Иштирокчиёни Истироҳатгоҳи тобистонаи ДОМ бо роҳҳои гуногун дониш меомӯзад

Date: 16 July 2015
Дар  роҳравҳои пурсояи Фароғатгоҳи Синегорияи Иссиқ-Кӯли Қирғзистон, овози баланди  сӯҳбат ва  мулоқотҳои пурҳаяҷон баланд садо медиҳад. Ҳарчанд  ин мавзеъ воқеъ дар маркази Осиёи   Марказӣ бошад, шумо танҳо забони англисиро мешунавед.
 
Гурӯҳи хонандагоне, ки дар тан нимтанаҳои кабуд доранд,  онҳоро ҳамчун иштирокчиёни Ӯрдугоҳи тобистона ва хонандагони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ), фарқ мекунонанд. Ӯрдугоҳи тобистона аз 17 июн то 6 июли соли 2015 фаъолият мекунад. Ин гурӯҳи хонандагони боистеъдод иборат аз  76 нафар тавассути  озмун, аз байни  850 нафар  довталабон аз Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Қазоқистон, ба Ӯрдугоҳи  тобистона интихоб шудаанд. 
 
Summer camp participants playing a narrative game during lunch break.
 
Таҳти сарварии  дастаи байналмилалӣ ва кормандон аз Осиёи Марказӣ, Ӯрдугоҳи  тобистонаи ДОМ, ба  иштирокчиён, оиди ғанигардонии дониши академӣ, барои беҳтар намудани забони англисӣ ва малакаҳои риёзӣ, кӯмаки зарурӣ, барои дохил шудан ба Донишгоҳ ва иштирок намудан дар машғулиятҳои фароғатӣ  шароит фароҳам меоварад. 
 
Иштирокчии Ӯрдугоҳ, Виктория Артюшенко аз Текелӣ, Қазоқистон, Ӯрдугоҳро ҳамчун як имкони зист тавсиф мекунад; “Баъд аз як ҳафтаи иштирок маҳорати забони  англисӣ ман хело хуб шуд. Ман ҳатто дар дарси риёзи, низ калимҳои навро меомузам! Ман дар ин ҷо, дӯстони навро ёфтам ва мо якҷоя кор карда ба ҳамдигар  кӯмак мерасонем ва аз ҳамдигар чизи наверо меомӯзем.” Артюшенко хонандаи мактаби № 3 шаҳри Текелӣ буда, орзу дорад пас аз хатми донишгоҳ  дар хориҷи кишвар таҳсил намуда, тарҷумон шавад.
 
US English Instructor Samina Lakhani working one-on-one with students during class.
 
“Ӯрдугоҳи тобистонаи ДОМ, имкониятҳои  гуногун барои таҳсил дар синфхона ва  давоми фаъолиятҳои фароғатӣ ва ҳатто дар ҷараёни фаъолияти ғайрирасмӣ, ки дар он кормандон ва иштирокчиён табодули таҷриба ва ақида мекунанд”  гуфт Директори Ӯрдугоҳи тобистона, Мурза Каримов аз  Қирғизистон.
 
Баланд бардоштани савияи дониши   забони англисӣ ҳадафи асосии Ӯрдугоҳи тобистона мебошад, ки 42 соати дарсӣ ва таъмини муҳити зарурро дар бар мегирад.
 
"Осиёи Марказӣ, макони ҷамоатҳои гуногун аст. Забонҳои русӣ ва миллӣ истифода бурда мешаванд, ва бисёр одамон бо ду  ё се забон гуфтугӯ доранд. Дар шароити ҷаҳоншавӣ имрӯза,  забони англисӣ забонест, ки роҳи  навро боз мекунад” гуфт Доктор Ариф Качра, декани  ДОМ оид ба корҳои таълимӣ.”  Омӯзиши чуқури забони англисӣ, як ҳадафи асосии Ӯрдугоҳи тобистона  мебошад, ки  барои таъмини рақобатпазирӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ба  иштирокчиёни Лагери кӯмак мерасонад.”
 
Системаи мониторинги шавқовари дукаса  иштирокчиёнро ба ҳис кардани ҷавобгарӣ водор мекунад.
 
«Дар оғози саршавии ӯрдугоҳ хонандагон 100 доллари монополия гирифтанд. Кормандон ва хонандагон, метавонанд доллари монополияро, аз касе ки ба дигар забон, ғайр аз аз англисӣ гап занад, талаб намоянд “ гуфт Малика Гилес, Менеҷери Барномаи Ӯрдугоҳи   тобистонаи ДОМ . "Дар анҷоми ӯрдугоҳ,  хонандае  доллари зиёдтар монополияро соҳиби шудааст, соҳиби ҷоиза мегардад.”
 
Tajik teacher Bunyod Tusmatov challenging students with new mathemical concepts in English.
 
