Ҳадафи мушовирони Ӯрдугоҳи тобистонаи ДОМ ворид кардани дигаргунӣ аст.

Date: 25 June 2015
Деҳаи Корумду, Ҷумҳурии Қирғизистон, 25 июни соли 2015. Агар Шумо  тобистони имсола  ба  Ӯрдугоҳи тобистона, воқеъ дар  соҳилҳои шимолии  кӯли Иссиқ- Кӯл ташриф оред, Шумо ҳатман бо гурӯҳи ҷавонони тануманд,бо нимтанаҳои кабуд, ки аз тамоми гӯшаву канори дунё ҷамъ омадаанд  ва саргарми кор бо гурӯҳи хонандагони Донишгоҳи Осиёи Миёна (ДОМ) ҳастанд, вомехуред.
 
Ин панҷ нафар ҷавондухтарон ва  панҷ нафар ҷавонмардон, гурӯҳи мушовирони Ӯрдугоҳи тобистонаи ДОМ-ро ташкил медиҳанд.Ҳамаи онҳо аз синни бистсола боло буда   аз кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Австрия, Конадо, Британияи Кабир ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷамъ омадаанд.
 
Чӣ сабаб буд, ки ин ҷавонони  гуногунро аз саросари минтақа ва дигар кишварҳои ҷаҳон ба  кӯли Иссиқ- Кӯл ҷамъ омаданд. Барои Фируза Умароваи 24-сола аз Тоҷикистон, ин як  як шавқмандии қавӣ,  яъне ҳиссагузорӣ намудан ба рушди Осиёи Марказӣ буд; "Ман дар ин ҷо  таваллуд шуда ба воя расидам.  Ба ман муяссар гардид, ки  маълумоти хубе ба даст орам, ва ман як масъулият барои табодули афкор ва маҳорат бо дигаронро ҳис мекунам».
 
"Масъалаҳои маориф," давом медиҳад ӯ: “Ман мехоҳам, иштирокчиёни Ӯрдугоҳ бояд донанд, ки ояндаи онҳо дар дасти худи онҳост. Онҳо ҳаёти худро худашон месозанд. Бахусус, ман мехоҳам, ки духтарон бояд бидонад, ки онҳо ҳеҷ маҳдудияте надоранд."
 
Умарова, хатмкардаи шӯъбаи  Иқтисодии  Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон буда, дар бахши  рушд  кор  кардааст. Вай худаш барномаҳои таълимии  минтақавӣ ва  байналмилалиро ҷустуҷӯ намуда,  як сол дар дар  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  ва дар  конфронсҳои байналмилалии ҷавонон иштирок кардааст . Дар ҳоле ки фанни дӯстдоштаи ӯ риёзӣ буд, вай  бо  шавқи том  ба омӯзиши  санъат оид ба   наққошӣ ва расмкашӣ шуғл дорад”.
 
Мушовир Фируза Умарова  (Тоҷикистон ) бо албоми расмкашии худ, аз  шавқмандӣ ба санъат ва табиати нотакрори Иссиқ-Кӯл.
 
Умарова, ки  дар ин ҷо  иштирокчиёни Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд, дар маросими ифтитоҳи Ӯрдугоҳи  тобистона, бо Ҷаноби Олимақом Олим Раҳимов, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, мулоқот намуд. Раҳимов бо ёдоварӣ аз нуқтаи назари мусбии худ оид ба Ӯрдугоҳи тобистона  ва дар робита ба дурнамои  васеи Умарова  илова намуд,  ки: «Ин Ӯрдугоҳ на танҳо барои такмили малакаҳои забони англисӣ ва риёзӣ, балки ҳамчунин барои таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мусоидат менамояд».
 
Дар маросими ифтитоҳи  Ӯрдугоҳи тобистона, Олим Раҳимов, Cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон,  ба иштирокчӣ аз Тоҷикистон ,Сакина Маҳмудова сӯҳбат мекунад.
 
