Шамш Кассим-Лакха корҳои банақшагирӣ ва сохтмони Донишгоҳи Осиёи Марказиро роҳбарӣ мекунад

Date: 07 August 2014
Шабакаи рушди Оғохон (AKDN) ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) дар бораи ба вазифаи Раиси иҷроияи кумитаи иҷроияи мудирияти ДОМ таъин шудани Шамш Кассим-Лакха иттилоъ  медиҳад. Ба сифати раиси иҷроия ҷаноби Кассим-Лакха корҳои банақшагирӣ ва сохтмони шаҳрчаҳои донишгоҳии (кампусҳои) ДОМ-ро дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон роҳбарӣ хоҳад кард.
 
Шамш Кассим-Лакха, раиси иҷроияи Шӯрои мудирияти ДОМ
 
Ҷаноби Кассим-Лакха муддатти зиёд аст, ки аз ДОМ ҷонибдорӣ менамояд ва дар гуфтушунидҳо доир ба шартномаи байналмилалие, ки ба таъсиси ДОМ аз ҷониби ҳукуматҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ва Аълоҳазрат Оғохон мусоидат намуд, ширкат варзидааст. Бо ҳифзи садоқат ба кор дар ин минтақа, ҷаноби Кассим-Лакха ба тозагӣ намояндаи дипломатии AKDN дар Ҷумҳурии Қирғизистон таъин гардида буд.
 
Ба ҳайси Президент-муассиси Донишгоҳи Оғохон (AKU) – нахустин донишгоҳи хусусӣ дар Осиёи Чанубӣ – Кассим-Лакха давоми қариб се даҳсола корҳои банақшагирӣ, сохтмон ва фаъолияти ин муассисаи таълимии дар чаҳон шинохтаро роҳбарӣ мекард. AKU аз ҷониби Аълоҳазрат Оғохон таъсис ёфта, кампусҳои он дар Покистон, Африқои Шарқӣ ва Шоҳигарии Муттаҳида ҷойгир мебошанд.
 
Ҷаноби Кассим-Лакха дар ҳукумати Покистон дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла дар мансаби Вазири маориф, инчунин Вазири илм ва технология дар Хукумати давраи гузариши солҳои 2007-2008 фаъолият намудааст. Солҳои 2001-2002 дар вазифаи Вазири давлатӣ гуруҳи кориро, ки тавсияҳо оид ба масъалаҳои ислоҳот дар системаи таҳсилоти олии Покистонро таҳия мекард, роҳбарӣ намуд, ки ба тағйироти сохтории муассир дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва ташкили Комиссия оид ба таҳсилоти олӣ муосидат намуд ва дар ҳайати ин комиссия аз соли 2007 то соли 2011 кор кардааст.   
 
Ҷаноби Кассим-Лакха Раиси иҷроияи Марказии башардустии Покистон аз Аъзои Фахрии Кабири Мактаби робитаҳои байналмилалии Мунка дар назди Донишгоҳи Торонто мебошад. Чанде қабл баъди ба анҷом расидани ду муҳлати пайиҳам аз ҳайати мудирияти Созмони байналмилалии бакалавриат баромад (IBO). Ба нишони эътирофи фаъолияти илмию иҷтимоӣ, ҷаноби Кассим-Лакха ба гирифтани дараҷаҳои фахрии Донишгоҳи МакМастери Канада ва Донишгоҳи Оғохон сазовор дониста шуд. Илова ба ҷоизаҳо барои хизматҳои арзандаи Ситораи имтиёз ва Ҳилоли имтиёз, ки аз ҷониби Президенти Покистон ба ӯ тақдим шудаанд, ҷаноби Кассим-Лакха инчунин кавалери ордени миллӣ барои хизматҳо мебошад, ки аз ҷониби Президенти Фаронса сарфароз гардонда шудааст.
 
Шабакаи рушди Оғохон – яке аз бузургтарин системаҳои хусусии рушд дар ҷаҳон – дорои теъдоди зиёд ва рӯзафзуни намояндагиҳои дипломатӣ дар тамоми ҷаҳон – аз Африқои Шарқӣ то Марказӣ, аз Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқӣ то Аврупо мебошад. AKDN аз гурӯҳи агентиҳо оид ба рушд иборат мебошад, ки дар самтҳои тандурустӣ, маориф, меъморӣ, фарҳанг, маблағгузории хурд, рушди деҳот, коҳиши хавфи офатҳои табиӣ, эҳёи шаҳрҳои таърихӣ ва ҳифзи муҳити зист фаъолият доранд. Агентиҳои AKDN барномаҳои худро новобаста аз мазҳаб, асл ва ҷинсияти манфиатбарон амалӣ месозанд.