MMКД-и ДОМ маросими хатми таҳсили зиёда аз 200 нафар донишҷӯёни Тоҷикистон ва Афғонистонро ҷашн мегирад

Date: 19 November 2015
Other languages: English | Русский язык |
Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ даҳумин маросими хатмро дар таърихи 14-уми ноябри соли 2015, дар театри шаҳри Хоруғ, Тоҷикистон ҷашн мегирад.
 
 200 нафар хатмкунандагони ММКД ДОМ аз Тоҷикистон ва Афғонистон курсҳои технологияи  иттилоотӣ, муҳосибӣ, маълумоти касби-техникӣ, фулузгарӣ, хазинадор\ муҳосибӣ, ба нақшагирии бизнес ва курсҳои омӯзиши забонҳоро хатм карданд.
 
Хонум Гулдастамо Орумбекова, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон; ҷаноби Ғулом Ҳошим, консули Афғонистон дар шаҳри Хоруғ; Доктор Карл-Ҳайнтс Франк, директори минтақавии Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ)  ва Доктор Богдан Кравченко, директори генералии ДОМ дар ин чорабинӣ ширкат варзиданд.   
 
“Ҳукумати  ВМКБ фаъолияти пурсамари ММКД- ДОМ –ро дар таҳкими маҳорати касбӣ ва рушди иҷтимоӣ-иқтисодии минтақа хелохуб арзёбӣ мекунад. Барномаҳои ДОМ,  дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ натиҷаҳои хуб доранд. Мо бесаброна интизори идомаи ҳамкорӣ ва пурзӯр кардани неруи бузурги ин Донишгоҳ хастем”, гуфт  Орумбекова. 
 
Донишгоҳ зиёда аз 200 нафар хатмкунандагонро дар маросими Хатми таҳсил фаро мегирад. Хатмкунандагони Технологияҳои Иттилоотии  ММКД ДОМ,  соҳиби шаҳодатномаи эътирофшудаи Шаҳодатномаҳои Байналмилалии Компютерӣ гардиданд.  Шаҳодатномаҳои касбӣ ба  хатмкунандагони барномаи Технологияи муҳосибӣ ва барномаи Шаҳодатномавии касбӣ-техникӣ тақдим карда шуд. Хатмкунандагони барномаҳои Хазинадор/муҳосиб, банақшагирии соҳибкорӣ, Забони англисӣ барои мақсадҳои академӣ ва хатмкунандагони курсҳои кутоҳмуддати Забони англисӣ барои муошират бо Шаҳодатномаи  дастовардҳо тақдим карда шуданд. Хатмкунандагони курсҳои  Забонҳои русӣ, олмонӣ ва чинӣ  барои муошират соҳиби Гувоҳномаҳои дастовардҳо гардиданд. Донишомӯзони Афғонистон аз ноҳияҳои ҳамсарҳадии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар барномаи кутоҳмуддати ёрдамчии фулузгари  ММКД ДОМ,  ки бо кӯмаки Созмони Байналмилалии оид ба муҳоҷират  ба таҳсил фаро гирифта шуданд, соҳиби Шаҳодатномаи   дастовардҳо гардиданд.
 
Директори генералии ДОМ, доктор  Богдан Кравченко Шаҳодатномаи бахши авто механикиро ба Қаламов Фарайдун тақдим мекунад.
 
ММКД-и ДОМ низ дастовардҳои 10 нафар устодон, ки  соҳиби унвони  магистрӣ дар соҳаи Идоракунӣ  аз тарафи Донишгоҳи Славонии Қирғизистон-Россия (ДСҚР), ки дар заминаи  ҳамкории  байни  ДОМ  ва ДСҚР, ҳамчун  як бахши Барномаи Рушди соҳибкории хурду миёна дар Осиёи Марказӣ, ки бо ташаббуси USAID ва Фонди Оғохон ташкил шудааст, эътироф мекунад. Ин устодони нав тахассус гирифта, қисми  пешбарандаи  факултаи нави Мактаб оид ба Барномаи соҳибкории хурду миёнаро ташкил медиҳанд, ки алҳол таҳти Робитаҳои иқтисодӣ -иҷтимоӣ:  Рушди чандгонаи шароити молиявӣ  дар Тоҷикистон,  дар ҳамкорӣ миёни USAID ва  Фонди Оғохон  қарор дорад.
 
ММКД ДОМ дар соли 2006 дар шаҳри Хоруғ таъсис дода шуд ва Маркази таълимии он дар шаҳри Душанбе аз соли 2008 кушода шуд.  То имрӯз ММКД зиёда аз 27000 донишомӯзонро  дар шаҳри Хоруғ ва 16000 донишомӯзонро дар Душанбе  ба таҳсил  фаро гирифт. Тавассути ҳамкорӣ бо Фонди Оғохон ва сохторҳои  давлатӣ, ММКД ДОМ, тавассути се Марказҳои омӯзиши сайёр дар ноҳияҳои  Шуғнон, Дарвоз ва Ишкошими Афғонистон ва воҳиди давомдори Донишгоҳи Бадахшон дар шаҳри Файзобод курсҳои таълимиро ба роҳ монд.  Мактаб инчунин системаи кафолати таълими босифати  худро дар Марказҳои Таълимии  Хадамоти Оғохон  оид ба маориф дар ноҳияҳои  Ишкошим ва Зебок муаррифӣ намуд. Дар маҷмӯъ, ММКД ДОМ зиёда аз 4500 донишҷӯёнро  дар шаш  манотиқи Афғонистон ба таҳсил фаро гирифт.
 
«Ин даҳумин маросими хатми таҳсил, марҳилаи муҳим барои ДОМ аст. Мо аввалин маросими хатми таҳсилро, дар соли 2007 дар шаҳри Хоруғ  бо 57 нафар хатмкунандагони  танҳо ду барнома ҷашн гирифтем. Имрӯз мо зиёда аз 200 нафар хатмкунандагони 10 барномаҳои таълимиро табрик мекунем. ММКД ДОМ-и Хоруғ ҳамчун муассисаи устувор ва пурғайрат зуҳур кард, ки ба талаботи калонсолон ва ҷавонон ба барномаҳои сифатноки касбӣ ҷавобгӯ аст ва ҳатто  онҳоро барои таҳсил ба Донишгоҳ низ тайёр мекунад. Ифтитоҳи шаҳраки донишҷӯён дар соли 2017 дар Хоруғ, ба ММКД ДОМ роҳҳои навро боз мекунад, ба донишҷӯён имкониятҳо, дастрасӣ ба иншоот ва таҷҳизоти дараҷаи ҷаҳонӣ пайдо мекунанд, ки онҳоро барои иштирок кардан дар рушди саноат ва соҳибкорӣ дар минтақа омода мекунад”, гуфт:  Кравченко, ҳангоми сухани табрикотиаш. «Дар ҳамкорӣ бо ҳукумати сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ , ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамоатҳои маҳаллӣ мо фахр мекунем, ки як ҷузъи  таъсисдиҳандаи манзараи Бадахшон мебошем." 
 
Силсилаи аксҳо