Ҳамкорӣ байналмилалӣ ва Осиёи Марказӣ барномаи таълими навоваронро тавлид мекунад.

Date: 30 June 2015

Ҳангоми бо ҳам овардани омӯзгорони байналмилалӣ ва Осиёи Марказӣ, барои ғанигардони барномаи академӣ, барои хонандагони боистеъдод чи ҳодиса рӯй медиҳад?
 
“Вақте ки ҳамкории байналмилалӣ рӯи кор меояд, ин як мӯҷизе меофарад” мегуянд Насир Ҷафер, ки таҷрибаи 30-солаи омӯзгорӣ, ва мутахасис оид ба таҳияи барнома, такмили ихтисоси омӯзгорон, такмили маҳорати таълимии фанни риёзӣ байни табақаҳои камбизоати аҳолӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ва омӯзгори нав таълим гирифтаи риёзӣ, Бунёд Тусматов аз Тоҷикистон. Онҳо ҳар ду якҷоя оид ба низом даровардани барномаи риёзӣ, ки Ҷафер барои Ӯрдугоҳи тобистонаи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) таҳия кардааст, сару кор доранд. Ӯрдугоҳ дар Иссиқ-Кӯли Кирғизистон, бо фарогирии 76 нафар толибилмони .синфи даҳӯм аз Тоҷикистон, Қирғизистонва ва Қазоқистон фаъолият мекунад.
 
«Ман бовар намекунам, ки риёзӣ барои касе мушкилӣ дорад. Шумо бояд барномаро бо усулҳои гуногун, ки одамон меомузанд ба роҳ монед» мегӯяд Ҷафар. Тусматов бо таъкид ба педпгогика ва камбудиҳо дар барномаҳои Осиёи Марказӣ иброз дошт, ки ман боварӣ дорам, ки барнома талаботи иштирокчиёни Ӯрдугоҳи тобистонаро қонеъ мекунад”.
 
Барои Бунёд ҳамкорӣ бо Ҷафер як таҷрибаи муфиде аст. Бо илова ба таъмин намудани мавзӯҳои ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ, ба монанди назарияи эҳтимолият, графика, проблемаҳои ҷаҳонӣ ба барнома дохил карда, норасоиҳои барномаро бартараф намуданд, Ҷафер фаъолияти иштирокчигиро ба барномаи таълимӣ дохил намуд, ки дар мактабҳои Осиёи Марказӣ таълим дода намешавад, ва ба хонандагон кӯмак мерасонад, ки консепсияҳои риёзиро дар ҳаёти воқеӣ амалӣ намоянд. Бунёд пас аз гирифтани таълим аз Ҷафер, ки он нақшаи муфассали дарсиро дар бар мегирад, барои барои таълими барномаи навоварона хело хуб омода шудааст.
 
Бунёд дорои унвони дараҷаи бакалаврӣ дар соҳаи иқтисод ва математика аз Коллеҷи Эрлхам дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст ва инчунин дар Коллеҷҳои Муттаҳидаи Ҷаҳонӣ дар Мостар, Босния ва Герсеговина таҳсил намудааст. Пас аз кор кардан ба вазифаи таҳлилгари молиявӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бунёд ба Тоҷикистон, баргашта ҳоло ба вазифаи ёвари Менеҷери лоиҳаи РИСК дар Тоҷикистон, ва омӯзгори фанни риёзии SAT дар сафоратхонаи амрикоӣ дар шаҳри Душанбе кор мекунад.
 
Омӯзгори фанни Риёзӣ, Бунёд  Тусматов  аз Тоҷикистон ба хонандагон дар дарси риёзӣ кӯмак мерасонад.
 
Вақте ки аз Бунёд пурсон шудем, ки чаро ӯ мехоҳад дар Ӯрдугоҳи тобистона таълим диҳад, ӯ чунин ҷавоб дод, “Ман дар Осиёи Марказӣ зиндагонӣ мекунам ва мехоҳам саҳми худро дар рушди минтақа гузорам”
 
Барномаи забони англисӣ барои Ӯрдгоҳи тобистонаи ДОМ,аз тарафи коршиноси забони англисӣ аз Конадо, Забони англисӣ ҳамчун забони дуюм (ESL) таҳия карда шудааст. Барномаи таълимӣ маҳорат ва камбудиҳои педагогиро ба назар гирифта, ба ташакули малакаҳои нутқи хаттӣ ва ба хонандагон имконият барои изҳори ақида кӯмак мерасонад. Барои имкон додани тайғирпазирӣ, ки дар мактабҳои саросари Осиёи Марказӣ ҷо дорад, барномаи таълимӣ як силсила маҳоратҳои омӯзиши забони англисиро дар бар мегирад, ки ба хонандагони пешрафта имконияти кӯмак бо дигар хонандагонро фароҳам меоварад. Таълим аз тарафи як дастаи байналмилалӣ, иборат аз чор омӯзгор; яке аз Канада, яке аз ИМА, яке аз Фаронса ва яке аз Тоҷикистон гузаронида мешавад.
 
