Барномаи бакалавриат

Мактаби илмҳои гуманитарӣ ва дақиқи ДОМ барномаи бакалавриатро пешниҳод менамояд, ки ба донишҷӯён донишу малакаҳоеро таълим медиҳад, ки дар оянда ба онҳо барои татбиқ намудани бархӯрдҳои мухталиф ба ҳалли масъалаҳо ва ҷорӣ намудани ғояҳои навоварона дар арсаи касбӣ ва хизмати давлатӣ кӯмак хоҳад расонд.

Бархӯрди беназири мо ба таҳсилот ҷиҳатҳои зеринро ба ҳам мепайвандад:

  • маълумоти гуманитарӣ ва техникӣ, ки ташаккули фикрронии интиқодӣ, малакаҳои таҳлилӣ ва техникиро дар фанҳои гуногун имконпазир мегардонанд;
  • таълим дар самтҳои серталабот ва муосир дар асоси нақшаи таълимие, ки аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии пешбари ҷаҳонӣ таҳия шудааст;
  • таълим тавассути амалия, ки татбиқи донишҳои ба даст омадаро барои ҳалли мушкилоти воқеӣ имконпазир мегардонад.

РУШДИ АКАДЕМИИ ШУМО ДАР ДОМ

ДОМ имкон медиҳад, ки донишҷӯён аз рӯи тахассусҳои асосӣ ва иловагӣ таҳсилоти олӣ гиранд. Пас аз панҷ сол шумо ба унвони бакалаври илмҳои гумантарӣ (BA) ва бакалаври илмҳои табиӣ (BSc) соҳиб мешавед. ДОМ – аввалин донишгоҳ дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки гирифтани тахассуси асосӣ ва иловагиро дар асоси бархӯрди маҷмуӣ пешниҳод менамояд.

Вобаста аз тахассусҳои асосӣ ва иловагии интихобнамудаи худ, шумо дар яке аз шаҳракҳои донишҷӯёни донишгоҳ таҳсил ва зиндагӣ хоҳед кард: дар Норин, Қирғизистон (соли 2016 кушода шудааст); Хоруғ, Тоҷикистон (2017); ва Текели, Қазоқистон (2021), ва инчунин имкон доред, ки ҳадди ақал як семестрро дар шаҳраки дигар гузронед.

Барномаи таҷрибаомӯзии исетҳсолии мо ба шумо имкон медиҳад, ки дар доираи таҷрибаомӯзии тобистона дар ширкатҳои пешбар таҷрибаи корӣ ба даст оред.

Барои дастовардҳои шоён дар фаъолияти берун аз синф, комиссияи қабул метавонад якбора ба курси якум қабул кардани довталабро (бе гузаштани курси тайёрӣ) баррасӣ намояд.

"Маро бевосита ба курси якуми ДОМ қабул карданд. Ман дар ИМА аз рӯи барномаи FLEX таҳсил мекардам ва аз ин сабаб ин донишгоҳ барои ман беш аз ҳама мувофиқ буд. Дар Дом донишҷӯён ва омӯзгорони миллатҳои гуногун таҳсил мекунанд ва таълим медиҳанд. Ин муассисаи таҳсилотӣ имконоти навро пешниҳод менамояд, барномаи таълимии пурмуҳтавои он бошад махсусан барои Осиёи Марказӣ таҳия шудааст. Мо бо бозиҳои варзишӣ машғул мешавем, дар маҳфилҳо фаъолият дорем ва вақти худро хуш сипарӣ менамоем."

