Маросими Кушодашавии Истироҳатгоҳи Тобистона дар Иссиқ-кӯл

Date: 18 June 2015
Имрӯз дар соҳили кӯли зебоманзараи Иссик-Кӯли Ҷумҳурии Қирғизистон маросими ботантанаи  кушодашавии Истироҳатгоҳи тобистонаи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ)  баргузор гардид.
 
Истироҳатгоҳ 76 нафар беҳтарин  хонандагони синфҳои даҳӯми Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистонро  ба барномаи  нодири мукамалсозии  сатҳи дониш,  фаро гирифт, ки онҳо имкон доранд дониши худро аз забони англисӣ,  риёзӣ баланд бардошта, барои дохил шудан ба донишгоҳҳои дохилӣ ва байналмилалӣ кӯмаки зарурӣ  гиранд. Иштирокчиёни Истироҳатгоҳи тобистона як гурӯҳи донишҷӯёни лаёқатманди Осиёи Марказиро ташкил медиҳад, ки онҳо  тавассути раванди  озмуни рақобатпазири минтақавӣ, аз байни 850 нафар довталабон, интихобшуданд.
 
Дар ин маросим, ҳамчунин оқои Адилет Бекбоев, Муовини вазири маориф ва илм, оқои Шамс Қоссим Лакха, Раиси Иҷроияи Кумитаи Иҷроияи Шӯрои ДОМ, ва Ҷаноби Олим Раҳимов, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон ширкат варзиданд.
 
“Шумо на танҳо моро  ҷамъ овардаед, балки  хонандагонро аз мактабҳои беҳтарин ба марвориди Қирғизистон – Иссиқкӯл ҷамъ овардед.  Ба шарофати Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, мо метавонем дустӣ ва бародарии халқҳои  Қирғизистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон баланд бардорем”гуфт, оқои Бекбоев. 
 
Оқои Mурзо Каримов, аз Қирғизистон, ки  беш аз 15 сол таҷрибаи корӣ дар соҳаи маориф дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дорад, сарварии Истироҳатгоҳро ба уҳда дорад.  Вазифаи Муовини Директори  Истироҳатгоҳро- Фараҳ Каманӣ, бо таҷрибаи бой оид ба кор бо истироҳатгоҳи ҷавонон, иҷро мекунад.  Онҳо як дастаи иборат аз бист нафараи кормандон, муаллимон ва мушовирони истироҳатгоҳро бо истифода аз таҷрибаи бой ва истъдод, аз ҳафт кишвар сарварӣ мекунанд. Таносуби корманд--донишҷӯ,  як бар чаҳор нафар аст.
 
“Ин аввалин кӯшиши ДОМ, ҳамчун як донишгоҳи минтақавӣ  ҷамъ овардани  донишҷӯёни боистеъдод аз  се кишвари мизбон, дар  як барномаи ҳамзистии якҷоя аст. Ҷавонони интихобшуда, аз ҷумлаи ҷавонони шоиста ва  боистеъдод  мебошанд. Бо кушодашавии нахустин шаҳраки мо дар Норин дар моҳи сентябри соли оянда, ин донишҷӯён лаззати таҳсил дар  ДОМ –ро ҳоҳанд чашид. Аз тарафи дигар, Донишгоҳ низ аз ин таҷриба манфиат хоҳад гирифт”, гуфт: "Оқои Шамс Қоссим Лакха.
 
Пас аз суханони табрикотӣ, намоиши фарҳангӣ, ки он фарҳанги гуногунранги Ҷумҳурии  Қирғизистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон  бо Ассамблеяи Халқии Қирғизистон  барпо гардид. Баъдан меҳмонони олиқадр имкон доштанд, ки бо кормандони Истироҳатгоҳ ва иштирокчиён вохӯрӣ намоянд.
 
 « Айни ҳол, мақсади асосии ман беҳтар намудани забони англисӣ аст. Ман дар ҳақиқат хурсандам, ки иштирокчии Истироҳатгоҳи тобистонаи ДОМ ҳастам  ва чунин имконият барои забономӯзӣ дорам” гуфт, иштирокчии  истироҳатгоҳ  аз шаҳри Душанбеи Тоҷикистон, Сакина Маҳмудова, "Дар оянда ман мехоҳам дар хориҷа таҳсил намоям, ва мақсади дорам ба Амрико рафта, тиббро омӯзам.”
 
Истироҳатгоҳи тобистонаи ДОМ то 7 июли соли 2015, давом хоҳад кард. Реҷаи  кории таълимии Истироҳатгоҳ мувофиқи ҷадвали дақиқ  дар ҳамбастагӣ бо дигар имкониятҳои таълимӣ тартиб дода шудааст. Иштирокчиён се соат барои омӯзиши забони англисӣ ва як соат барои омӯзиши фанни Риёзӣ сарф мекунанд.Онҳо инчунин дар машғулиятҳои амалӣ иштирок карда маводҳои зарурӣ оид ба таҳсил дар Донишгоҳ, аз ҷумла чи тавр ба Донишгоҳ дохил шудан, интихоби барнома мувофиқи касби интихобкарда ва омодагӣ ба талаботҳои дохилшавӣ ба Донишгоҳ шинос мешаванд. Дигар чорабиниҳо ба монанди варзиш, драма, баҳсу мунозира, ва саёҳат ба иштирокчиён имкониятҳои иловагӣ барои омӯзиши забони англисӣ ба табодули таҷрибаҳои байниҳамдигарӣ фароҳам  меорад.
 
 “ДОМ донишгоҳи Осиёиест, ки ба самти меъёри байналмилалиӣ майл мекунад. Истироҳатгоҳ низ ин самтро пайгирӣ мекунад. Барнома дар асоси беҳтарин дастовардҳои байналмилалӣ, барномаҳои таълимӣ ва талаботҳои Осиёи Марказӣ таҳия шуд, ба хонандагон устодони таҷрибадор аз ҳайати омӯзгорони Осиёи Марказӣ ва гурӯҳи омӯзгорони  байналмилалӣ дарс медиҳанд” иброз дошт Дуктур  Ариф Качра, Декани ДОМ  оид ба корҳои таълимӣ.