Донишгоҳи Осиёи Марказӣ кӯмаки дарозмуддат аз тарафи КСХХ барои анҷоми сохтмони компуси дуюм дар шаҳри Хоруғ мегирад

Date: 29 October 2015

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ), барои ба итмом расонидани сохтмони компуси  дуюм дар Тоҷикистон, ки мувофиқи нақшаи пешбинишуда соли 2017 ба анҷом расад, бо сармоягузории умумӣ ба маблағи $.94,4  фаъолона кӯшиш мекунад. 

Дар баробари 64,4 миллион доллар маблағи ҷудокарда аз ҷониби Бунёди Оғохон оид ба Рушд (AKDN), ки аз он 7,5 миллион доллар аз ҷониби Фонди Оғохон, Корпоратсияи  Сармоягузории Хусусии Хориҷӣ (КСХХ), ки он  муассисаи рушди молиявии Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад, барои ба  анҷом расонидани марҳилаи якӯми сохтмон дар шаҳри Хоруғ ба маблағи 30 миллион доллар  зиёд кард.

Нақшаи генералии компусҳои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ, Тоҷикистон, дар умум.
 
 “Дар ҳоле ки саҳми молиявии КСХХ  хело муҳим аст,  инчунин  намоиши боэътимоди ҳадафҳом ДОМ, сифати  иншоотҳо ва барномаҳои таълимӣ ҷолиби диққат мебошад. Ин албатта дигар ҳамкорони имконпазири Донишгоҳро ҳавасманд мекунад. Мо се компуси бо андозаи якхела, иншоот ва меъёрҳои ягона,  ки дар рушди ҳамаи давлатҳои муассиси ДОМ  адолатро таъмин мекунанд, месозем. Мо барангезандаи асосии интелектуалӣ  буда, хамчун намуна барои  рӯҳбаланд кардани дигарон, барои баланд бардоштани чунин стандартҳо  дар минтақа хизмат мекунем” гуфт, Шамс Қоссим Лакха , Раиси Кумитаи иҷроияи мудирияти ДОМ ва намояндаи дипломатии  Ташкилоти Оғохон оид ба рушд  (AKDN) дар Ҷумҳурии Қирғизистон.
 
Намуди Марҳилаи якӯми сохтмони  компусҳои ДОМ дар  шаҳри  Хоруғ,  пас аз  гузоштани пойдеворҳо, ки моҳи июни соли 2015 оғоз гардид.
 
Пас аз пурра ба кор даровардан, ДОМ дар Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Қазоқистон компусҳои худро хоҳад дошт. Сармоягузорӣ аз тарафи КСХХ ба пешрафти компуси Норини ДОМ дар Ҷумҳурии Қирғизистон , ки мувофиқи нақша аз моҳи сентябри соли 2016 кушода мешавад тарафи Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд (AKDN)  маблағгузорӣ карда мешавад.   Компуси Хоруғ аз моҳи сентябри соли 2017 кушода хоҳад шуд ва алҳол  сохтмони компуси сеюм дар шаҳри Текелии  Қазоқистон дар соли 2019 пешбинӣ карда шудааст.
 
Намуди ҳозираи  бинои таълимии ДОМ дар шаҳри Хоруғ (октябри соли 2015).
 
Қабули  нахустин гурӯҳи донишҷӯёни ДОМ аллакай оғоз ёфт. Чор аввалин ихтисосҳои таълимӣ  бо дараҷаи бакалаврӣ Фан оид ба Замин ва Олами беруна, Иқтисодиёт дар Хоруғ;  Технологияи Итилоотӣ, Робита ва Васоити ахбори омма дар Норин; баъдан соҳаи Муҳандисӣ,  Соҳибкорӣ ва Идоракунӣ дар шаҳри Текели ба роҳ монда мешаванд.
 
Намуди ҳозираи  хобгоҳҳои ДОМ  дар шаҳри Хоруғ (октябри соли 2015).
 
“Сифати баланди таълим, дастрасӣ  ба маълумоти олии маҳаллӣ ин  пойдевори муҳим барои табақаи миёнаи Осиёи Марказӣ мебошад.  Фаъолияти Донишгоҳи  Осиёи Марказӣ дар минтақа, барои тайёр намудани  доираи васеи донишҷӯёни  соҳибистеъдод,  бо омӯзиши малакаҳои зарурӣ, ки барои пайваст шудан ба  бозори зуд тағйирёбандаи меҳнат, кӯмак  расонид. КСХХ аз он ифтихор дорад, ки саъю кӯшиши  ДОМ-ро дастгирӣ мекунад ва интизор меравад, ки он таъсири мусбат ва  устувор  хоҳад дошт”, гуфт Элизабет Литлфилд , Президент  ва Директори генералии  КСХХ.
 
