Ҳоло, метавонед ба ДОМ ҳуҷҷат супорида, бо ҷомеаи мо ҳамроҳ шавед. Барои маълумоти бештар оид ба  дохил шудан ба Донишгоҳи Осиёи Марказӣ,  ба сомонаи зер ташриф оваред: www.ucentralasia.org/admissions, ё  почтаи электронӣ  admissions@ucentralasia.org, занг задан ба: +996 770 822 901 (Ҷумҳурии Қирғизистон) +992 93 999 99 64 (Тоҷикистон) +7 777 822 3948 (Қазоқистон) тамос гиред.