Илм дар бораи замин ва муҳити зист, бакалаври илм

Оё ба табиат шавқу ҳавас доред? Оё имкониятҳои беҳбуди шеваҳои муҳити зистро мебинед? Барои ҳифзи захираҳои беназири Осиёи Марказӣ омодаед? Аз истифодаи мафҳумҳои илмӣ дар мушкилиҳои ҷаҳони воқеӣ лаззат мебаред? Агар чунин аст, пас ихтисоси Илм дар бораи замин ва муҳити зист барои шумо аст.

Ихтисоси миёнриштаии Илм дар бораи замин ва муҳити зисти ДОМ аз тариқи омезиш додани донишҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, системаҳои экологӣ ва геологӣ ба омода кардани роҳбарон ва донишмандони огоҳ мусоидат мекунад. Ин барнома бо истифода аз таҷрибаҳои гуногуни зиндагӣ, минтақаҳои экологӣ ва фарҳангии қисматҳои куҳии Осиёи Марказӣ ба мушкилиҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ба монанди тағйири иқлим, фақр, тахриби муҳити атроф, набуди таҳаммул ва амнияти ғизо ва нерӯи барқ расидагӣ мекунад.

Барномаи таълимии Илм дар бораи замин ва муҳити зист дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Британияи Колумбия дар Канада таҳия шудааст ва инчунин аз манбаҳои Институти тадқиқоти манотиқи куҳии ДОМ истифода мекунад.

Барномаи таълимӣ аз тариқи донишҳои илмҳои табиӣ, иҷтимоӣ ва инсонӣ бунёди устувори Илм дар бораи замин ва муҳити зистро ироа мекунад. Инчунин боиси тақвияти маҳоратҳои зарурии касбӣ ва тадқиқотӣ мешавад ва имкониятҳоеро барои шумо фароҳам мекунад, ки дар арсаҳои мавриди алоқаи худ тадқиқот гузаронед.

Кампусҳои мо, ки дар минтақаҳои куҳӣ ҷойгир шудаанд, фазои беназиреро барои омӯзиш фароҳам мекунанд. Шумо ба Институти тадқиқоти манотиқи куҳии Донишгоҳ, дастрасӣ хоҳед дошт, ки Иқдоми омӯзиши системаҳои иҷтимоӣ - экологиро роҳбарӣ мекунад ва манбаҳоеро ба монанди озмоишгоҳи Системаи иттилооти ҷуғрофии (СИҶ) ДОМ пешниҳод карда, ба шабакаи байналмилалии муҳаққиқон дастрасӣ медиҳад.

Устодони Илм дар бораи замин ва муҳити зист

Муродбек Лалҷебаев
Бен Ҷариҳанӣ
Mуҳсин Муаззин

Дарсҳои асосӣ

  • Асосҳои кимиё, физика ва экология
  • Консепсияи илми табиатшиносии муосир
  • Ҷуғрофияи иқтисодӣ ва демографияи Тоҷикистон
  • Муқаддимаи Системаи иттилооти ҷуғрофӣ (GIS) ва санҷиши фосилавӣ
  • Равишҳои таҳқиқи гуногун
  • Роҳҳои шинохт: Муҳитҳои куҳистонӣ дар андеш ва амал
  • Идоракунии муҳити зист ба он ишора мекунад, ки чӣ гуна ҷомеа ва ҳукуматҳо робитаи инсон бо табиатро мудирият мекунанд. Омӯзиши идоракунии табиат ин омӯзиши асос, маънӣ ва сохторҳои низомҳои мудирияти муҳитзистӣ ва муқоисаи ин низомҳо барои дарки он мебошад, ки чаро бархе аз мушкилоти муҳитзистӣ ба ҳамон шакли хос мудирият мешаванд, кадом равишҳои мудирияти муҳитзистӣ бештар (ё камтар), барои кӣ ва дар кадом роҳҳо муваффақанд. Ин дарс ба дунболи ироа кардани василаҳо барои баррасӣ ва таҳлили масъалаҳое аст, ки зербинои мушилиҳои мудирияти муҳитзистӣ мебошанд. Дарси мазкур бо мурур кардани равишҳои мафҳумии аслии мудирияти робитаҳои табиат ва инсон шурӯъ мешавад: равишҳо бар асоси муқаррарот, равишҳи ташвиқӣ ё бар асоси бозор, равишҳои мудириятии ҷомеаасос ва равишҳои мудирияти муштарак. Инчунин нақши ин равишҳоро дар идоракунии муҳитзистии ҷаҳонӣ дар назар мегирад. Ғайр аз ин дар ин дарс ба намунаҳои тадқиқот дар мавзӯҳои мудирияти об, ҳаво, замин ва биосфера тамаркуз мешавад, ки донишҷӯён донишҳои андӯхтаашонро ба кор баранд. Донишҷӯён дар марҳилаи баъдӣ тарзи нишон додани ҷанбаҳои муҳитзистии ин мушкилот дар мудирият, арзёбии таъсирот ва пайомадҳои муҳитзистӣ ва чигунагии таъсири иттилооти илмӣ ба тасмимгириро баррасӣ мекунанд.