Корҳои сохтмонӣ дар шаҳри Хоруғ, ки  дар баландии 2200 м аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, идома дорад. Воситаҳои муосири дастгирӣ,  аз ҷумла таъмини озуқаворӣ ва хизматрасонии тиббӣ барои кормандони соҳаи сохтмонӣ дар моҳи июни соли гузашта ба анҷом расид. Баъд пурра тайёр намудани майдони сохтмонӣ, марҳилаи якуми сохтмон, ки он майдони 15000 метри мураббаъро дар бар мегирад  ва он аз як бинои таълимии сеошёна (манзили истиқоматӣ, китобхона, синфхонаҳо,  лабораторияи компютерӣ, ҷойҳои умумӣ барои донишҷӯён,  ошхона, нуқтаҳои маъмурӣ ва нуқтаи қабули факулта,  идораҳо ва ҷойҳои истиқоматӣ), хобгоҳҳои донишҷӯён, лабораторияҳо, бинои зисти донишҷӯён ва иншооти варзишии дорои дараҷаи байналмилалиро дар бар мегирад.
 
"Компусҳои Донишгоҳ аз ҷиҳати стратегӣ дар шаҳрчаҳои хурду миёна ҷойгир шуда, ҳамчун нуктаҳои  рушд барои ҷамоатҳои начандон  пешрафтаи кӯҳӣ  мусоидат мекунанд, онҳо маълумоти олии баландсифатро таъмин мекунанд;  тавассути ҳамкорӣ бо корхонаҳои миллӣ навовариро ҷорӣ мекунанд; ва чунин ҷойҳои на он қадар пешрафтаро бо дигар  марказҳои рушди иқтисоди минтақа пайваст мекунанд, гуфт:" Раҳим Соманӣ, сардори бахши молиявии ДОМ. "Интизор аст, ки марҳалаи  якӯми  компуси Хоруғ, таъсири иқтисодӣ ба маблағи 275 миллион доллар дар тӯли  беш аз 25 сол дар Тоҷикистон,  аз ҷумла таъсиси 300 ҷойҳои кори сохтмонии миллӣ ва  тақрибан 100 ҷойи кори доимиро дар Донишгоҳ таъмин мекунад”.
 
Дар соли 2006 аввалин   барномаи таълимии   ДОМ,  Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор (ММКД) таъсис дода шуд.  То ин муддат  ММКД  80,000 донишомӯзонро дар минтақа (аз ҷумла, 40,000 дар Тоҷикистон) ба таълим фаро гирифт. Дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, Донишгоҳ, Маркази Таълимии  ММКД-ро дорад, ки он  ба ҷавонон, калонсолон ва кормандони факултаҳо курсҳои Гувоҳномавиро (Сертификатсионӣ) пешкаш мекунад.
 
Барномаи Инсоншиносии Оғохони (БИО) ДОМ, ки барномаҳои таълимии иноватсионии гуманитарӣ ва барномаҳои таълимии факултаро пешниҳод мекунад, низ дар шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Курсҳои Барномаи Инсоншиносии Оғохон , айни ҳол  дар 74 муассисаҳои таълимӣ дар саросари Осиёи Марказӣ ба роҳ монда шудаанд, ки дар онҳо беш аз 600 устодон таълим гирифта, ба 13 000 донишҷӯён таълим медиҳанд.
 
Дар байни дигар ташаббусҳои таълимӣ дар ДОМ, се муассисаҳои илмӣ низ мавҷуд ҳастанд. Инҳо Пажӯҳишгоҳи Таҳқиқоти Ҷомеаҳои Кўҳӣ,ки он ҳалли мушкилот ва имкониятҳоро дар ҳудуди ҷамоатҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ дар бар мегирад. Донишкадаи Идоракунӣ ва Сиёсати Давлатӣ барои ҳавасманд намудан оид ба ҷорӣ намудани навоварӣ ва дархостҳои дақиқ ба сиёсати давлатӣ вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодӣ мусоидат мекунад. Бахши Мероси Фарҳангии Осиёи Марказӣ ва Шӯъбаи Гуманитарӣ, барои дастгирӣ намудани тадқиқот, ки он як ҳадафи асосии ДОМ , яъне расонидани  кӯмак ба мардуми ин минтақа барои мусоидат намудан ва нигоҳ доштани мерос ва анъанҳои  бои фарҳангии минтақа,  барои насли оянда мебошад. 
 
ДОМ як бахши  Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд (AKDN), ки он аз соли 1992 дар Осиёи Миёна фаъолона дар самти биниши иқтисодӣ-фаъол, дар самти сиёсӣ- устувор, дар самти зеҳнӣ-солим ва дар самти  фарҳангӣ таҳаммулпазир  фаъолият мекунад, мебошад.
 