Виктория Иваненко, омӯзгори забони англисӣ аз Тоҷикистон, бо шиори худ “Хонед , хонед боз ҳам хонед” бо шавқи зиёд кор мекунад. Виктория хатмкардаи шӯъбаи забоншиносии бахши забони англисии Донишгоҳи Славонии Русӣ-Тоҷикии шаҳри Душанбе аст. Ӯ аз соли 2004, ба таълими забони англисӣ дар Донишгоҳи Славонии Русӣ-Тоҷикӣ ва Барномаи Гуманитарии Оғохон ва айни ҳол дар Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор ба таълими Забони англисӣ барои тиҷорат, Забони англисӣ барои корҳои академӣ, TOEFL, забони англисӣ гуфтугӯӣ машғул аст.
 
Омӯзгори Ӯрдугоҳи тобистона,  Виктория Иваненко аз Тоҷикистон дарси грамматикаро  мегузаронад.
 
Виктория барои хонандагони Ӯрдугоҳи Тобистона ҳадафҳои аниқ дорад; “Ман уедворам, ки таҷрибаи худро оид бар навиштани иншои академӣ ва чи тавр бо матнҳои мушкил ва луғоти нав кор карданро нишон диҳам. Аз ҳама бештар, ман мехоҳам, ки онҳо дарк кунанд, ки омӯзиши забони англисӣ шавқовар аст”.
 
Омӯзгори забони англисии Тристан Кардвел аз Конадо иштирокчиёни Ӯрдугоҳи тобистониро бо таҷрибаи беҳтаринро оид ба омӯзиши байналмилалӣ шинос намуд. Баъд аз гирифтани унвон дар соҳаи Рушди Байналмилалӣ ва Таҳқиқи Муҳит дар Донишгоҳи Мс Гил, Кардвил ҳамчун корманди ихтиёрӣ, оид ба фарогирии занон ба кор дар Танзания, ва таълими Забони англисӣ дар Тайван ва дар Зеландияи Нав таҳқиқот гузаронидааст. Ҳамчун Фасилитатори мавсимӣ барои корхонаи иҷтимоӣ Канада, Ман ба Мо, ӯ гурӯҳҳои донишҷӯёни ихтиёриро ҳини сафарҳо ба Никарагуа ва Эквадор ҳамроҳӣ карда, дар таҳияи лоиаҳо бо ҷомеаҳои маҳаллӣ кор кардааст.
 
Омӯзгори забони англисӣ,  Тристан  Кардвел аз Конадо кӯмаки фардӣ дар дарси забони англисӣ ба хонандагони  Ӯрдугоҳи тобистона мерасонад.
 
Баъд муайян кардани шавқу рағбати худ барои таълими забони англисӣ дар Тайван, Тристан ба наздикӣ барномаи таълими Шаҳодатномавӣ ESL (англисӣ ҳамчун забони дувум) дар Донишкадаи забони англисӣ дар Коллеҷи Сенека хатм намуд. Вай ба дастаи омӯзгорони Ӯрдугоҳи тобистонаи ДОМ ҳамроҳ шуд “бо истифода аз имкониятҳо барои ба ҳам овардани майлу рағбат бо таҷрибаи ман дар соҳаи рушди байналмилалӣ ҳаст”. 
 
«Бо ҳам овардани омӯзгорони таҷрибадор ва нави дараҷаи байналмилалӣ, мо мувафақ шудем, ки як барномаи дақиқ барномаи иштирокчигиро барои Ӯрдугоҳи тобистона ва ҳамзамон барои такмили ихтисоси омӯзгорони ҷавон замина гузорем”, гуфт: Доктор Ариф Качра, декани ДОМ оид ба корҳои таълимӣ.
 
Ӯрдугоҳи тобистонаии ДОМ то 7 июли соли 2015 давом хоҳад кард. Ӯрдугоҳ машғулиятҳои таълимӣ фанни риёзӣ ва забони англисӣ ва дигар имкониятҳои таҳсилро бо ҳам омехт, ки он ба баланд бардоштани имкониятҳо барои таҳсил дар Донишгоҳ , ва дигар фаъолиятҳо ба монанди варзиш, драма, баҳсу мунозира, саёҳат, такмили забони англисӣ ва мубодилаи афкорро дар бар мегирад.
 