Aйсулу Худойбердиева, ҳам аз  Қирғизистон ва Қазоқистон, нуқтаи  назари шахсии худро ба монанди шавқмандии Умарова оид ба рушди  минтақа, шарҳ дод. Вай умедвор аст, ки чунин ҳавасмандиро дар хонандагон низ бедор хоҳад кард: “Ман мехоҳам,  ки иштирокчиёнро   ҳавасманд созам, то ки шаҳрвандони ҷаҳонӣ бошанд ва  корҳои бузургеро ба сомон расонанд. Аз ҳама муҳимаш, ман мехоҳам онҳоро барои тайғир додани кишвар ва ҷомеъаи худ ва барои беҳбудии он илҳом бахшам." 
 
Мушовир Айсулу Худойбердиева (Қирғизистон) дар соҳили кули Иссиқ- Кӯл ҳаловат мебарад.
 
Худойбердиева 21 –сола, донишҷӯи соли сеюми  Бахши Идоракунии Соҳибкорӣ аз Донишгоҳи Байналмилалии Ататурк –Алатои Бишкек аст.  Вай  бо панҷ забон гуфтугӯ мекунад, ва яке аз музокирони  таҷрибадор мебошад, инчунин чемпиони  Қирғизистон оид ба шамшербозӣ  аст. Вай ҳамчунин  бизнеси худро оид ба вақтхушии  кӯдакон ба роҳ мондааст. “ Он чиро дӯст медоред, иҷро кунед, ин барои ман натанҳо як ибора балки тарзи ҳаёти ман аст”иброз дошт ӯ.  
 
Аласдаир Андерсони 24-сола, ки бо наврасон кор мекунад, пас аз хатми Донишгоҳи  Единбурги Шотландия ба ин ҷо омадааст. Ӯ пас аз шиносои бо Ӯрдугоҳи тобистонаи ДОМ, аз Бритонияи Кабир ба ин ҷо омадааст “Ман вақте ки бо ҳадафҳои ДОМ шинос гардидам, ин ба ман илҳоми тоза бахшид ва хело хурсандам, ки ба ин ҷо ҷалб шудам.” 
 
 Мушовир Аласдаир  Андерсон бо нақлиёти дӯстдоштаи худ. Пас аз анҷоми Ӯрдугоҳи  тобистонаи ДОМ, Андерсон ният дорад  ба  зодгоҳаш Бритониёи Кабир бо велосипед равад!
 
Ин сафари аввалини Аласдаир ба Осиёи Миёна нест. Ӯ дар солҳои  2013 ва 2014 дар тӯли шаш моҳ бо Иттиҳоди Аврупо кор карда, забони англисиро дар Қирғизистон таълим додаст. Ӯ аз имконият баргаштан ба ин ҷо чунин мегӯяд: “Осиёи Марказӣ макони зебо, дурдаст ва гуногунранг аст. Ман аз самимият, матонат ва  шукӯҳи мардум ин ҷо, ки мулоқот доштам, рӯҳи тоза гирифтам”.
 
Андерсон умедвор аст, ки танҳо бо самимият бо хонандагон ғамхорӣ намояд. Андерсон   навозанда боистеъдод буда,  ба варзиш ва дигар  фаъолияти беруна, ба монанди саёҳат, кӯҳнавардӣ ва велосипедронӣ низ шуғл дорад. Дар ҳақиқат, пас аз хатми Ӯрдугоҳи тобистонаи ДОМ, Андерсон бо велосипеди худ ба ватанаш  Бритониё хоҳад баргашт!
 
Холид Keшавҷии 20-сола аз  Конадо, ки аз ҷалб шудан ба  гурӯҳи мушовирони Ӯрдугоҳи тобистонаи ДОМ  хурсанд аст, чунин иброз дошт: "Ман мехоҳам бо хонандагон машғулият гузаронида, барои такмили савияи дониши академии онҳо кӯмак расонам. Ман мутмаинам, ки Ӯрдугоҳ  як роҳи хубе барои хонандагон, яъне имкони такмили маҳорату малакаҳое, ки дар мактабҳо таълим намедиҳанд, мусоидат мекунад. Он ҳамчунин як роҳи хубе барои беҳтар намудани  рушди ҳаматарафаи онҳо кӯмак мерасонад”.
 
