Системаи онлайни қабули аризаҳои ДОМ

Доваталаби муҳтарам,

Дастурамали мазкур ба шумо имкон медиҳад, ки аризаи онлайнро барои дохил шудан ба Донишгоҳи Осиёи Марказӣ пур кунед.

Маслиҳатҳо

  1. Барои кор бо аризаи онлайн барои дохил шудан ба ДОМ мо ба шумо тавсия медиҳем, ки браузери Internet Explorer-ро истифода баред. Аризаро дар браузерҳои Firefox ё Google Chrome ҳам кушодан мумкин аст.
  2. Пеш аз оғози пуркунии ариза, бо талаботи қабул шинос шавед (талабот нисбати довталабон).
  3. Аагр шумо аллакай дар Сиcтемаи онлайн қабули аризаҳо қайд шуда бошед, Қадами 1-ро партофта гузаред.

Қадами 1: Бақайдгирии ҳисоб

  1. Шакли аризаи онлайн барои дозилшавӣ ба ДОМ-ро дар сомонаи донишгоҳ кушоед: www.ucentralasia.org/apply-online
  2. Тавассути пайванди мазкур шумо ба саҳифаи вуруд ба система мегузаред.Барои бақайдгирии ҳисоб "New User"-ро (“Корбари нав”) интихоб кунед, тавре ки дар Расми1 нишон дода шудааст.
  1. Дар сатри мувофиқ суроғаи почтаи электронӣ ва пароли худро ворид намуда, ҳисобро эҷод кунед.
  2. Пароли шумо бояд на камтар аз 7 аломат дошта бошад, аз ҷумла як аломати махсус (@, #, $, %) ва як рақам: (масалан, Bishkek@12).
  3. Тугмаи "Register"-ро ("Бақайдгирӣ") бо муш пахш кунед, ва ба суроғаи электронии нишондодаи шумо паём бо тасдиқи бақайдгирӣ фиристода мешавад. Агар шумо чунин паём нагиред, дар қутти почтаи электронии худ ҷузвдони Sjunk-ро ("Спам") тафтиш кунед.
  1. Мактуби тасдиқиро кушоед ва ба пайванди қабулшуда гузаред. Пас аз он шумо ба саҳифа вуруд ба система мегузаред (ниг. Расми 1).
  2. Суроғаи почтаи электронӣ ва пароли худро ворид кунед. Худи ҳамон суроға ва паролеро ворид кунед, ки ҳангоми бақайдгирӣ истифода бурдед (Расми 2). Бо муш тугмаи "Login"-ро ("Вуруд") пахш кунед.

ЭЗОҲ

Суроғаи почтаи электрониеро нишон диҳед, ки онро дар рафти тамоми ҷараёни дохилшавӣ ба донишгоҳ истифода мебаред.

Танҳо як суроғаи почтаи электрониро истифода бурда, танҳо як ҳисоб эҷод кунед.

Агар дар давоми якчанд соат пас аз бақайдгирӣ ба почтаи шумо мактуби тасдиқӣ наояд, метавлнед барои кумак ба мо муроҷиат намоед: apply@ucentralasia.org.

Қадами 2: Эҷоди саҳифаи шахсӣ

  1. Пас аз ворид шудан ба ҳисоби худ, дар экрансаҳифаҳои зерин пайдо мешаванд (ниг. расмҳои 3a ва 3b):
  1. Барои тартиб додани ариза маълумоти шахсии худро ворид намоед, Тавре ки дар Расми 3b нишон дода шудааст.

Агар дар равзанаи City/Town ("Шаҳр") аз рӯйхати пешниҳодшуда шаҳри худро пайдо накунед, номи онро ба таври дастӣ ворид кунед.

Тугмаи "Save"-ро ("Захира") бо муш пахш карда, ба саҳифаи навбатӣ гузаред.

  1. Саҳифаи New Application ("Аризаи нав") ба шумо имкон медиҳад, ки барнома ва кишвареро, ки барнома дар он пешниҳод карда мешавад, интихоб намоед.

Пас аз он ки барномаи бакалавриатро интихоб кардед, бо муш тугмаи "Create Application"-ро ("Эҷоди ариза") пахш кунед – система ба экран дархост оид ба тасдиқро мебарорад (ниг. Расми 4).

Агар шумо аз интихоби худ қаноатманд бошед тугмаи "Yes"-ро ("Ҳа") пахш кунед.

ЭЗОҲ

Пас аз он ки ариза эҷод карда шуд, онро дигар нест кардан мумкин нест.


Дар саҳифаи навбатӣ ба шумо пешниҳод карда мешавад, ки барномаи алтернативиро интихоб намуда, пас "Save & Next"-ро ("Захира ва гузариш ба саҳифаи навбатӣ") пахш кунед.

  1. Пас аз он ки барномаи алтернативиро интихоб кардед, шумо ба саҳифаҳои навбат мегузаред, ки дар онҳо маълумоти мувофиқро ворид кардан лозим аст.

Қадами I: Аттестатҳо и шаҳодатномаҳо

Дар ин саҳифа (Расми 6) шумо бояд тамоми аттестатҳо ва шаҳодатномаҳои худро нишон диҳед. Масалан:

  • аз синфи 11 дар қисми Certificate/degree ("Таҳсилот") оғоз намоед (масалан, "Аттестат дар бораи таҳсилоти миёна " ва ғайра).
  • номи муассисаи таҳсилотиеро нишон диҳед, ки аз он аттестат/шаҳодатномаро гирифтаед.
  • кишвареро нишон диҳед, ки дар он он аттестат/шаҳодатномаро гирифтаед.
  • санаи хатмро нишон диҳед.
  • баҳоҳои худро аз забони англисӣ ва риёзиёт нишон диҳед.

