Иқтисод, бакалаври илми гуманитарӣ

Шумо ба шуғли сиёсати иқтисодӣ рағбат доред, ки ба пешрафту тарақиёти Осиёи Марказӣ мусоидат кунад? Шумо талош мекунед, ки дар ҷомеа соҳибкори таъсиргузор бошед? Шумо ба барномаҳои таҳлилӣ шавқ доред, ки ширкатҳо барои тасмимгириҳои тиҷоратӣ истифода мебаранд? Мехоҳед дар пайдо кардани роҳҳалҳо барои мушкилоти ҷаҳонӣ ба монанди фақр, афзоиши нобаробарӣ ва тахриб шудани муҳити зист кумак кунед? Агар мехоҳед, пас барномаи Иқтисоди ДОМ барои шумост.

Ҳадафи ДОМ омӯзиш додани иқтисоддонoҳоест, ки ба таври стратегӣ фикр мекунанд ва ҳамчун муҳаққиони, сиёстгузорон, соҳибкорон ва таҳлилгарони муассир хидмат кунанд ва барои фаҳмидани мушкилиҳои иқтисоди Осиёи Маркзӣ ва ҷаҳон аз василаҳои иқтисодӣ истифода кунанд. Ин ихтисос интихобҳои зиёдеро дар бахшҳои гуногун фароҳам мекунад. Иқтисоддонҳо дар ниҳодҳои давлатӣ ва бахши тиҷоратӣ инчунин дар ташкилотҳои мухталифи давлатӣ ва ғайридавлатӣ кор мекунанд.

Барномаи Иқтисоди ДОМ дарсҳои гуногуни мувофиқ ба ниёзҳои донишҷӯёнро пешниҳод мекунад. Донишҷӯён ин барномаро бо омӯхтани назарияи асосии иқтисод ва равишҳои миқдорӣ ва истифодаи он дар омӯхтани арсаҳои гуногуни иқтисодӣ ба монандаи иқтисоди тиҷорат, рушди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, иқтисоди ҷаҳонӣ ва иқтисоди муҳитзистӣ шурӯъ мекунанд.

Барномаи таълими ин ихтисос дар ҳамкорӣ бо Мактаби иқтисоди Маскав ва Мактаби иқтисоди Стогҳол дар Рига таҳия шудааст.

Шумо ба Институти сиёсати давлатӣ ва идоракунӣ, ки дар мавриди сиёсати давлатии марбут ба рушди иқтисодӣ-иҷтимоии Осиёи Марказӣ таҳқиқотҳои дақиқ анҷом медиҳад ва бо вазоратҳои иқтисоди кишварҳои минтақа ҳамкории қавӣ дорад, дастрасӣ хоҳед дошт. Барномаи Иқтисоди ДОМ барномаи амалие аст, ки ба шумо имкон медиҳад то аз тариқи таҷрибаомӯзӣ ва имконоти дигар робитаи ғайри қобили инкори соҳибкорӣ ва рушди иқтисодиро фаро бигиред.

Устодони барномаи Иқтисоди ДОМ

Браҳим Феззанӣ
Бернард Мусик
Анвар Насим
Якуб Поланскӣ
Мирзобобо Ёрмирзоев

Дарсҳои асосӣ

  • Асосҳои микроиқтисод бо робитаи хонаводаҳо ва ширкатҳои тиҷоратӣ сару кор дорад. Низоми бозори озод заминаи ин дарс аст. Аз ин рӯ, дуввумӣ мутамаркиз бар мафҳумҳои арза ва тақозо аст; донишҷӯён маъно, тарзи фаъолият ва муайян кардани нархи мол, хадамот ва омилҳои ин мафҳумҳоро меомӯзанд. Ин дарс сохтор, номуваффақиятӣ ва мафҳумҳо дар бораи тиҷорати ҷаҳониро низ дар бар мегирад. Илова бар ин, бо ба даст овардани дониш ва бинишҳои иқтисодӣ донишҷӯён метавонанд дар фаъолиятҳои касбӣ ва низ барои худ тасмимҳои мантиқӣ бигиранд. Мафҳумҳои калидии иқтисодӣ ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки шаҳрвандони огоҳтар бошанд, дар баҳсҳои гуногуни иқтисодӣ иштирок кунанд ва сиёсатҳои иқтисодиро дар расонаҳо пайгирӣ кунанд.

  • Муқаддимаи Иқтисоди калон
  • Ин дарс ба донишҷӯён барои беҳтар донистани омор ба унвони илми додаҳо (data) кумак мекунад. Мо дар асри иттилоот зиндагӣ мекунем ва додаҳо дар ҳама ҷо вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, доштани маҳорати ҷудо кардани донишҳои зарурӣ аз додаҳо хеле муҳим аст. Ин дарс ба донишҷӯён имконияти донистани моҳияти омор, гирдоварии додаҳо инчунин хулоса, ташкил, таҳлил ва тафсири додаҳоро фароҳам мекунад. Дарси мазкур як дарси муқаддимавии омор бо намунаҳо ва корҳои ҷаҳони воқеӣ аст, ки дар лексияҳо ва корҳои омӯзишӣ ироа шуда буданд. Ин дарс мафҳумҳо ва назарияҳои омориро дар бар мегирад ва бо истифода аз додаҳои воқеӣ ба паҳн кардани натиҷаҳое, ки мо онҳоро таҳили оморӣ ном мебарем, мусоидат мекунад. Донишҷӯён эҷоди далелҳои ададиро ба монанди “далелҳои қавие вуҷуд дорад ки...” ва “додаҳо нишон медиҳанд, ки...” меомӯзанд. Донишҷӯён барои муҳосиботи ададӣ аз бастаи R истифода мекунанд.

