Тарзи пешниҳоди ариза дар бораи қабул



Ё
Боргирӣ кардани варақаи ариза Боргирӣ кардани варақаи ариза дар бораи қабул ба барномаҳои бакалавриати Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар солҳои 2019-2020. Аризаҳо барои қабул ба шаҳракҳои донишҷӯёни ДОМ дар Норин (Ҷумҳурии Қирғизистон) ва Хоруғ (Тоҷикистон) қабул карда мешаванд.

Дар формати Word
Дар формати PDF


Ариза дар бораи қабул ба ДОМ-ро худи ҳозир пешниҳод намоед


Марҳилаҳои асосӣ


Варақаи ариза ва ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ

Ба ДОМ аризаи пур кардашуда ва ҳуҷҷатҳои ҳамроҳро на дертар аз соати 23:59 (GMT+6) 1 марти соли 2019 пешниҳод намоед.

Ба ғайр аз ариза шумо бояд то муҳлати муқарраршуда чунин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намоед:

  • Иқтибоси расмӣ аз варақаи баҳоҳо барои синфи 10 ва ду чоряки аввали синфи 11 (барои довталабон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ) ё барои синфҳои 11 ва ду чоряки аввали синфи 12 (барои довталабон аз кишварҳои дигар). Агар шумо дар донишгоҳ таҳсил кунед, шумо бояд иқтибос аз варақаи баҳоҳои худро аз ҷои таҳсилатон пешниҳод намоед.
  • Нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ё шиноснома.
  • Сурати (3х4 см) дар давоми се моҳи охир гирифташуда.

Бурси таҳсилӣ ба донишҷӯёни намунавӣ аз Тоҷикистон, Қиргизистон ва Қазоқистон дар асоси озмун супорида мешавад. Ин озмун натиҷаи беҳтаринро аз имтиҳони дохилшавӣ ба ДОМ, математика, олимпиадаи миллӣ аз забони англисӣ ва Шаҳодатномаи тиллоии Тести умумии ҷумҳуриявиро фаро мегирад. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои зикршударо ба Комиссияи қабули ДОМ пешниҳод намоед.

Барои дастовардхои барчаста дар фаъолиятхои таълими ва берун аз синфи комиссияи интихоби метавонад имконияти кабули довталабро дархол дар соли дуюм (бе назардошти курси омадаги) дар системаи таълимии панчсола барраси намояд. Дар ин холат, донишчуён аз Точикистон бояд натичаи имтихони Маркази миллии тестиро мутобики талаботи Вазорати маориф ва илми ЧТ бояд пешниход намоянд. Натичаи имтихони ММТ барои дохилшави барои соли аввал хатми нест (курси омадаги).


Аризаро бо се тарз пешниҳод намудан мумкин аст:

ОНЛАЙН
  1. Пур кардан ва пешниҳоди онлайни ариза
  2. Фиристодани ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ ба apply@ucentralasia.org

Дастурамали қадам ба қадам
Саволҳои роиҷ
БО ПОЧТАИ ЭЛЕКТРОНӢ
  1. Боргирӣ, чоп, пур кардан, скан кардан ва фиристодани ариза ва ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ бо почтаи электронӣ ба apply@ucentralasia.org
  2. Дар сатри "Мавзуъ"-и паёми электронӣ "Ариза" ва ному насаби худро ишон додан лозим аст.



ШАХСАН РАСОНИДАН
  1. Ҳуҷҷатҳоро шахсан ба яке аз нуқтаҳои ДОМ дар Тоҷикистон, Қирғизистон ё Қазоқистон расонидан мумкин аст.
  2. Дар болои лифофа ному насаб, суроғаи почтаи электронӣ ва рақами телефони худро нишон диҳед.
  3. Аризаҳо аз рӯзи душанбе то рӯзи ҷумъа аз 9:00 то 18:00 қабул карда мешаванд.

Арзиҳое, ки пас аз соати 23:59 (GMT+6) 1 марти соли 2019 қабул мешаванд, баррасӣ карда намешаванд.

