ДОМ маросими анҷоми Ӯрдугоҳи тобистонаро и ҷашн мегирад

Date: 07 July 2015
Дар Фароғатгоҳи Синегоре, иоқеъ дар соҳили  кӯли Иссиқ-Кӯли Қирғизистон, маросими анҷоми Ӯрдугоҳи тобистонаи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ), баргузор гардид.
 
Дар маросими анҷом,  Хонум Рита Борбукеева намояндаи Ҳукумати вилояти Иссиқ-Кӯл; Хонум Кадиша Доирова, Ноиб-президенти шӯъбаи Ҳамкории Байналмилалӣ ва  Муносибатҳои Давлатии  Донишгоҳи  ба номи Назарбоев, оид ба  кор бо донишҷӯёни аз Қазоқистон ва оқои Давид Агнев, Президенти колеҷи Сенекаи Конадо ва оқои Шамс Қосим Лакха, Намояндаи дипломатикии Шабакаи Оғохон оид ба Рушд  ва Раиси Иҷроияи Кумитаи Мудирияти  Шӯрои ДОМ.
 
Summer Camp graduates receive certificates of participation from Mr Shamsh Kassim-Lakha, Executive Chairman of the UCA Board Executive Committee.
 
“Шумо ҳама хонандагони аълохон будед ва кӯшиш намудед, ки cавияи дониши худро аз забони англисӣ ва риёзӣ баланд бардоред. Баъзе аз шумоён, ба дараҷае пеш рафтаед , ки ҳатто  шеър қироат мекунед. Офарин” гуфт, хонум Борбукиева.
 
Ҳафтоду шаш нафар хонандагони синфи даҳӯм, аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон, ки як гурӯҳи донишҷӯёни боистеъдоди Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, тавассути  раванди қабули рақобатпазири аз байни зиёда аз 850 нафар довталабон ба Ӯрдугоҳ  интихоб шудаанд.  Дар маросими анҷом, ҳар як хонанда шаҳодатномаи иштирок дар Ӯрдугоҳро гирифт.  Маросими анҷом бо намоиши рақси анъанавии тоҷикӣ, хониши қомузи қирғизи ва намоиши саҳначаҳои  кутоҳ,  баргузор гардид.
 
«Нақши Донишгоҳ ин на танҳо  таъмин намудани маълумот аст. Он бештар аст. Он ба шумо  барои омодагӣ ба касби оянда кӯмак мерасонад. Шумо дар ин Ӯрдугоҳ бо ҳам омада, ҳамаи дигаргуниҳои  фарҳангӣ ва сиёсиро  паси сар кардед. гуфт: "Хонум Кадиша Доирова. «Ман хело хурсандам, ки аъзои гуруҳи машваратӣ оид ба таҳияи барномаи бакалаврии Донишгоҳи Осиёи Миёна ҳастам, ва умедворам, ки ин  яке аз барномаҳои беҳтарин хоҳад буд.
 
UCA Summer Camp participants and staff celebrate the successful conclusion of the UCA Summer Camp. Participants came from the three UCA host countries, Tajikistan, Kyrgyzstan and Kazakhstan and represent the beginning of UCA’s regional academic community.
 
Ӯрдугоҳи тобистонаи сеҳафтаина, ки 17 июни соли 2015оғоз гардид, ба иштирокчиён, барномаи беназири  ғанигардонии савияи дониши забони англисӣ, риёзӣ, ва кӯмаки муфиде барои дохил шудан ба донишгоҳҳои давлатӣ ва байналмилалӣ  ва инчунин иштирок дар дигар чорабиниҳо, аз ҷумла, варзиш, драма, мубоҳиса,  саёҳат, ки барои такмили малакаҳои  забони англисӣ ва мубодилаи афкор муҳиманд, шароит фароҳам меоварад.
 
"Ӯрдугоҳи тобистонаи ДОМ, ба ман дар  ҳақиқат маъқул буд! Бахши  дӯстдоштаи ман дарс буд. Ин имконияти хуб буд, ки ман то ҳол. ин қадар боғайратона наомухтам. Ман пагоҳи барвақт бедор шуда,  хоҳиши хондан доштам ва ҳамаи мушовирон ва омӯзгорон ба ман  маъқул буданд. Мо ҳамеша бо англисӣ гап мезадем ва  ман хеле пеш рафтам; Ман ҳоло ҳис мекунам, ки баъзан бо забони англисӣ фикр мекунам! Ин аввалин сафари ман ба Қирғизистон буд  ва ҳамагон  хеле дӯстона ва якдигарро доимо  дастгирӣ менамуданд!  Ҳамаи мо як хелем !” гуфт Мунира Tурсунова, аз Душанбе, Тоҷикистон.
 
Пас аз анҷоми истироҳатгоҳ, ДОМ, алоқаи довталабон ва мурабиёни Ӯрдугоҳро тавассути  Skype  ба роҳ хоҳад монд. Мурабиён ба хонандагон дастгирии минбаъдаро оид ба тарзи тайёр ва таъмин намудан барои маълумоти ҷаҳонӣ кӯмак хоҳанд расонид.