Нашри китобҳои нав дар бораи мероси фарҳангии Помир аз ҷониби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ

Date: 12 November 2015
Other languages: English | Русский язык |
Бо ташаббуси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) рӯнамоии 3 китоби нав дар Макази Исмоилияи шаҳри Душанбе сурат гирифт. Харитаи Бостоншиносии Помири Шарқӣ бо қалами  Мира Бубнова ва ду ҷилди дигар дар бораи Санъати Мусиқии Помир бо қалами Низом Нурҷонов, Файзулло Кароматов ва Баҳринисо Қобилова шомили ин китобҳо мебошанд. 
 
Баромади Баҳринисо Қобилова, ҳамкори муаллифи  Санъати Мусиқии Помир  дар назди меҳмонон, ки дар намоиш иштирок намуданд.
 
Доктор Богдан Кравченко, мудири кул ва раиси мактаби олии ДОМ гуфтааст: “Ин маҷмӯаи китобҳо ҳамчун як кори фарогир дар заминаи мусиқӣ ва мероси муосири Помир баҳогзорӣ шудаанд. Донишногоҳи Осиёи Марказӣ аз он хушнуд аст, ки дар ҳифзи ин мерос саҳм дорад.”
 
Санъати Мусиқии Помир, таҳқиқоти панҷҷилда дар бораи санъати мусиқии халқӣ, осори шифоҳӣ, рақс ва анъанаҳои театрии минтақаи Помир мебошад. Ин маҷмӯа кори комили 40 солаи Нурҷонов ва Кароматов бо кумаки Шӯъбаи таърихи ҳунари донишкадаи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон мебошад. Ҷилди чорум ва панҷум оид ба Санъати Мусиқии Помир дар чорабинии мазкур ба намоиш гузошта шуданд.
 
Се китоби қаблан муаррифи шуда (аз боло), ҷузъи калонтарини Шӯъбаи Мероси Фарҳангӣ ва Гуманитарии ДОМ мебошанд.
 
Ҷилди чорум,  Афсонаҳо, Достонҳо ва Ривоятҳо, эпосҳо, афсонаҳои мусиқӣ ва сурудҳои ҳаҷвии Помирро пешниҳод мекунад. Шеърҳои шоирони маҳаллӣ ва шоирони классикӣ, ба монанди Носири Хусрав, Саноӣ, Аттор, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Шамси Табрезӣ, низ гирдовардӣ шудаанд.  Ҷилди панҷум ва охирин, Мусиқии Инструменталиро  бо шумули оҳангҳо барои асбобҳои гуногуни мусиқӣ ва гуруҳҳо, сурудҳои лирикӣ, ки дар заминаи шеъру таронаҳои халқӣ ва ашъори классикони  форсу тоҷик эъҷод гардидаанд, фаро мегирад. Як боби он,  ба ҳаёт ва эъҷодиёти навозанда ва сарояндаи боистеъдод Наврӯзшо Қурбонасейнов бахшида шудааст. Ин ҷилд бо бахши сурудҳои лирикӣ, аз тарафи овозхонони  Театри Мусиқӣ ва Драмавии ба номи Рӯдакӣ шаҳри Хоруғ (ҳозира ба номи Меҳрубон Назаров), ки соли 1936 таъсис дода шуда, барои тарбия ва рушди мероси бои мусиқӣ ва анъанаҳои шоиронаи ин минтақа мусоидат мекунад.
 
 Низом Нурҷонов, ҳамкорӣ муаллифи китоби Санъати мусиқии Помир.
 
Ҷилди аввали ин маҷмӯа, Мероси Мусиқии Тоҷикони Помир, дар бораи сурудҳои лирикии матнҳои машҳури маҳаллӣ ва жанрҳои шоирони классикии форсу тоҷик ҳикоят мекунад. Ҷилди дуюм, оид ба Иҷрои Мусиқӣ ва  Рақси Тоҷикони Помир, мусиқии халқӣ ва ҳунарҳои намоишии минтақаро тасвир мекунад ва  мураккаб будани иҷрои  услуби  мусиқӣ-драмавӣ сурудҳо ва рақсро ёдрас  мекунад. Китоби сеюм, Мусиқии Оину Маросимҳо: Таваллуди кӯдак, Ҷашни арӯсӣ ва Маросими дафн, мусиқӣ, намоишҳо ва ҳамосаҳоеро тасвир мекунад, ки дар ҷашнҳо ва идҳои оилаҳои бадахшонӣ вуҷуд доранд. 
 
 Олими шинохта, Мира  Бубнова, муаллифи Харитаи Бостоншиносии Помири Шарқӣ (аз чап),  Доктор Kучумкулова, сардори  Шӯъбаи Мероси  Фарҳангӣ ва Гуманитарии ДОМ-ро табрик мекунад.
 
Харитаи Бостоншиносии Помири Шарқӣ, китоби дуюми силсилаи ду ҷилда, оид ба таърихи нодир, бозёфтҳо ва ҳифзи ёдгориҳои бостонии кӯҳистони Помир аст.
Ин асар дар заминаи таҳқиқоти васеъ эҷод шуда, харитаҳои нодир, аксҳо ва таҳқиқотҳои асилро дар бораи 300 ёдгории таърихӣ дар бар мегирад. Инчунин ба таърихи асрҳои миёна ва имрӯзи мардуми Помири шарқӣ пардохта аст. Ҷилди иловаи  Харитаи Бостоншиносии Помири Ғарбӣ, соли 2008 бо қалами Бубнова ба табъ расидааст.
Нашри I-V ҷилдаи Харитаи Археологӣ Помири Шарқӣ ва Санъати Мусиқии Помир аз ҷониби Бахши Маҷмӯаи Китобҳои Мероси Фарҳангии ДОМ ба нашр расидаанд. Он маҷмӯи таҳқиқотҳое аст, ки мақсадаш нигоҳ доштани мероси фарҳангии нодир ва гуногуни Осиёи Марказӣ мебошад. Онҳо бо дастгирии Фонди Кристенсен, дар доираи лоиҳаи “Нигаҳдории Мероси Фарҳангӣ ва Пешбурди Таҳқиқот дар Осиёи Марказӣ: Кӯмак ба Олимони Маҳаллӣ”, ба нашр расидаанд.
 
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби бахши Мероси Фарҳангии Осиёи Марказӣ  ва Маркази Улуми инсоншиносии ДОМ, барои пешбурди дарки фарҳангҳо ва наслҳо, дастгирии олимони Осиёи Миёна бо мақсади гузаронидани тадқиқотҳои аслӣ ва баландсифат,  нашр ва паҳн намудани кори онҳо ба мухотабони минтақа ва байналхалқӣ, амалӣ мешавад. ДОМ дар доираи ин лоиҳа нашри шаш маҷалаи  аслии олимони Ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистонро кардааст. 
Лутфан, барои харидани китобҳо ва дигар  Маҷмӯаи Китобҳои Мероси Фарҳангии  ДОМ, ба  ин суроға муроҷиат кунед: publications@ucentralasia.org