Бастаи пурраи ҳуҷҷатҳо дар шакли коғазӣ метавонад то муҳлати ниҳоии муқарраршуда ба ҳар кадоме аз суроғаҳои зерин пешниҳод карда шавад:



Полный пакет документов в бумажном виде можно подать по любому из указанных адресов:


Отдел приема заявлений УЦА
720001, Кыргызская Республика, г. Бишкек
ул. Токтогула 138

Университет Центральной Азии, кампус в Нарыне
Ул. Ленина 310, Нарын
722900, Кыргызская Республика

Университет Центральной Азии, кампус в Хороге
ул. Киматшо Иматшоева 155, Хорог, ГБАО
736000, Таджикистан

ШПНО г. Душанбе
734013, Республика Таджикистан
г. Душанбе, проспект Дружбы Народов 47А

ШПНО в г. Хорог
736000, Республика Таджикистан
ГБАО, г. Хорог, ул. Ленина 126

ШПНО в г. Нарын
722900, Кыргызская Республика
г. Нарын, ул. Сейтаалы Жакыпова 19

ШПНО в г. Текели
041700, Республика Казахстан
г. Текели, ул. Гагарина 13

 

Рӯйхати назоратӣ

Шакли ариза – онлайн, сканшуда ё чопшуда
Иқтибос аз варақаи баҳоҳо
Нусхаи шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият
Сурати (3х4 см) дар давоми се моҳи охир гирифташуда

Оид ба тарзи пешниҳоди ариза саволҳо боқӣ монданд?

Онҳоро бо почтаи электронӣ ба admissions@ucentralasia.org ё бо телефон/WhatsApp +996 770 822 901 (Қирғизистон) / +992 93 999 99 64 (Тоҷикистон) / +7 777 822 3948 (Қазоқистон) равона намоед.

Имтиҳони қабул ба ДОМ

Довталабоне, ки аз интихоби пешакии марҳилаи I гузаштаанд, ба имтиҳони қабул, ки 24 марти соли 2011 баргузор мегардад, даъват карда мешаванд. Ба довталаб тавассути почтаи электронӣ огоҳиномаи дахлдор, бо нишон додани рақами бақайдгирӣ, суроғаи маркази санҷишӣ ва вақти баргузоршавии имтиҳон ирсол карда мешавад. Имтиҳонро танҳо дар маркази санҷишии дар огоҳинома нишон додашуда супоридан мумкин аст. Имтиҳони қабул санҷишҳо аз риёзиёт, забони англисӣ ва мантиқро дарбар мегирад.

Барои гузаштан аз имтиҳони қабули ДОМ инҳоро пешниҳод бояд кард:

  • Рақами инфиродии бақайдгирии ариза
  • Нусхаи асли шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо сурат

Боргирии санҷиши озмоиш


МАРКАЗҲОИ ҚАБУЛИ ИМТИҲОНҲО *

Афғонистон: Шуғнон | Кобул | Файзобод
Қазоқистон: Алмаато | Астана | Тароз | Текели
Қирғизистон: Бишкек | Қарокӯл | Норин | Ош
Пакистон: Қарочӣ | Гилгит | Читрал | Исломобод
Сурия: Саломия
Тоҷикистон: Душанбе | Хоруғ | Хуҷанд | Кӯлоб

* Суроғаи марказҳои қабули имтиҳонҳо метавонад тағйир ёбад

Тавсияномаҳо ва дастгирии молиявӣ

Довталабоне, ки аз интихоби пешакии марҳилаи II мегузаранд, дар имтиҳони қабул холи баланд мегиранд, бояд то моҳи апрели соли 2019 тавсиянома ва варақаи пуркардашудаи ариза дар бораи дастгирии молиявиро пешниҳод кунанд. Як тавсиянома бояд аз омӯзгори риёзиёт ва як тавсиянома аз омӯзгори забони англисӣ гирифта шавад (беҳтараш бо забони англисӣ). Тавсияномаи омӯзгори риёзиёт метавонад бо забони русӣ бошад.

Дастгирии молиявӣ барои тамоми довталабони қабулшуда кафолат дода мешавад.
Маълумоти муфассал дар бораи идрорҳо, грантҳо ва боҷҳо

Семинарҳои муқаддимавӣ-шиносоӣ барои донишҷӯён дар моҳи август ва машғулиятҳо дар моҳи сентябр оғоз мешаванд.