Иштирокчиён инчунин 24 соат аз фанни риёзӣ таълим мегиранд, ки ин барномаи таълимӣ ба хонандагони дорои қобилиятҳои гуногун имкон медиҳад, ки дониши андӯхтаро берун аз синф истифода баранд. Иштирокчиёне, ки супоришҳоро тезтар иҷро мекунанд,  супоришҳои иловагӣ муракабтар аз забони англисӣ ва риёзӣ мегиранд. Машғулиятҳои иловагӣ барои иштирокчиёне, ки эҳтиёҷ ба дастгирӣ доранд, гузаронида мешавад. Фаъолиятҳои фароғатӣ,  истифодаи мафҳумҳои риёзиро бо ҳам меоранд,  ба монанди ҳисоб кардани қувва ва ба кадом кунҷ ҳаво додани тӯб ҳангоми бозии футбол ва волейбол.
 
Нигина Холова аз Душанбе, Тоҷикистон, аз имкониятҳои машғулиятҳои  гуногун дар Ӯрдугоҳ ҳаловат мебарад; “ Барои ман омӯхтани забони англисӣ, аз омузгороне, ки ин забони  модариашон аст, хело муҳим аст, инчунин омӯзиш дар муҳити гуногун бо хонандагон аз дигар кишварҳо хело хуб аст. Мо на танҳо маҳорати  забони англисӣ ва риёзиро такмил медиҳем, балки барои дохил шудан ба  донишгоҳ омода мешавем ва ин хело муҳим барои ҳадафи ман, ки  маълумоти тиббӣ гирифтан аст.”
 
Холова низ яке аз хонандагоне аст, ки бори  нахустин ба Ӯрдугоҳи  тобистонаи ДОМ ба Қирғизистон сафар намудааст.  Фаъолияти дӯстдоштаи ӯ дар Ӯрдугоҳ  забони англисӣ ва барномаҳои бегоҳирӯзӣ  мебошанд.
 
Volleyball was one of many sports activities at the UCA Summer Camp where students practiced mathematical concepts while having fun.
 
Ӯрдугоҳи  тобистонаи  ба Бурмакан Ҷакупова аз Куршаби, Қирғизистон, барои бо  забони англисӣ гап задан боварӣ пайдо кардааст; "Ман каме шармгин ҳастам, вале ман дӯстони зиёде пайдо кардам ва дарсҳои англисӣ бештар  боварӣ ҳис мекунам..  Пас аз анҷоми ин Ӯрдугоҳ ман бештар ба хондани китобҳои англисӣ ва саёҳат  машғул мешавам” Ҷакупова барои такмил додани савияи забони англисӣ ба Ӯрдугоҳ омадааст ва орзу дорад дар бахши муносибатҳои байналмилалӣ дар донишгоҳҳои Москва ё Қирғизистон таҳсил кунад.
 
«Вақте ки мо бори аввал ба Ӯрдугоҳ омадем, барои ман доимо бо забони англисӣ гап задан хело душвор буд, вале ҳоло ман ҳис мекунам, ки нутқи ман беҳтар шуда истодааст.”  гуфт, Мурод Қоимдодов  аз Душанбе, Тоҷикистон, ки ба фаъолиятҳои Ӯрдугоҳ ҳаловат мебарад . "Ба ман барномаҳои баҳсҳои шомгоҳӣ хело маъқул  аст, зеро он водор  мекунад, ки дар бораи бисёр масъалаҳо  фикр кунем  ва  малакаҳои тафаккури интиқодӣ мо беҳтар шавад.» Қоимдодов умедвор аст, ки савияи дониши забони англисӣ ва риёзии худро беҳтар намуда,  тахсилро дар Қазоқистон  ва минтақаи Миёназамин идома диҳад. 
 
Students making paper aeroplanes as part of an interactive activity during an evening session on how to choose a good University.
 
Таносуби кормандон ва хонандагон як бар чор буда, барои рушди фардӣ ва омӯзиш дар гуруҳи хурд шароити хубе фароҳам меоварад. Се ё чор нафар хонанда доимо ҳамроҳи як мушовир дар гурӯҳҳои мубоҳиса  ва дигар фаъолиятҳо ҳамкорӣ мекунанд.
 
“Чунин муносибат дар ҳақиқат ба хонандагон имконият барои баланд бардоштани маҳорати суханронӣ ва ба мо имкони наздикшавӣ ба хонандагонро медиҳад”барои” шарҳ дод  Амина Фидоӣ,  Мушовири Ӯрдугоҳи тобистонаи ДОМ аз Конадо.
 
Бисёре аз иштирокчиёни Ӯрдугоҳи  тобистонаи бо хонандагони  миллатҳои гуногун  алоқаҳои устувор ташкил карданд.  Аз ду то чор иштирокчиён аз кишварҳои гуногун дар як хона ҷой дода шуданд  ва тамоми фаъолияти Ӯрдугоҳ ба тарзи ҳамгиро ба роҳ монда шуда, барои табодули таҷриба  имкон медиҳад.
 
Қоимдодов шарҳ дод, ки чи тавр аз дӯстони наваш омӯхтааст: “Ман  бо бисёр одамон аз Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот кардам ва мо оид ба ривоятҳо ва маданияти худ мубодилаи афкор намудем.  Чунон ки ҳамаи мо аз Осиёи Марказӣ мебошем, мо дарёфтем,  ки мо нисбат ба тафовут,  бештар монандӣ дорем”