Мушовир  Холид Кешавҷи  (Конадо) таасуроти фаромӯшнашаванда гирифта , табиати зебоманзари Иссиқ-Кӯлро тамошо мекунад.
 
Донишҷӯи Улуми Сиёсӣ ва Рушди Ҷаҳонии Донишгоҳи Малика-и Онтарио, Keшавҷӣ аз тарафи нависандаи  Фаронса Андре Гайд илҳом гирифтааст, ки гуфтааст: “Кас наметавонад уқёнусҳои навро кашф намояд, то даме ки ҷасорати аз назар дур шудани соҳилҳоро дошта бошад”. Барои омӯхтани рушди умимиҷаҳонӣ, омӯзиш дар синфхона басанда нест, қаблан ӯ як сол дар шаҳри Рабати Марокко таҳсил намудааст. 
 
Барои тайёрӣ ба Ӯрдугоҳи  тобистона,  мушовирони дар як барномаи ҳамаҷонибаи таълимии чоррӯза иштирок карданд. Илова  ба корҳои  шиносоӣ ба ДОМ ва заминаи Осиёи Марказӣ, барномаи таълимӣ як қатор  малака ва  масъалаҳои дигар, ба монанди нақши  мушовирон, маданияти Ӯрдугоҳи тобистона, роҳбарӣ, усулҳои ташкили гуруҳ, ва стратегияҳои  ташкили боварӣ байни иштироккунандагонро  фаро гирифта буд.  Мушовирон инчунин  нақшаҳои  эҳтимолӣ ва ҷавобҳоро омӯхта дар бораи идоракунии хатар низ  маълумот гирифтанд.
 
Ӯрдугоҳи  тобистонаи ДОМ,  аз 17 июн то 7 июли соли 2015 дар Осишгоҳи Синегор,  дар соҳили  кӯли Иссиқ-Кӯли Ҷумҳурии Қирғизистон давом мекунад. Ӯрдугоҳ 76 нафар хонандагони боистеъдоди синфҳои  даҳӯмро аз Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Қазоқистон барои як таҷрибаи нодири ғанисозии барномаи таълимӣ ва такмил додани маҳорату малака аз фанҳои  забони англисӣ ва риёзӣ  ва дастгирии хонандагон барои дохил шудан ба Донишгоҳҳои маҳаллӣ ва ё байналмилалӣ мебошад.
 
Машғулиятҳои Урдугоҳ аз рӯи  ҷадвали дақиқ, дар ҳамбастагии  таҳсили академии  ва дигар фаъолиятҳо сурат мегирад. Ҳар субҳ бо  омӯзиши забони англисӣ ва Риёзӣ сарф карда мешавад. Дигар ҷамомадҳо барои таъмин намудани  иттилоот ва захираҳо барои  баланд бардоштани муваффақиятҳо  барои дохилшавӣ ба  Донишгоҳро дар бар мегирад. Мушовирон бо омӯзгорони Ӯрдугоҳи  тобистона алоқаи зич дошта, кӯшиш мекунад, ки иштирокчиён аз имкониятҳои омӯзишӣ пурра истифода бурда, дар маркази диққат бошанд. Онҳо инчунин ба дигар фаъолиятҳо, ба монанди  варзиш, драма, баҳсу мунозира иштирок менамоянд, ки ба онҳо имкониятҳои иловагӣ барои такмил додани  маҳорати забони англисӣ, омӯзиш ва табодули таҷриба, шароит фароҳам меоварад.
 
"Ин даҳ нафар  мушовирон ба Ӯрдугоҳи тобистонаи ДОМ, маҳорату малакаҳои гуногун, истеъдоди ҳаматарафа ва шавқу завқи  фаровон зам мекунанд.  Асоси кори онҳоро боварии  муштарак ташкил медиҳад, ва ҳар коре ки онҳо анҷом медиҳанд, дар ҳаёти иштирокчиёни Ӯрдугоҳ як  дигаргунӣ  ворид  мекунад” иброз дошт Мурзо Каримов, Директори Ӯрдугоҳ  “ба шавқмандӣ ва фаъолияти  онҳо назар карда, ман ҳеҷ шубҳае надорам, ки он иҷро хоҳад шуд”