ДОМ- Созишномаи Рушди Барномаи Таълимиро бо Коллеҷи Сенекаи Конадо ба имзо мерасонад

Date: 08 July 2015
Имрӯз, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ)  Ёддошти Тафоҳум бо  Коллеҷи Сенекаи Конадо,  оид ба таҳрезии барномаи забони англисӣ, риёзӣ ва фанҳои дақиқ, барои Барномаи Омодагии ДОМ-ро, ба имзо  гузошт. Барнома пас аз қабули гурӯҳи аввалини довталабони  кампуси бакалаврӣ ДОМ, дар шаҳраки Норини Ҷумҳурии Қирғизистон, оғоз меёбад.
 
 
Маросими имзо, дар Идораи  Маъмурии Марказии ДОМ дар шаҳри Бишкек сурат гирифт.  Дар он Оқои Шамс Қосим Лакха, Раиси Кумитаи Иҷроия ва Шӯрои Мудирияти  ДОМ ва  Оқои Довуд Агню, Президенти Коллеҷи Сенека иштирок доштанд. Инчунин дар маросим  Доктор Ариф Качра, декани ДОМ оид ба корҳои  таълимӣ ва аъзоёни факултаи Сенека, ки алакай бо кормандони ДОМ, машғулиятҳоро оғоз намуданд, иштирок доштанд.
 
«Ҳамкорӣ бо коллеҷи  Сенека, як қадами ҷиддӣ ба пеш, роҷеъ ба тадриси барномаи бакалаврии ДОМ,  ва инчунин  рушди факулта  дар пешомади кушодашавии шаҳраки мо дар соли 2016 мебошад,” гуфт, Қосим-Лакха.
 
“Созишнома бо  ДОМ, ин ӯҳдадориҳои Сенекаро оид ба сохтмони купрукҳо ва шабакаҳо дар саросари ҷаҳон таҷассум мекунад. Мо ба барномаҳои илмии таълимӣ, дар миқёси  глобалӣ шавқмандем ва интизори ҳамкориҳои самарабахш  ҳастем,” гуфт:" Оқои Агню.
 
Барномаи Омодагӣ, дар соли аввали барномаи панҷсолаи  бакалаврӣ ба роҳ монда мешавад. Барномаи ғанигардонӣ сатҳи дониш, барои  баланд бардоштани савияи дониши забони англисӣ, риёзӣ ва илмҳои дақиқи қобили рақобат  дар сатҳи байналмилалӣ, ва омӯзиши малакаҳои асосӣ ва усулҳои таҳқиқотиро, ки барои таҳсил дар донишгоҳ заруранд, дар бар мегирад. Донишҷӯёни тахассусӣ бо маълумоти 12 сола аз барномаи озод хоҳанд буд, зеро санҷиши  пешбининамудаи ДОМ тасдиқ мекунад, ки онҳо ба таври кофӣ омода ҳастанд.
 
Дар доираи Созишнома, Сенека эҳтиёҷоти донишҷӯёни Осиёи Марказиро барои  дигар таълимотҳои иловагӣ, омодагӣ ба маълумот, дар восита бо меъёри байналмилалии Донишгоҳ, модули яксолаи забони англисӣ, риёзӣ, илмҳои дақиқ, баҳогузорӣ ва мувофиқ кардани барномаи таълимиро арзёбӣ мекунад. Сенека, инчунин барои устодони факултаи ДОМ, барномаҳои такмили ихтисос, ҳам дар Осиёи Марказӣ ва ҳам дар Конадоро таҳрезӣ мекунад.  Созишнома, баҳогузории дохилисинфӣ, шарҳдиҳиро дар якчанд ҳафтаи аввали соли хониши 2016-2017 ва таъмини маводҳои интернетӣ ва видео- конференсияҳоро дар бар мегирад. 
 