Фируза Хосабекова
Хоруғ, Тоҷикистон
Иртиботот ва ВАО, шаҳраки донишҷӯён дар Норине
Синфи 2022

НОРИН, ҚИРҒИЗИСТОН (2016)
ХОРУҒ, ТОҶИКИСТОН (2017)
ТЕКЕЛИ, ҚАЗОҚИСТОН (2021/2022)

Донишҷӯёне, ки ба ДОМ бо ихтисосҳои "Илми компютер" ва "Иртиботот ва ВАО" дохил мешаванд, дар шаҳраки донишҷӯён дар Норин, Қирғизистон таҳсил мекунанд.
Донишҷӯёне, ки ба ДОМ бо ихтисосҳоии "Иқтисод" ва "Илмҳо дар бораи замин ва муҳити зист", дохил мешаванд, дар шаҳраки донишҷӯён дар Хоруғ, Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Донишҷӯёне, ки ба ихтисосҳои "Илмҳои муҳандисиву техникӣ" ё "Тиҷорат ва идоракунӣ", мароқ доранд, дар шаҳраки донишҷӯён дар Текели, Қазоқистон, ки солҳои 2021/2022 кушода мешавад, таҳсил хоҳанд кард.

Шарикони академӣ

Дар доираи барномаи панҷсола донишҷӯёни ДОМ барномаи омӯзиши интенсивиро хатм мекунанд, ки дар якҷоягӣ бо коллеҷи Сенека дар Торонто, Канада таҳия карда шудааст. Барномаи таълимии ДОМ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Торонто, Канада (Илми компютер), Донишгоҳи Колумбияи Британӣ, Канада (Илмҳо дар бораи замин ва муҳити зист), Мактаби олии иқтисоди Донишгоҳи миллии таҳқиқотии Маскав ва Мактаби иқтисоди Стокголм / Рига, Латвия (Иқтисод) ва Донишгоҳи технологии Сидней, Австралия (Иртиботот ва ВАО) таҳия карда шудааст. Инчунин, ДОМ бо Донишгоҳи Виктория, Канада дар самти таҳияи барномаи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ҳамкорӣ дорад.

ДОМ барномаи панҷсолаи сохторноки бакалавриатро пешниҳод менамояд, ки аз ҷузъҳои зерин иборат аст:

  • курсҳои тайёрӣ, байнифаннӣ, таҳсилоти умумӣ ва курсҳои ҳатмӣ;
  • шаш ихтисоси асосӣ (ки онҳоро ба сифати ихтисосҳои иловагӣ низ интихоб кардан мумкин аст);
  • таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ.

"Омӯхтани ихтисоси асосӣ дар ДОМ – ин саргузашти фаромӯшнашуданист. Ба ман имконияти олии дар ду шаҳраки донишҷӯён таҳсил кардан ва шинос шудан бо гуногунии фарҳангии Қирғизистон ва Бадахшон муяссар гашт. Ин тобистон ман дар USAID таҷрибаомӯзӣ гузашта, бо мониторинг ва арзёбӣ машғул шудам. Ман ба ҷаҳони воқеии фаъолияти касбӣ ворид гаштам, дар бораи стандартҳои рафтори расмӣ, назария ва усулҳои таҳлили иттилоот ва инчунин ҷамъоварии маълумот чизҳои зиёдро омӯхтам."

Озар Аинӣ
Душанбе, Тоҷикистон
Илми компютер, шаҳраки донишҷӯён дар Норин
Синфи 2021

БАРНОМАИ ТАЙЁРӢ

Дар соли аввали бакалавриати ДОМ ҳамаи донишҷӯён аз рӯи барномаи тайёрӣ таҳсил мекунанд, ки бо назардошти стандартҳои байналмилалии эътирофшуда таҳия шудааст. Он ба пайдо намудани донишу малакаҳои заминавӣ, ки барои таҳсили бомуваффақият дар муҳити таълимӣ бо забони англисӣ зарур мебошанд равона шудааст. Барнома курсҳои забони англисӣ, риёзиёт ва илмҳои табиатшиносиро дарбар мегирад.