  • Ин дарси муқадамотие мебошад, ки методҳо ва василаҳои ибтидоии оморро, ки иқтисоддонҳо ва олимони дигари улуми иҷтимоӣ барои арзёбии равобити таҷрибӣ байни тағйирёбандаҳо ва озмоиши назарияҳои махсус, истифода мебаранд, дар бар мегирад. Тамаркузи ин дарс ба баррасии моҳият ва доманаи эконометрика ба унвони риштаи муҳими улуми иҷтиомӣ мебошад. Ин дарс ба ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии моделҳои эконометрика таваҷҷуҳ мекунад ва донишҷӯёнро дар таҳлили додаҳои воқеӣ бо истифода аз забони барномасозии R омӯзиш медиҳад. Ба таври хос, василаҳое, ки дар ҷараёни дарс мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд, асосҳои таҳқиқ, таҳлили марбут ба бархе нишондодҳои иқтисодиро эҷод мекунанд ва ба озмоиши фарзияҳо ва анҷом додани пешбинии иқтисодӣ бо истифода аз додаҳои ададӣ мусоидат мекунанд.

  • Иқтисоди калони миёна
  • Иқтисоди хурди миёна
  • Омори олӣ
  • Эконометрикаи амалӣ
  • Иқтисоди Осиёи Миёна

Курсҳои махсусгардонидашуда

  • Иқтисоди соҳаи рушд
  • Иқтисоди муҳити зист ва захираҳои табиӣ
  • Сиёсати кишоварзӣ, савдо ва рушд
  • Иқтисоди меҳнат ва муҳоҷират
  • Рушди устувор
  • Муқаддимаи молия
  • Ҳисобдорӣ
  • Иқтисоди соҳибкорӣ
  • Соҳибкории иҷтимоӣ
  • Мудирияти соҳибкорӣ ва навоварӣ
  • Таърихи иқтисод ва таърихи андешаҳои иқтисодӣ
  • Иқтисоди муассисӣ
  • Иқтисоди умумӣ
  • Назарияи бозиҳо
  • Иқтисоди байналмилалӣ: назарияи савдо ва сиёсат
  • Ин дарсҳо маълуомоти умумиро дар мавзӯъҳои асосии иқтисоди пулии байналмилалӣ пешниҳод мекунад. Донишҷӯён мафҳумҳои назариявии иқтисоди пулии байналмилалиро баррасӣ карда, дар мавриди мисолҳои амалии иқтисоди ҷаҳон, аз ҷумла намунаҳои кишварҳои рӯ ба рушд, бозорҳои навзуҳур ва иқтисоди Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор мекунанд. Ҳамаи мавзӯъҳои баррасишуда бо мисолҳои вобаста ба мавзӯъ нишон дода мешаванд.

* Дарсҳо метавонанд тағйир ёбанд.

Тибқи талаботи кишвар ба донишҷӯён курсҳои интихобӣ пешниҳод карда мешавад, ки онҳо метавонанд курсҳои ройгонро аз дигар ихтихсосҳо интихоб кунанд.


Шумо маҳоратҳои касбии зеринро ба даст меоваред:

  • Тавоноии дарки падидаҳои печидаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз тариқи равишҳо ва назарияҳо;
  • Таҳлили иттилооти миқдорӣ ва сифатӣ бо ҳадафи омӯхтани робитаҳо байни ченакҳои иқтисодӣ;
  • Таҳлили омилҳои таъйинкунандаи сифати тиҷорат, арзиши корхона ва робита байнаи сармоя, кор ва технология дар бозори Осиёи Маркзӣ;
  • Маҳоратҳои иртиботии муассир барои интиқоли мафҳумҳои гуногун ба доираи васеи мухотабон;
  • Арзёбии интиқодии теъдоди зиёди мушкилиҳо бо пурсидани саволҳои марбутаи тадқиқотӣ ва ироа кардани далелҳо барои иқдомҳои эҳтимолии сиёсӣ.

Имкониятҳои корӣ

Ихтисоси иловагӣ ихтисоси асосии шуморо такмил карда, маҷмӯи маҳоратҳо ва дониши шуморо ғанӣ мегардонад ва шуморо барои корфармои оянда ба як довталаби ҳамаҷониба табдил медиҳад.

  • Бахши хусусӣ
  • Бонкдорӣ
  • Корхонаҳои хурду миёна
  • Бахши давлатӣ
  • Ташкилотҳои ғайридавлатӣ
  • Созмонҳои байналмилалӣ
  • Тадқиқотҳои илмӣ