 “Дар ҳоле ки бисёре аз хатмкунандагони мактаби миёна, барои гирифтани маълумоти олӣ хело хуб тайёранд,  вале натиҷаи тести байналхалқӣ, фарқият ва нобаробарӣ дар  байни сатҳи дониши хонандагони Осиёи Марказӣ ва хонандагони кишварҳои узви OECD, оид ба хондан, риёзӣ, ва фанҳои дақиқ нишон дод. Барномаи Омодагӣ, ин заминаи мустаҳкам барои муваффақ шудан аст. Он ба мо имкон медиҳад, то талаботҳои донишҷўёнро арзёбӣ намуда, ба онҳо ҷавоб гӯем ва онҳоро бо малакаҳои зарурӣ барои муваффақ шудан дар муҳити рақобатпазири бакалаврӣ омода созем,” шарҳ дод Доктор Ариф Качра, декани ДОМ оид ба  корҳои таълимӣ.
 
Баъди бо муваффақият ба итмом расондани  Соли  Омодагӣ, дар соли дуюми таҳсил, донишҷӯёни ДОМ, курсҳои либералӣ ҳунарӣ, ки барои рушди тафаккури интиқодӣ ва байнифанӣ заруранд, фаро хоҳанд гирифт. Соли сеюми таҳсил, курсҳои тайёрӣ дар соҳаи илмҳои иҷтимоӣ ё илмҳои дақиқ ва риёзӣ  ва  омодагӣ барои курсҳои интихобкардаи касбиро дар бар мегиранд. Дар соли чорум ва панҷӯми таҳсил, донишҷӯён курсҳои асосии касбӣ ва ғайрикасбиро меомӯзанд.
 
ДОМ асосан бахшҳои зеринро дар бар мегирад; Технологияи компютерӣ, Робита ва ахбори омма, Иқтисодиёт,  Таҳқиқот оид ба Олам  ва муҳити атроф,  Таҳқиқоти муҳандисӣ ва Сармоядорӣ ва Менеҷмент.  Барномаи на чандон калон, Таҳқиқоти Рушд, Таҳқиқоти  Осиёи  Марказӣ ва масоили Ҷаҳоншавиро фаро мегирад. Донишҷуён соҳиби унвони Бакалавр дар соҳаи Илм ва ё Санъат мешаванд.
 
Коллеҷи Сенекаи Конадо,  дар  шаҳраки бо масоҳати  беандоза калонтарини Торонто ва гуногунрангӣ, ба  донишҷӯён дар  ҳамкорӣ бо раҳбарони саноат, дастрасӣ ба навтарин  дастовардҳои соҳаи  технологияи компютерӣ,  ва утоқҳои дарсии гуногунҳаҷм, таҳсили  пурра ва нопура ва  интихоби маълумоти давомдор бартарӣ медиҳад.Маълумот  бояд фасеҳ ва дастрас бошанд, аз ин сабаб,  Сенека низ  усулҳои гуногуни тадрис ба монанди лексияҳои дохили синфӣ ва лексияҳо тавассути Интернет, бо омӯзиши якҷоя ва  воқъеӣ - марбут ба барномаҳои санъат, соҳибкорӣ, хизматрасонии молиявӣ ва технологияро дар бар мегирад.
 
Ҳамкории  миёни ДОМ ва Коллеҷи Сенека, бо дастгирии молиявии Ҳукумати Конадо, ки тавассути  Раёсати корҳои Хориҷӣ, Тиҷорат ва Рушд ва Хазинаи Бунёди  Оғохони Канада, гузаронида мешавад. 
 
Ин ҳамкорӣ, робитаҳои мавҷудаи ДОМ  ва Конадоро тақвият бахшида, ки он якчанд ташаббусҳои ДОМ-ро дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, тавассути Раёсати Корҳои Хориҷӣ,Тиҷорат ва Рушд (РКХСР) ва Маркази Тадқиқоти Рушди Байналмилалӣ, аз ҷумла  оид ба таъсиси Донишкадаи Идоракунии Давлатӣ  ва Сиёсатгузорӣ, дастгирӣ мекунад. РКХСР, инчунин бо Донишгоҳи Бритониё Колумбиё, Донишгоҳи Карлетон ва  Донишгоҳи Алберта ҳамкории доимӣ дорад.