ИХТИСОСҲОИ АСОСӢ ДАР БАРНОМАИ БАКАЛВРИАТИ ДОМ

«Илми компютер», бакалаври илм
Ба технологияҳои сатҳи баланд мароқ дорӣ ва мехоҳӣ ки ҷузъи саноати рушдкунандаи минтақа бошӣ? Чунин меҳисобӣ, ки аксар мушкилотро тавассути технологияҳои муосир ҳал намудан мумкин аст? Мехоҳӣ ба онҳо дастрасӣ дошта бошӣ? Ба рушди сифатҳои техникӣ ва пешсафӣ рағбат дорӣ? Он гоҳ барномаи «Илми компютер» барои туст.

«Иртиботот ва ВАО», бакалаври санъат
Ту истеъдоди модарзоди нотиқӣ дорӣ? Мехоҳӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои дигари ахбори омма ба вазъ таъсир расонӣ? Имкони пурзӯр шудани нақши ВАО дар Осиёи Марказиро мушоҳида менамоӣ? Мехоҳӣ тарзи хабаргузорӣ дар бораи ҳодисаҳои дар минтақа ба амал ояндаро тағйир диҳӣ? Дар ин маврид, барномаи «Иртиботот ва ВАО» барои туст.

«Илмҳо дар бораи Замин ва муҳити зист», бакалаври илм
Ба омӯзиши муҳити зист шавқ дорӣ. Дар бораи роҳҳои беҳтар кардани тадбирҳои ҳифзи табиат фикру андешаҳо дорӣ? Захираҳои табиии беназири Осиёи Марказиро маҳфуз доштан мехоҳӣ? Татбиқи консепсияҳои илмиро барои ҳалли масъалаҳои воқеӣ авлотар мешуморӣ? Он гоҳ барномаи «Илмҳо дар бораи Замин ва муҳити зист» - барои туст.

«Иқтисод», бакалаври санъат
Мехоҳӣ соҳибкори муваффақ бошӣ ва ба рушди иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ саҳм гузорӣ? Ба ақидаи ту, самаранокии муассисаҳои давлатиро баланд бардоштан ва сиёсати иқтисодии оқилонаро пеш бурдан зарур аст? Нақши кишварҳои Осиёи Марказӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ бароят бетафовут нест? Он гоҳ барномаи «Иқтисод» барои туст.

«Илмҳои муҳандисӣ ва техникӣ», бакалаври илм (кушодашавӣ дар солҳои 2021/2022 пешбинӣ шудааст)
Барои шумо ҳал кардани масъалаҳо ва донистани сохтори механизмҳо писанд аст? Ту фикр мекунӣ, ки барои такмил додани кори онҳо чӣ кор кардан мумкин аст? Татбиқи консепсияҳои илмиро барои ҳалли масъалаҳои воқеӣ авлотар мешуморӣ? Доимо дар ҷустуҷӯи усулҳои нави ҳалли масъалаҳои мураккаб мебошӣ? Он гоҳ, барномаи «Илмҳои муҳандисӣ ва техникӣ» барои туст.

«Тиҷорат ва идоракунӣ», бакалаври санъат (кушодашавӣ дар солҳои 2021/2022 пешбинӣ шудааст)
Мехоҳӣ дар ҷаҳони тиҷорат пешсаф бошӣ? Аллакай дар бораи стартапи шахсии худ фикру ақидаҳо дорӣ? Ба ту малакаҳо барои мусоидат ба иқтисоди Осиёи Марказӣ лозиманд? Он гоҳ барномаи «Тиҷорат ва идоракунӣ» барои туст.

