Ӯрдугоҳи тобистонаи ДОМ Рӯзи Илмҳои Дақиқро мегузаронад

Date: 03 July 2015
Рӯзе ки Ӯрдугоҳи тобистонаи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ), маҳфили Рӯзи Илмҳои Дақиқро ташкил намуд, толори Фароғатгоҳи Синегоре, воқеъ дар соҳили кӯли Иссиқ-Kӯли Қирғизистон, ба як лабораторияи илмӣ табдил ёфт.
 
Ҳафтоду шаш нафар хонандагони синфи даҳӯми Ӯрдугоҳ, бо сарварии дастаи мушовирон ва омӯзгорони байналмилалӣ ва Осиёи Марказӣ, аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон, ба чор гурӯҳ тақсим карда шудаанд. Панҷ нуктаҳои илмӣ дар cаросари бошишгоҳ, ҳар яке бо гузаронидани таҷрибаҳои гуногуни илмӣ, ташкил карда шуданд. Ҳар як гурӯҳ бояд дар тӯли ним соат фарзияеро пешниҳод намояд, таҷриба гузаронад, ба фарзия баҳо дода хулосаҳои илмӣ барорад ва дар амал иҷро шудани онро тавассути гузаронидани таҷриба нишон диҳад. Баъд онҳо ба нуктаҳои дигар мераванд.
 
 
 Участники изучили химические реакции на модели действующего вулкана
 
Ин панҷ нукта, оид ба фанҳои гуногун ва мафҳумҳои илмӣ таҳқиқот гузарониданд. Дар ду нукта, хонандагон баданҳои худро ба истифода гузоштанд; таҷрибаи биологӣ, аз онҳо талаб мекард, ки онҳо рефлекси худро дар буғумҳои гуногун санҷанд, таҷрибаи кимёвӣ бошад, бо чашми пӯшида муайян кардани таъм ва таҳқиқи омилҳои гуногун, ки ба муайян кардани тамъ таъсир мерасонанд, иборат буд. Ду нуктаи дигар мафҳумҳои физикиро омӯхтанд; яке аз хонандагон мотори оддиро сохт ва дигаре, бо истифода аз оби собундор ва тангаҳо сохти ғайритабиӣ сатҳи рӯизаминиро омӯхтанд. Дар нуктаҳои дигар хонандагон бо таҷрибаи бехатар, модели вулқонро ташкил карданд. 
 
Участники изучают воздействия различных факторов на вкусовые ощущения
  
“Рӯзи Илмҳои Дақиқ бо дарк кардани мафҳумҳои асосии илмӣ аз дигар намуди фанҳо, ба хонандагон барои такмили маҳоратҳои амалӣ кӯмак расонид. Таҷрибаҳо ба онҳо, барои дар амал истифода бурдани маълумотҳои илмӣ ва дар ҳалли проблемаҳо имкон дод. Таҳияи фарзияҳо, исбот ё рад кардани онҳо, ин як раванди хело муҳими тафаккури интиқодӣ аст. Ахиран, тавассути кор дар гурӯҳҳо, онҳо малакаҳои муҳими ҳамкориро омӯхтанд,” гуфт: Фараҳ Каманӣ муовини Директори Ӯрдугоҳи тобистонаи ДОМ, аз Конадо.
 
Хонандагон ҳангоми гузаронидани таҷриба маҳорати мушоҳидакуниро истифода бурда, бояд баҳс ва хулоса бароранд, ки чаро ин ҳодиса рӯй дод. Онҳо дар бораи аҳамияти тавлиди фарзия ва хулосабарорӣ ва ҳамзамон оиди аз сари нав санҷидани фарзияҳои худ, маълумоти тоза гирифтанд. Иштирокчиён инчунин интизори нишон додани донишу малакаҳои забони англисӣ ва риёзӣ, ки дар тӯли ду ҳафтаи аввал дар Ӯрдугоҳи тобистона андӯхтанд, буданд.
 
“Ман дар мактаб ҳеҷ гоҳ таҷриба  нагузаронидаам!  Ман худамро як «шахси илмӣ» ҳисоб намекунам, вале ин таҷрибаҳои хело шавқовар буданд.  Ба ман дар  ҳақиқат, таҷрибаҳо  дар бораи омӯзиши рефлекс ва таҷрибаҳо оиди фаҳмидани тамъ бисёр маъқул шудандд. Ман чизи наверо ёд гирифтам !” Гуфт: «Бибизулфия Холматова  аз Душанбе, Тоҷикистон
 
 “Дар таҷрибаи физикӣ оид ба шиддати рӯизаминӣ, мо бояд пай мебурдем, ки барои лабрез шудани зарфи оби собундор  мо бояд чанд танга партоем. Мо дар фарзияи худ, тахмин кардем, ки он бояд танҳо шаш танга бошад, вале дар охири он ба  сиву  ҳафт танга расид” ,”гуфт: «Бермет Абдукариева  аз Бишкек, Қирғизистон.
 
"Таҷрибаҳои илмӣ хело шавқовар буданд. Таҷрибаи биологӣ оид ба рефлекс ба ман хело маъқул шуд. Ман дар бораи бадани худ чизҳои навро фаҳмидам”, гуфт Санҷар Алмакин аз шаҳри Остона, Қазоқистон.
 
Ӯрдугоҳи тобистонаи ДОМ аз 17 июн то 7 июли соли 2015 давом мекунад. Ӯрдугоҳ ба иштироккунандагон шароите хело хуби ғанигардонии барномаи таълимӣ, барои баланд бардоштани савияи дониши забони англисӣ, риёзӣ, ва кӯмаки муфиде барои дохил шудан ба донишгоҳҳои давлатӣ ва байналмилалӣ ва инчунин иштирок дар дигар чорабиниҳо, аз ҷумла, варзиш, драма, мубоҳиса, саёҳат, ки барои такмили малакаҳои забони англисӣ ва мубодилаи афкор муҳиманд, шароит фароҳам меоварад.