Суханронии Мирзонабот Мирзонаботов, намояндаи донишҷӯён дар маросими ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ

Date: 14 September 2018
Other languages: English | Русский язык |

Суханронии
Мирзонабот Мирзонаботов, намояндаи донишҷӯён

Макон

Маросими ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ, Тоҷикистон
14-уми сентябри соли 2018

Иттилооти марбута

Иттилоияи расмӣ (англисӣтоҷикӣ)
Выступление Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона (англисӣтоҷикӣ)
Суханронии доктор Шамш Кассим-Лакҳа, Раиси Шӯрои парасторони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (англисӣрусӣ)
Суханронии Зайнаб Муборакшоева, намояндаи донишҷӯён (англисӣрусӣтоҷикӣ)
Мавод барои хондан: Донишгоҳи Осиёи Марказӣ – Таваллуди донишгоҳи рушд (англисӣ/тоҷикӣ)
Аксҳо: Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ (англисӣрусӣ)
Видео: Лаҳзаҳо аз маросими ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ (англисӣ)










Мирзонабот Мирзонаботов, намояндаи донишҷӯён ҳангоми суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ.




Асосугузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Шӯрои Парасторон, Доктор Шамш Кассим Лакҳа
Меҳмонони муҳтарам, 

Номи ман Мирзонабот Мирзонаботов ва ман аз деҳаи Зонги ноҳияи Ишкошим ҳастам. Аз фурсат истифода бурда, ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Истиқлолият табрик мегӯям. 

Ман хеле хушҳолам, ки дар ин рӯзи таърихӣ, дар ин маросими таърихӣ аз ин минбар аз номи ҳамсабақони худ суханронӣ мекунам. Баъд аз он рӯзе, ки ман номаи Донишгоҳи Осиёи Марказиро дар бораи дохил шудан гирифтам, Донишгоҳ маро ҳамчун узви оилаи худ пазируфт. Шароити тахсил дар Донишгоҳ  аз мо донишҷўён  ба таври комил аз худ намудани тамоми барномаҳои таҳсилро таќозо мекунад. Рўзҳои аввали таҳсил собит намуданд, ки бе таваҷҷўҳи махсусу масъулиятнок  ба таҳсил расидан ба ќуллаи маќсуд  имконнопазир аст. Аз ин рў, мо донишҷўён ба Шумо Ҷаноби Олӣ ҳамчун Ҳомии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ваъда медиҳем, ки баъд аз хатми Донишгоҳ  ба Ватани азизамон содиќона хизмат намуда онро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунем.    

Ҳоло иҷозат диҳед, ки интизороти худро аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба шумо бигӯям. Ман интизор дорам, ки бо гузашти солҳо Донишгоҳи мо мутахассисони соҳибкасбро омода мекунад, ки минбаъд метавонанд пайвандгари муносибатҳои судманди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва  ҷаҳон гарданд.  

Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам  ба Асосугузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва Ҳомии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ,Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва  Волоҳазрат Оғохон барои таъсиси ин Донишгоҳ  изҳори сипос кунам.  

Ташаккури зиёд!

This website uses cookies
Cookies are small text files held on your computer. They allow us to give you the best browsing experience possible and mean we can understand how you use our site.
Some cookies have already been set. You can delete and block cookies but parts of our site won't work without them.
By using our website you accept our use of cookies.
No, I want to find out more Yes, I agree