 
Эзоҳ:
 
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) дар соли 2000 таъсис дода шудааст.  Президенти Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва, инчунин Аълоҳазрат Оғохон,   Шартномаи байналмилалии муассисон ва Низомномаи Донишгоҳи хусусӣ дунявиро ба имзо расониданд, ва баъдан   аз тарафи парлумонҳои ин кишварҳо ба тавсиб расид ва дар Созмони Милали Муттаҳид ба қайд гирифта шуд. Донишгоҳ бо мақсади пешниҳоди маълумоти олӣ мувофиқи дараҷаи байналмилалӣ  дар Осиёи Марказӣ,  ва тайёр намудани  мутахасисоне, ки  метавонанд бо маҳоратҳои роҳбарӣ, ғояҳо  ва  навоварӣ  дар рушди иқтисодиёти минтақа саҳмгузорӣ кунанд, таъсис дода шудааст. ДОМ  бо дастгирӣ ва ҳамкорӣ бо  Ташкилоти Рушди Оғохон фаъолият мекунад. Барои маълумоти бештар дар бораи  ДОМ, лутфан ба сомонаи зер ташриф оред: www.ucentralasia.org.
 
Шабакаи Оғохон оид ба рушд
Ташкилоти Оғохон оид ба рушд аз гурӯҳи оҷонсиҳои босалоҳият иборат мебошад, ки дар бахшҳои муҳити зист, тандурустӣ, маориф, меъморӣ, фарҳанг, молияи хурд, инкишофи деҳот, пешгирии фалокат, рушди корхонаҳои хусусӣ ва эҳёи шаҳрҳои таърихиро дар бар мегирад. Шабакаҳои Оғохон барномаҳои худро новобаста аз эътиқоди мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсият пиёда мекунанд. Маълумоти бештарро оиди Шабакаҳои Оғохон оид ба рушд метавонед аз сомонаи www.akdn.org дастрас намоед.  
 
Хазинаи Оғохон, ИМА
Хазинаи Оғохон дар ИМА, ин ташкилоти рушди байналмилии хусусӣ,  ғайритиҷоратӣ бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар баъзе аз минтақаҳои камбизоаттарини ҷаҳон фаъолият мекунад.  Хазинаи Оғохон бо аҳли ҷомеа, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ, соҳибкорон, давлатҳо ва роҳбарони маҳаллӣ бо сармоягузории дарозмуддат,таъсиси  муассисаҳои доимӣ ва  ташкили ҷомеаҳои шаҳрвандӣ, бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагонии аҳолӣ  дар саросари Африқо ва Осиё ҳамкорӣ мекунад. Бо боварии тамом оид ба умумияти инсоният, Хазинаи Оғохон ба  ҷамоатҳо, барои беҳтар кардани сатҳи зиндагони аҳолӣ дар  оянда , сарфи назар аз ҷинс, нажод ё дин кӯмак мерасонад. Хазинаи Оғохони ИМА, ин ташкилоти ғайритиҷоратӣ, аз андоз озод, мувофиқи банди  501 (с), (3) -и Кодекси андози дохилӣ мебошад. Барои маълумоти бештар дар бораи Бунёди Оғохони ИМА, лутфан ба сомонаи зер ташриф оред: www.akfusa.org
 
Корпоратсияи  Сармоягузории Хусусии Хориҷӣ 
Корпоратсияи  Сармоягузории Хусусии Хориҷӣ (КСХХ)  муассисаи молиявии рушди Ҳукумати ИМА мебошад. Он маблағи хусусиро барои расонидани кӯмак дар ҳалли мушкилоти оид ба  рушд сафарбар мекунад ва бо ин роҳ сиёсати хориҷӣ ва афзалиятҳои амнияти миллиро пеш мебарад. Аз оне ки КСХХ бо бахши хусусии ИМА кор мекунад, он ба сармояи ИМА барои дарёфти дасти мамад дар бозорҳои рушдёбанда, зиёд кардани даромад,ҷои кор  ва имкониятҳои рушд ҳам дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидат мекунад.   КСХХ  ба  ҳадафҳои худ  тавассути маблағгузорӣ  сармоядорон, ва таъмини  суғуртаи хатарҳои  сиёсӣ ва дастгирии баробари  маблағи сармоя, дар ҳолате ки сармоягузории тиҷоратӣ дар ҳама ҷо имконият надорад амал мекунад. КСХХ ҳамчун оҷонсии Ҳукумати ИМА дар соли 1971 таъсис ёфта, дар асоси таъмини худидоракунии бе арзиши соф ба андозсупорандагони Амрико амал мекунад. Ҳамаи лоиҳаҳои КСХХ  дар доираи риояи меъёрҳои баланди экологӣ, иҷтимоӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи коргарон фаъолият мекунанд. Бо ваколатдорӣ дарсатҳи  баланд, КСХХ барои рушди саноат  стандартҳои  минтақавии кишварҳое , ки лоиҳаи он амал мекунанд, кӯмак мерасонад.  Хизматрасонии КСХХ.  дар беш аз 160 давлат дар саросари ҷаҳон ва барои вусъат додани корхонаҳои сармоядори дастрас аст. https://www.opic.gov/