Дар Душанбе китобҳои нодире оид ба мероси фарҳангии мардумони Осиёи Марказӣ муаррифӣ шуданд

Date: 03 March 2020
Other languages: English | Русский язык |
 Дар яке аз рӯзњои охирини зимистон, Қурбон Аламшоев (як нафар рўзноманигор ва нависанда) танҳо ба хотири як китоб роҳи тӯлониеро аз вилояти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанберо тай кард. «Вақте ки ман ин хабарро аз расонањо хондам, воќеан хеле шод шудам, ки дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ китобҳое пешкаш мешаванд, ки дар онҳо бознашри асарҳои чопшудаи шарқшиноси машҳур Михаил Андреев «Тоҷикони водии Хуф» низ шомил гардидааст. Ин асар кайҳо боз чун китоби нодир ва камёфти библиографӣ ҳисобида мешуд ва дар тасаввури бисёре аз мардуми мо эњсоси хатаре вуљуд дошт, ки шояд ин китоб ба зўдї тамоман аз байн хоҳад рафт" -мегӯяд Аламшоев. - Ҳамчун рӯзноманигор ва муњаќќиќ, ки солҳои тӯлонӣ бойгонии Андреевро меомӯзам, ман кори бузургеро, ки Донишгоњбарои чопи ин китоб анҷом додааст, метавонам қадр кунам. Ин аз нияти ҷиддии Донишгоњи Осиёи Марказї оид ба барқарор кардани мероси пурарзиши маънавї, мардумшиносї (этнографӣ) шаҳодат медиҳад.”
 
29 феврали соли 2020, Шуъбаи мероси фарҳангӣ ва улуми башарии (ШМФУБ) Донишгоҳи Осиёи Марказӣ муаррифии навгонињое аз силсилаи китобњои "Мероси фарҳангӣ" -ро пешкаш намуд. Чорабинӣ дар Маркази Исмоилияи Душанбе, дар Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он зиёда аз 200 намояндагони ҷомеаи маданї, илмӣ, сафоратхонањо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва мақомоти давлатӣ иштирок карданд.
 
Дар баробари китоби “Тоҷикони водии Хуф” -и Михаил Андреев ба меҳмонон боз ду китоби дигар, аз љумла, “Маджи Андрей Евлампиевич: Ним асри таҳқиқоти илмӣ дар Осиёи Марказӣ” (аз ҷониби Виктор Дубовицкий) ва “Сафарномаи меъморӣ” дар асоси "Сафарнома" Насир Хусрав (муаллиф Мунаввар Мамадназаров) таќдим шуданд.
 
"Кишварҳои Осиёи Марказӣ арзишњое доранд, ки омӯзиш ва идома додани суннати олимони бузурги гузаштаро барои интиқоли оќилонаи мероси илмии худ ба давраи оянда талаб мекунанд", гуфт Богдан Кравченко, декани Мактаби олии рушди Донишгоњи Осиёи Марказї. Донишгоњи мо тайи чандин сол аст, ки бо Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад ва ин ҳамкорӣ хеле муваффақона рушд меёбад. Бойгонии Академия Илмњо ганљури маводҳои бебањое аст, ки ният дорем, ки бо истифодаи технологияи муосир ва рақамӣ кардан ин мерос ҳифз ва ба ҷаҳониён пешкаш карда мешаванд. Аҳамияти омӯзиш ва нашри ин маводи арзишмандро набояд нодида гирифт» -таъкид кард Б.Кравченко.
 
Ғайр аз он, доктор Кравченко қайд кард, ки соли гузашта Шӯъбаи мероси фарҳангӣ ва гуманитарӣ як қатор нашрияҳои илмиро оғоз намуд, ки ҳадафи онҳо бунёди як маҷаллаи мукаммали илмӣ мебошад, ки дар он олимони минтақа метавонанд асарҳои худро нашр кунанд ва ба захираҳои илмии онҳо доираи васеъи мардум дастрасї дошта бошанд.
Шумо метавонед нашрияҳоро ройгон дар сайти Донишгоњ пайдо бикунед: https://ucentralasia.org/Research/ResearchPapers/RU
 
Ба гуфти мудири Шуъбаи мероси фарҳангӣ ва улуми башарии Мактаби олии Рушди Донишгоњ доктор Элмира Кочумкулова мақсади асосии силсилаи китобҳои "Мероси фарҳангӣ" ин мусоидат ба ҳифз ва тарғиби таърих ва фарҳанги бою гуногунҷанбаи мардумони Осиёи Марказӣ мебошад. Дар тӯли 12 соли охир Донишгоњи Осиёи Марказї 20 китоби арзишмандеро таҳия кард, ки онњо натиҷаҳои тадқиқот дар бораи маконҳои меъморӣ ва бостоншиносӣ, анъанаҳо, мусиқӣ ва санъати шифоҳии мардумони кўњистонњои Помир ва Тян-Шон мебошанд".


This website uses cookies
Cookies are small text files held on your computer. They allow us to give you the best browsing experience possible and mean we can understand how you use our site.
Some cookies have already been set. You can delete and block cookies but parts of our site won't work without them.
By using our website you accept our use of cookies.
Yes, I agree No, I want to find out more