Агар баҳоҳои ҷамъбастӣ ҳоло гузошта нашуда бошанд, "Results Awaited"-ро ("Интизории натиҷаҳо") интихоб кунед.

Если вы хотите добавить еще один аттестат/сертификат, нажмите "Save & Add New Qualification". ("Сохранить и добавить аттестат/сертификат"). После этого в нижней части страницы появится таблица с указанными вами данными (проверьте правильность информации).

После того, как вы указали все полученные вами аттестаты/сертификаты, нажмите ""Save & Next"" ("Сохранить и перейти к следующей странице").

Система автоматически перейдет на следующую страницу.


Қадами II: курсҳои таҳсилотии иловагии хатмнамудаи худро нишон диҳед

Шумо на зиёда аз се курси таҳсилотии иловагиро нишон дода метавонед. Агар шумо ягон курси иловагӣ нагузашта бошед, танҳо "Save & Next"-ро ("Захира ва гузариш ба саҳифаи навбатӣ") пахш кунед.

Пас аз он ки курси иловагиро нишон додед, "Save & Add New Qualification"-ро ("Захира ва иловаи курс") пахш кунед. Пас аз он, дар қисми поёни саҳифа ҷадвал бо маълумоти нишондодаи шумо пайдо мешавад (дурустии маълумотро санҷед).

Пас аз он ки ҳамаи курсҳои иловагиро нишон додед, "Save & Next"-ро ("Захира ва гузариш ба саҳифаи навбатӣ") пахш кунед.

Система ба таври худкор ба саҳифаи навбатӣ мегузарад.


Қадами III: иштирок дар фаъолияти берун аз синфро (чорабиниҳои ҷамъиятиро) нишон диҳед:

Шумо на зиёда аз се чорабинии ҷамъиятиро нишон дода метавонед. Агар шумо дар ягон фаъолияти берун аз синф иштирок накарда бошед, танҳо "Save & Next"-ро ("Захира ва гузариш ба саҳифаи навбатӣ") пахш кунед.

Пас аз он ки фаъолияти берун аз синфро (чорабинии ҷамъиятиро) нишон додед, "Save & Add"-ро ("Захира ва илова") пахш кунед. Пас аз он, дар қисми поёни саҳифа ҷадвал бо маълумоти нишондодаи шумо пайдо мешавад (дурустии маълумотро санҷед).

Пас аз он ки тамоми фаъолияти берун аз синфро (чорабинии ҷамъиятиро) нишон додед, "Save & Next"-ро ("Захира ва гузариш ба саҳифаи навбатӣ") пахш кунед.

Система ба таври худкор ба саҳифаи навбатӣ мегузарад.


Қадами IV: маълумот дар бораи волидайн/сарпапрстонро нишон диҳед

Дар ин қисм на зиёд аз ду шахсро нишон додан мумкин аст.

Пас аз он ки маълумоти лозимиро ворид намудед ва мехоҳед, ки боз дар бораи як шахс маълумот илова кунед, "Save & Add New "-ро пахш кунед ("Захира ва илова"). Пас аз он, дар қисми поёни саҳифа ҷадвал бо маълумоти нишондодаи шумо пайдо мешавад (дурустии маълумотро санҷед).

Пас аз он ки тамоми маълумоти заруриро нишон додед, нажмите "Save & Next"-ро ("Захира ва гузариш ба саҳифаи навбатӣ") пахш кунед.

Система ба таври худкор ба саҳифаи навбатӣ мегузарад.


Қадами V: маълумот дар бораи иштирок дар барномаҳои дигарро нишон диҳед

Пас аз он ки тамоми барномаҳоеро, ки шумо дар онҳо иштирок кардаед ва донишгоҳҳои дигареро, ки ба онҳо дохил шуданиед, қайд намудед, "Save & Next"-ро пахш кунед ("Захира ва гузариш ба саҳифаи навбатӣ").

Система ба таври худкор ба саҳифаи навбатӣ мегузарад.


Қадами VI: Нишон диҳед, ки шумо имтиҳони хаттии қабул ба ДОМ*-ро дар куҷо супориданиед; дар бораи ДОМ аз куҷо фаҳмидед; инчунин қайд кунед, ки "Қоидаҳо ва шартҳо"-ро қабул мекунед.

Фиристодани ариза

Пеш аз фиристодани аризаи онлайн барои дохилшавӣ ба ДОМ-ро фиристед, шумо метавонед маълумоти дар он нишон додашударо ислоҳ кунед. Ворид кардани тағйирот ва илова намудани маълумот танҳо то фиристоданиаризаи онлайн имконпазир аст.

Пеш аз фиристодани ариза, лутфан, маълумоти дар саҳифаҳо қаблӣ нишон додашударо санҷед.

Пас аз санҷидани маълумот "Save"-ро ("Захира") пахш кунед.

Тугмаи "Submit"-ро ("Фиристодани ариза") пхш кунед. Пас аз он ба қутти почтаи электронии шумо мактуби тасдиқии мувофиқ бо нусхаи ариза фиристода мешавад.

Инчунин, шумо бояд ба суроғаи почтаи электронии apply@ucentralasia.org ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро фиристед. Рӯйхати ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи зарурӣ дар сомонаи https://ucentralasia.org/Admissions/Index/TJ дастрас аст.