  • Муҳити зист ва рушд дар манотиқи куҳӣ
  • Ин дарс нишонаҳои гармшавии ҷаҳонӣ, сабабҳои тағйири иқлим, таъсири инсон ба табиат ва системаҳои инсонӣ ва роҳҳои коҳиш ва ё мутобиқат бо шароити тағйири иқлимро таҳқиқу баррасӣ мекунад. Таваҷҷуҳи махсус ба таъсирот ва мутобиқат дар манотиқи куҳистони Осиёи Марказӣ дода мешавад.

  • Офатҳои табиӣ ва мудирияти хатар дар минтақаҳои куҳистонӣ
  • Муқаддимаи геология ва равандҳои замин
  • Ин дарс донишҷӯёнро бо хусусиятҳои минералҳои физикӣ ва кимиёвӣ, сангҳо ва таҳшинҳо ва тарзи ченкуниву арзёбии онҳо дар табиат ва озмоишгоҳ шинос мекунад. Илова бар ин, робитаҳои навъҳои санг ва сохтори замин, реша ва хусусиятҳои захираҳои маъданӣ омӯхта мешаванд. Донишҷӯён дар доираи ин дарс корҳои озмоишгоҳӣ ва саҳроӣ низ анҷом медиҳанд.

  • Муқаддимаи мавод ва захираҳои геологӣ
  • Равандҳои сатҳи замин дар муҳитҳои куҳистонӣ
  • Гидрология ва Гидрогеология

Дарсҳои махсус

Дарсҳои табиатшиносӣs:

  • Илми ҳифзи муҳити зист
  • Экологияи амалӣ
  • Таъсири муҳисти ҳист ва арзёбии хатар
  • Системаи иттилооти ҷуғрофӣ (GIS) ва санҷиши фосилавӣ

Дарсҳои геология:

  • Геохимия
  • Геодинамика ва геологияи сохторӣ
  • Таҳшинҳо, стратиграфия ва захираҳои гидрокарбон
  • Минералҳо, сангшиносӣ ва канданиҳои фоиданок

* Дарсҳо метавонанд тағйир ёбанд.

Тибқи талаботи кишвар ба донишҷӯён курсҳои интихобӣ пешниҳод карда мешавад, ки онҳо метавонанд курсҳои ройгонро аз дигар ихтихсосҳо интихоб кунанд.


Шумо маҳоратҳои касбии зеринро ба даст меоваред:

  • Истифодаи маҳоратҳои махсус ба монанди санҷиши фосилавӣ ва равишҳои моделсозӣ барои расидагӣ ба ниёзҳои воқеии зиндагӣ ва анҷом додани тадқиқот;
  • Истифодаи якҷояи донишҳои илмӣ бо фаҳмиши воқеиятҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои арзёбии таъсир ва расидагӣ ба мушкилиҳои феълии табиӣ;
  • Омезиш додани донишҳои маҳаллӣ ё бумӣ бо тадқиқотҳои худ;
  • Ҷамъоварии иттилооти муҳитзистӣ ва геологӣ бо истифода аз равишҳои тадқиқ ва таҷҳизоти корҳои саҳроӣ;
  • Таҳлили намунаҳои геологӣ ва муҳитзистӣ бо истифода аз таҷҳизоти озмоишгоҳ ва асбобҳо барои корҳои саҳроӣ;
  • Ба гунаи муассир расонидани мафҳумҳои илмӣ дар шакли хатӣ, шифоҳӣ ва графика ба истифодабарандагони техникӣ ва ғайритехникӣ.

Имкониятҳои корӣ

Ихтисоси иловагӣ ихтисоси асосии шуморо такмил карда, маҷмӯи маҳоратҳо ва дониши шуморо ғанӣ мегардонад ва шуморо барои корфармои оянда ба як довталаби ҳамаҷониба табдил медиҳад.

  • Системаи иттилооти географӣ
  • Кашф ва истихроҷи маъдан
  • Энергияи барқароршаванда
  • Таҳлил ва истифодабарии технологияи иттилоотӣ
  • Назорати муҳити зист, барқароркунӣ, таҳлили сиёсат ва арзёбии таъсирот
  • Мудирияти офати табиӣ ва ҳифзи муҳити зист
  • Мудирияти устувори захираҳои табиӣ
  • Туризми куҳӣ