 
 

Барои омӯзиш таҳия шудааст.

Барои таъмин намудани  ҷиддият ва мутобиқ ба Осиёи Миёна, таҳиягарони  барнома барои Ӯрдугоҳи тобистонаи ДОМ бо 30 нафар хонандагони  Осиёи Марказӣ, барои арзёбии дониши академӣ ва мушкилотҳои онҳо мулоҳот доштанд. Хонандагон оид ба зарурати беҳтар намудани маҳоратҳои забони англис , баланд бардоштани имконот барои оянда, ва шароитҳои баланд бардоштани нутқи хаттӣ, малакаҳои хондан ва ба тарзи фаҳмо баён намудани фикри  худ  бо забонии англисӣ изҳори ташвиш карданд. Дар ҳоле ки хонандагон дар ҳалли масъалаҳои риёзӣ шавқи зиёд доранд, онҳо инчунин имконият доранд, ки маҳорати  дар ҳаёт татбиқ намудани амалҳои риёзиро такмил диҳанд.

Барномаи натиҷадиҳанда  диққати бештарро баомӯзиши  забони англисӣ нисбат ба  фанни Риёёзӣ ва маҳоратҳои амалӣ медиҳад.  Барномаи англисӣ, грамматика, луғатомӯзӣ, стратегияҳои хондан ва навиштани Эссе-ро дар бар мегирад.   Мавзӯъҳои фанни Риёзӣ  алгебра, назарияи  эҳтимолият, графика  ва ифодаҳои расионалӣ  ва радикалиро фаро мегирад.  Дигар фаъолиятҳо ба  ҳадафҳои таълимӣ дар мувофиқаанд, ба монанди истифодаи мафҳумҳои математикии (ҳисобкунии  қувва ҳангоми задани тӯб) дар машқҳои варзишӣ, тамошои филмҳо доир ба мавзӯъҳои илмӣ ва дигар фаъолиятҳои алоқаманд ба санъат ва илм. Машғулиятҳо оид ба баланд бардоштани малакаҳои  дохилшавӣ ба Донишгоҳ , бо ишора аз маҳорат ва  консепсияҳои барномаро дар бар мегирад. Саёҳат ба иштироккунандагон,  вақти иловагӣ барои  омӯхтани мавзеҳои нав ва ғояҳо, таҷрибаивазкунӣ, ва таҳлил намудани он чиро ки меомӯзанд, кӯмак мерасонад.

«Бо ҳам оварданӣ  омӯзиши сохторӣ ва ғайрисохторӣ  имкониятҳои беназир барои ба роҳ мондани таҳсили академ,  замина мегузорад. Хонандагони Ӯрдугоҳи тобистона  ба  арзишҳои  асосии ДОМ, ки мувофиқи ин арзишҳо, хонандагони мо на танҳо бо маълумоти хуб доранд, балки ба касбу кор  тайёранд ; онҳо  бомаҳоратанд ва қодиранд дониши андӯхтаро дар амал истифода баранд” гуфт: "Доктор  Ариф Качра, декани ДОМоид ба корҳои таълимӣ.

 

Барнома аз тарафи  панҷ омӯзгорони ботаҷриба  ва  бо дастгирии даҳ тан  мушовирон гузаронида мешавад. Аъзои даста, ки аксарияти онҳоро ҷавонон -хатмкунандагони  донишгоҳҳо ташкил медиҳад, метавонанд ба наврасони баркамол ба сифати мураббӣ кор мекунанад, ва ба ҳадафҳои Ӯрдугоҳ, модели эҳтиромкорӣ, ва муносибатҳои берун аз мансабу мартаба содиқ мебошанд. Таносуби байни кормандон ва донишҷӯ як бар чор аст, ки  он барои омӯзиши шахсӣ ва муносибатҳои мураббигӣ шароит фароҳам меоварад.

«Як арзиши дигари асосии ДОМ, ин вазифаҳои мо дар назди  Осиёи Марказӣ мебошад," гуфт, Kachra. «Хонандагони Ӯрдугоҳи тобистона аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳастанд ва машғулиятҳо ба  пуррагӣ бо усули ҳамгиро мегузаранд, яъне хонандагон  аз кишварҳои гуногун якҷоя зиндагӣ мекунанд,  дониш меомӯзанд, хурок мехуранд,  бозӣ мекунанд, ва таҳқиқот мегузаронанд. Ва натиҷаи он хело аҷоиб аст! Дар ДОМ, хонандагони Осиёи Марказӣ аз минтақаҳои гуногун ба ҷо дигаргуниҳо, бештар ба ҳам монандӣ диққат медиҳанд.»

 

Истироҳатгоҳи тобистонаи ДОМ