ИХТИСОСҲОИ ИЛОВАГИИ БАРНОМАИ БАКАЛАВРИАТИ ДОМ

Ба ғайр аз ихтисоси асосӣ шумо бояд барои худ самти таҳсили иловагӣ ё дуюмдараҷаро интихоб намоед. Ихтисоси иловагӣ ба шумо донишу малакаҳое медиҳад, ки барои ихтисоси иловагии шумо муфиданд. Он таҳсилоти шуморо ҳамаҷониба мегардонад ва имкон медиҳад, ки ба вазъҳои гуногун дар соҳаҳои касбӣ ва ҷамъиятӣ мутобиқ шавед. Дар шароити муосири иқтисоди ҷаҳонӣ таҳсилоти дар як тахассуси маҳдуд тадриҷан маъруфияти худро аз даст медиҳад. Корфармоён дар тамоми ҷаҳон мутахассисони ҷавонеро дидан мехоҳанд, ки дар як вақт дорои ихтисоси асосӣ ва ёрирасон мебошанд.

Донишҷӯён метавонанд яке аз шаш ихтисосҳои иловагиро интихоб намоянд. Масалан, донишҷӯ, ки дар Норин (Қирғизистон) таҳсил мекунад, метавонад ихтисоси иловагиро дар Хоруғ (Тоҷикистон) ё Текели (Қазоқистон) омӯзад.

- Илми компютер
- Иртиботот ва ВАО
- Илмҳо дар бораи Замин ва муҳити зист
- Иқтисод
- Илмҳои муҳандисӣ ва техникӣ (кушодашавӣ дар солҳои 2021/2022 пешбинӣ шудааст)
- Тиҷорат ва идоракунӣ (кушодашавӣ дар солҳои 2021/2022 пешбинӣ шудааст)

БАРНОМАИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ ИСТЕҲСОЛӢ

Барномаи таҷрибаомӯзии истеҳсолии ДОМ – таҳсили бо кор ҳамҷояшуда аст. Донишҷӯён метавонанд дар ҳаёти воқеӣ (дар фаъолияти касбӣ, ки бо ихтисоси интихобкардаашон алоқаманд аст, хоҳ дар бахши давлатӣ ва хоҳ дар бахши шаҳрвандӣ) донишҳои дар синфхона омӯхтаи худро татбиқ намоянд. Ин ба донишҷӯён барои минбаъд ноил гаштан ба муваффақиятҳо дар фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва касбӣ пас аз хатми донишгоҳ кумак мерасонад. Барномаи таҷрибаомӯзии истеҳсолии ДОМ дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи Виктория (Канада) таҳия шудааст.

Барнома барои донишҷӯёни бакалавриати ДОМ ҳатмӣ мебошад. Ин бархӯрди инноватсионӣ ба донишҷӯён имконияти ошно шудан бо муҳити корӣ дар дохили кишвар ва дар хориҷ аз онро фароҳам меорад. Барои ин, дар доираи барномаи таҳсилотии панҷсолаи донишҷӯён е сол пайдарҳам (дар давраи тобистон) барои кор ба ташкилотҳои бо касби онҳо мувофиқ равона карда мешаванд. Таълим дар рафти тамоми раванд сурат мегирад, ки аз ҷустуҷӯи кор, ба даст овардани малакаҳои арзишманди муоширати байнишахсӣ, таҷрибаомӯзи дар ҷои корӣ ва инчунин, иштирок дар таҳқиқоти саҳроӣ ва баҳодиҳии якҷояи пешрафти донишҷӯён иборат аст.
> Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи Барномаи таҷрибаомӯзии истеҳсолии ДОМ ин пайвандро пахш кунед


Имкониятҳои илимиву таҳқиқотӣ

Дар ДОМ барои шумо имкониятҳои фарохи академӣ боз кардани зарфияти илмӣ кушода мешаванд. Шумо метавонед бо коршиносон дар самти таҳқиқоти илмӣ ҳамкорӣ кунед, ба иттилооти донишкадаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва марказҳои таълимии ДОМ озодона дастрасӣ пайдо кунед. Метавонед бо олимони варзида мақолаҳои муштарак таҳия ва нашр намоед, ҳангоми омода кардани кори дипломӣ машварат гиред, усулҳои бархӯрди байнифанниро дар амал татбиқ кунед ва таҳқиқоти худро гузаронед.